Собиқ раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон чӣ тавр “говсуд” шуд?

Парвандаи Сайфиддин Назарзода шабоҳатҳое ба “хон”-ҳои Рустаму Исфандиёри “Шоҳнома” дорад. Танҳо фарқ ин аст, ки агар заминаҳои пирӯзии ҳақиқат ва адолати қаҳрамонони устураӣ ба салоҳдиди Фирдавсии бузург буд, мағлубияти собиқ раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистонро на қонунгузорӣ, балки воқеиятҳои талхи низоми адолати судӣ дар Тоҷикистон муайян карданд. Аз ин хотир, бо тамоми ҳақиқате, ки Сайфиддин Назарзода дошт, ҳеҷ ба адолат нарасид…
Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) парвандаҳои баҳсангези зиёдеро дидаву таҳқиқ кардааст, аммо он чӣ ҳангоми пайгирии ин парванда ошкор шуд, болотар аз як “кашфиёт” дар низоми адолати судии Тоҷикистон аст. Шояд ягона парвандае бошад, ки ҳеҷ кадом ваҷҳаш асос надорад ва ягон гуноҳаш исбот! МТЖТ ҳуқуқи маънавии гузаштан аз канори онро надошт…

28-уми сентябри соли 2017 Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сайфиддин Назарзода, собиқ мудири Китобхонаи миллиро ба пардохти 12,5 ҳазор (ҳудуди 1,5 ҳазор доллар) ва қудои ӯ — Тоҷиддин Ҳабибуллоев, як собиқадори меҳнатро ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Ҳарду аз рӯи моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон — риоя накардани қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гунаҳкор дониста шуданд. Аммо ҳарду худро айбдор нашумурда, парвандаро “сохта” ва баррасии онро “ғайримунсифона” хонданд. Ба Суди шаҳри Душанбе шикоят бурданд, ки қарорро тағйир надод. Аризаи онҳо ҳоло дар Суди Олии Тоҷикистон баррасӣ мешавад…
Қисса ба соли 2017 бармегардад. 29-уми июл дар тарабхонаи “Сарез”-и шаҳри Душанбе оши никоҳ ва 30-юми июл дар тарабхонаи «Шоира-люкс» базми тӯйи арӯсии писари Назарзода — Фирдавс ва духтари Ҳабибуллоев — Ҳусноро баргузор шуд. 1-уми август Назарзодаро ба Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (минбаъд — Агентӣ) даъват карда, ӯро ба нақзи Қонуни танзим муттаҳам карданд. Он ҷо ӯ фаҳмид, ки қудояшро низ ба ҷавобгарӣ кашидаанд…
Аз ҳамон рӯз то ба ҳол, Сайфиддин Назарзода, вакили маҷлиси шаҳри Душанбе, доктори илми филология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омадааст, ки дар ба дари мақомот гашта, на фақат бегуноҳӣ, балки сохтакорӣ будани парванда алайҳи худро исбот кунад.

