Нақлиёти ҷамъиятӣ имрӯзҳо як ҷузъи ҷудонашавандаи рӯзгори мардум гардидааст. Айни ҳол ҳудуди 24 ширкати мусофиркашон дар шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он ба қайд гирифта шудаанд. Мардум ҳамарӯза аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебаранд, вале аксар аз тарзи кору рафтори ронанда ва кондукторҳо норозигӣ баён мекунанд.

Соли 2017 дар бораи он ки нақлиёти мусофиркашон бояд танҳо дар истгоҳҳо таваққуф намоянд, қарор қабул гардида буд. Мувофиқи ин қарор ронандагони мусофиркашҳо вазифадор буданд, то мусофиронро дар истгоҳҳо фароранд ва танҳо аз истгоҳ мусофир гиранд. Аммо имрӯз ин қарор дигар аз тарафи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ иҷро намегардад. Кондукторҳои ин мусофиркашонҳо бошанд, то ҳол бо овози баланду муомилаи дағали худ мардумро ба дод овардаанд.

Ҳамарӯза даҳҳо ҳолати риоя нашудани қоидаи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ба назар мерасад. Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душнанбе маҷмуан 148 786 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст, ки 27 661 адади онҳо ба таври дағалона аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ содир карда шудааст.

Имрӯз аксар воситаҳои нақлиёт дар пиёдагардҳо таваққуф намуда, боиси халалдор сохтани ҳаракати пиёдагард ва сар задани ҳолатҳои садамавӣ мегарданд. Ин амал натанҳо аз ҷониби воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, балки аз ҷониби таксиҳо низ бисёр ба назар мерасад.

Замоне шудааст, ки барои гузаштани роҳи пиёдагард шахс ним соат зиёд вақт интизорӣ кашидааст, то ин ки ронандаҳо ба ӯ роҳ диҳанд. Шахсе аз он сабаб, ки ронанда мошинро дар роҳи пиёдагард қарор дод, бо ӯ ҷанҷол намуда, рақамҳои мошинро акс гирифт. Дар оқибат ронанда чӣ дашноме, ки медонист, ба суроғаи он мард равона сохт. Агар мардум ӯро ба рафтан маҷбур намекарданд, ронанда омода буд барои ин кор он мардро ҷазо диҳад. Дар ҳоле, ки худи ронанда ба ин ҳама гунаҳкор аст.

Яке аз сокинон бо шиква аз кори нақлиёт ба мо чунин гуфт: “Аз дасти инҳо дигар наметавонӣ дар роҳ истӣ. Ҳар лаҳза кондукторҳо тарафат дод мегӯянд, ки “фалон ҷо меравӣ???”. Дигар бо ҳамин минвол ҳам вақти туро мегиранд, ҳам нақлиёте, ки интизораш будӣ, аз назди ту гузашта меравад”.

Нақлиёти ҷамъиятӣ набояд аз курсиҳои нишаст зиёд одам гиранд. Аммо ин ҳамаро то ба ҳол ронандагон ба назар намегиранд. Ҳангоми аз пеш баромадани корманди бозрасии автомобилӣ ронанда аз мусофирон хоҳиш мекунад, то ба ҷои худ нишинанду ӯ аз об хушк барояд.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here