Ё чаро бештар ҷавонон ба ВИЧ/СПИД гирифтор мешаванд?

… Онҳо парвои касе надоштанд. Гӯё олами атроф барояшон вуҷуд надошт. Мисли гули “Ошиқи печон” ба ҳамдигар печида, аз лабони ҳамдигар бӯсаи гарм мегирифтанд. Ҷавон буданд, ҷавонӣ мекарданд, лек аз ҷавобгарӣ бехабар буданд…

Падидаи манфие, ки ҷомеаи имрӯзро фаро гирифтааст, ин даст ба кирдорҳои ношоям ва фаҳшу фуҷур задани ҷавонон аст. Ҳамарӯза шоҳиди ҳодисаҳое мешавем, ки касро ба ҳайрат меоранд. Чанде қабл ҳафтаномаи “Тоҷикистон” маводе ба нашр расонд, ки дар он оиди ба бемории ВИЧ/СПИД гирифтор кардани 5 мард аз ҷониби 1 зан дар шаҳри Хуҷанд гуфта мешуд. Пас аз чанде ин нашрия аз шаҳри Норак низ иттилое нашр кард, ки боз 1 зан 16 мардро гирифтори ин беморӣ кардааст. Ин гуна хабарҳоро шунида, кас ангушти ҳайрат мегазад.

Ҳамарӯза дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ шоҳиди саҳнаҳое шудан мумкин аст, ки гӯё аз як ҷиҳат “фараҳбахш” бошанд. Охир, дидани “висол”-и дилдодагону дилбохтагон ба ҳар кас шавқовар аст. Ин гуна ҳолатро натанҳо дар боғҳо, балки дар саҳни донишгоҳҳо, зери дарахтҳо, таҳи девор ва хуллас дар ҳама ҷои “хилват” дидан мумкин аст. “Кабӯтарони ҷуфт” паст-паст байни ҳам гуфтугӯ карда, рози дил ифшо мекунанд, механданд, ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд ва гоҳо мебӯсанд. Бале, кушоду равшан, ба гуфти кампиракҳо, “бе пушт-пушт” мебӯсанд. Ин гуна намоишҳоро бахусус дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” бараъло мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳар нисфирӯзӣ, бегоҳӣ нишастгоҳу айвончаи ин боғро “ҷуфтҳои муносиб” макони хеш қарор медиҳанд. Аз наздашон даҳҳо кӯдакону наврасон, ҷавонону калонсолон гузар кунанд ҳам, заррае аҳамият намедиҳанд. Гӯё ба дунёи дигаре ворид шудаанду аз дунёи ҳақиқӣ парвое надоранд.

Мақсади аз овардани ин саҳнаҳо ба иззати нафси ҷавонон расидан нест. Балки то куҷо риоя шудани ин нағмапардозиҳои онҳост. Зеро нафси инсонӣ бетаг аст ва ҳар қадар он қонеъ гардад, ҳамон қадар талаб мекунад. Ҷавонон дар аввал ба “тоб” додану рақами телефони “химчамиён”-ҳоро гирифтан қонеъ мешаванд. Чун диданд, ки “кабк” ба “дом” афтод, ба гирифтани дасташ моил мегарданд. Оҳиста ба сайругашт, ба вохӯрӣ даъват мекунанд. Бе ҳеҷ шакку шубҳа саҳнаҳои болоӣ дар ин гуна мавридҳо низ такрор меёбанд. Ва номаълум аст, ки ин “намоиш” бо ҳамин ба анҷом мерасад ва ё идомаи пасисаҳнавӣ низ дорад. Хонандаи ҳушманд аллакай дарк кард, ки мо чиро дар назар дорем. Албатта, ки муносибатҳои маҳрамонаро.

Чанде қабл байни донишҷӯён овозае паҳн гашт, ки дар хобгоҳи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи пойтахт нисфишабӣ ҷавоне аз ҳуҷраи духтарон тариқи пешайвон фирор карданӣ шудааст. Аммо маъмурияти хобгоҳ тариқи камераҳои назоратӣ ин ҳодисаро саривақт мушоҳида карда, ҷавонро зуд дастгир намудаанд. Зимни пурсиш маълум гардидааст, ки духтар худ ҷавонро ба хобгоҳ даъват карда, роҳи ворид шудану фирор карданро пешакӣ фаҳмонида будааст. Ҳар ду дастгиршудагон — ҷавону духтар аз як донишгоҳ будаанд. Пас аз ин қазия ҷавон аз донишгоҳ ронда шуда, духтарро аз хобгоҳ пеш кардаанд. Аммо оид ба ин ҳодиса маъмурияти донишгоҳи мазкур ягон иттилоъ расонаӣ накардааст.

Ин гуна воқеа ҳамарӯза дар саросари кишвар рух медиҳад ва теъдоди он низ номуайян аст. Аммо суоле ба миён меояд, ки он бо чӣ анҷом меёбад? Оё ягон пайомади манфӣ дорад ё на?

Мувофиқи омори расмӣ, то 30-юми сентябри соли 2019 дар саросари кишвар 11762 нафар гирифторони бемории ВИЧ/СПИД ба қайд гирифта шудаанд, ки 7035 (60%) нафарашонро шахсони аз синни 19 то 39-сола ташкил медиҳад. Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ бошад, 1095 нафар гирифтори ин беморӣ гардидаанд. Боиси таассуф аст, ки аз теъдоди гирифторшудагон 6601 (56%) нафар бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба ин беморӣ мубтало гардидаанд. Аз байни сироятшудагон 7576 нафар (64,5%)-ро мардҳо ва 4186 нафар ( 35,6%)-ро занҳо ташкил медиҳанд.

Акнун лаҳзаи “сукут” эълон мекунему сари ин масъала чуқур меандешем. Ҳаёти ин қадар марду зан, писару духтар бо як лаҳзаи фароғат ва хушҳолӣ ба боди фано рафт. ВИЧ/СПИД беморие нест, ки бо чанд дору хӯрдану дар беморхона бистарӣ шудан табобат шавад. Ин аслан беморӣ ҳам нест, балки пешвози марг аст.

Боз лаҳзаи “сукут” эълон мекунем. Қудрату мардии ин қадар шербачаҳо ба боди фано рафт. Онҳо дигар асои дасти падару модар, такягоҳи волидайн нестанд. Дигар онҳо оилаи солим бунёд карда наметавонанд, рӯи фарзандро намебинанд. Гӯё аз дунё беному нишон мераванд.

Ва боз як лаҳзаи “сукут” эълон мекунем. Ин қадар гулдухтар дар айёми шукуфтанҳои умр пажмурда шуданд. Ҳарчанд пажмурдагии онҳо анҷоми ҳаёт нест, бо вуҷуди ин, дигар рӯзгори осоиштаро насиб гаштанашон амри маҳол аст. Онҳо дигар “гулҳои ношамида” нестанд. Балки “навдаҳои бе гул ғӯррабаста”-анд.

Биёед, андеша мекунем, сари як масъала қарор мегирем ва ба ин амалҳо хотима мебахшем. Чӣ гуфтед?!

Амони МУҲАММАД

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here