“Сари калоба”
Ин парванда аз як санади хурде шуруъ мешавад, ки 29-уми июл (дар асл 1-уми август) бо имзои ду масъули агентӣ — Парвиз Одинамаҳмадзода, сарнозир ва Ҳасан Розиқзода, нозири калони Сарраёсати пешгирии коррупсия, ҳамчунин ду иштирокчӣ — Ҷамшед Қодиров ва Фахриддин Ҷумаев (сокинони шаҳри Душанбе) тартиб дода шудааст. Дар ин санад омадааст, ки ҳангоми гузаронидани маъракаи оши никоҳи фарзандаш Сайфиддин Назарзода 40 кг биринҷ андохта, зиёда аз 300 меҳмонро аз соати 8:00 то 11:00 қабул намудааст. Бино ба он, тамоми маҳсулоти оши никоҳ ва ҳаққи хизмати тарабхонаи «Сарез»-ро худи Сайфиддин Назарзода пардохт карда, аммо иҷозатномаи маърака ба номи қудояш Тоҷиддин Ҳабибуллоев гирифта шудааст.
Ҳамин тавр, Сайфиддин Назарзода ва қудояш барои нақзи моддаи 10-и Қонуни танзим муттаҳам шуданд. Агентӣ барои собит кардани ин иттиҳом баёноти Бухорӣ Аҳёев, маъмур ва Аҳтам Насриддинов, ошпази тарабхонаи «Сарез» ва ҳам сабти видеоӣ аз маъракаро замима карда, 3-юми август санадро ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон (минбаъд — Кумитаи дин) — нозири асосии иҷроиши Қонуни танзим пешниҳод кард.
Кумитаи дин низ ба умқи мавзуъ нарафт. Бар асоси бандҳои 1 ва 2-и моддаи 84-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (минбаъд — КМҲМ) протокол ва қарор бароварда, парванда боз кард. 8-уми августи соли 2017 телевизиони Тоҷикистон дар пайи Агентиву Кумитаи дин низ бидуни ҳеҷ мӯшикофӣ ва ҳалномаи суд як гузоришеро пахш карда, дар он Сайфиддин Назарзода, як чеҳраи оммавиро ба нақзи Қонуни танзим муттаҳам намуд.
Ба хотири дифоъ аз шаъну шараф ва эътибори шахсӣ Назарзода ба раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мактуб навишт. Аммо кор ранги дигар гирифт. Назарзода мегӯяд: “Рӯзи 15-уми август ёрдамчии Президент оид ба кадрҳо ба ман занг зад, ки соати 10:00 дар толори умумӣ кормандонро ҷамъ кунам. Асадулло Раҳмон, сарвари шуъбаи кадри Дастгоҳи Президент ва Абдусалом Мирализода ба Китобхона омаданд. Асадулло Раҳмон ҷаласаи кӯтоҳе гузаронд, сипас амри Президент дар бораи барканории банда ва таъини Мирализода ба ҳайси мудирро эълон кард. Аз камбудиҳои Китобхонаи миллӣ танҳо аз чанд дарахте гуфт, ки гӯё аз бефаъолиятии банда хушк шуда бошанд. Ин ниҳолҳоро аз Боғи Рӯдакӣ хушк оварда буданд, ки дар ҷойи нав сабз нашуданд. Санади зарурии онро ҳам таҳия карда будем. Ба банда сухан доданд. Аз роҳбарият ва махсусан Президенти кишвар ташаккур ва аз кормандон хоҳиш кардам, ки роҳбари нави Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар татбиқи сиёсати фарҳангии ҳукумат дастгирӣ кунанд. Ин як ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Аввал даступо хӯрдам. Қариб ду ҳафта сари калобаи худро гум кардам…”.
Дар асл ин зарбаи дуюм ба Назарзода буд. Ӯ ҳанӯз ҳам дарк намекард, ки чӣ мегузарад. Агентӣ кори худро анҷом дод. Кумитаи дин жарф нарафт. Назарзода ҳамоно бар ин буд, ки ин як сӯитафоҳум аст. Охирин умедро ба суд баст. Профессор намедонист, ки “армуғону муъҷизаҳо” ҳанӯз дар пешанд.

“Вакили халқ”
Як вакили дифоъ ба номи Зафар Ҳафизовро ба парвандаи худ ҷалб кард. Аммо мавсуф пас аз ҳамон рӯзи мурофиаи аввал дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ғайб зад. То ҳол хабаре аз ӯ нест. Назарзода маҷбур шуд худ худро ҳимоят кунад. Судя Хуршед Исозода ба ӯ иҷозаи ошноӣ бо сабтҳои видеоии Агентиро надод, ба ин далел ки ҳама наворҳо аз тӯйи худи ӯянд. Судя баъди ду мурофиа огоҳ шуд, ки Назарзода вакили халқи Маҷлиси шаҳри Душанбе аст ва инро Агентӣ ва Кумитаи дин намедонистаанд! Парвандаро ба Кумитаи дин баргардонд. Азизулло Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дин, иштибоҳи худу кормандонашро ба сари Назарзода зад, ки огоҳ накардааст: тибқи Қонун ҳар парвандаи марбут ба вакили халқро прокуратура баррасӣ мекунад!
Ин ҷо “роҳ”-и қудоён ба суд ҷудо шуд. Парвандаи Ҳабибуллоев дар Кумитаи дин монд ва кори Назарзода ба прокуратура рафт. Кумитаи дин парвандаи Назарзодаро ба Прокуратураи шаҳри Душанбе, ахирӣ ба Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристоданд. Ин ҷо қонун ҳам нақз шуд: баррасии парвандаи вакили халқи шаҳрро бояд прокуратураи шаҳр, на ноҳия анҷом диҳад.
Бо ин вуҷуд, Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ корро ҷиддӣ гирифт, аз ҷумла далоили 40 кило ош ва баёноти шоҳидонро рад кард. Дуввум нуктае, ки прокуратура таваҷҷуҳ кард, муҳлати тартиб додани протокол буд. Онро на 29-уми июл (рӯзи тӯй) ё се рӯз баъди он (тибқи талаботи моддаи 84-и КМҲМ), балки 7-уми август — 10 рӯз пас омода карданд! Дигар ин ки, ҳангоми омода кардани протокол намояндагони Кумитаи дин бояд ширкат мекарданд (тибқи моддаи 118-и КМҲМ, салоҳияти омода кардани ҳуҷҷату асноди нақзи Қонуни танзимро фақат Кумитаи дин дорад), ки дар мавриди мо — тартиб додани санади нақзи қонун — дар тӯйи Назарзода умуман ҳузур надоштанд ва идораи масъули назорати қонун ин корро 10 рӯз пас кард!
Агентӣ илоҷи корро ёфт. Ба прокуратура 53 акс аз маъракаро ҳамчун далел пешниҳод намуд, ки гӯё қонуншикании Назарзодаро исбот мекарданд. Хилофи интизор прокуратураи ноҳия онҳоро асос намуда, маводро такмил дод ва ба Прокуратураи шаҳр фиристод. Ахирӣ ҳам зуд қарор қабул кард ва маводро ба суд таслим намуд. Ҳамзамон ба муроҷиати Назарзода дар ин маврид, ки Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳам ба тақаллубкорӣ ҳамроҳ мешавад, чашм пӯшид.
“Охирин умеди мо ба суд буд, аммо он чӣ дар суд иттифоқ афтод, комилан дасту дили моро аз адолати судӣ шуст,- мегӯяд Сайфиддин Назарзода.- Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе амалан қонуншиканиҳои Агентӣ, Кумитаи дин ва Прокуратураи шаҳри Душанберо қонунӣ кард…”.

“Амалиёти фаврӣ — ҷустуҷӯӣ”
Инак, суд чиро ба назар нагирифт, ки адолати судӣ таъмин нашуд? Аввал, собит карда натавонист, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат гирифтааст. Дуюм, рӯйрост ба ин чашм пӯшид, ки на Сайфиддин Назарзода ва Тоҷиддин Ҳабибуллоев, балки мақомот — Агентӣ, Кумитаи дин ва прокуратура ҳуқуқи инсонии онҳоро барои баргузор кардани маърака поймол кардаанд. Чӣ тавр?
Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъи Назарзода ва Ҳабибуллоев, мегӯяд, парванда бо нақзи қонунгузорӣ ва бар асоси ҳамон тахминҳое, ки аз сӯи Агентӣ пешниҳод шуданд, шуруъ шуда, мақомоти баъдӣ — Кумитаи дин, прокуратура ва суд аслан ба онҳо чашм пӯшиданд: “Бубинед, корманди Агентӣ дар суд гуфт, ки 29-уми июли соли 2017 дар тарабхонаи “Сарез”, яъне ҳангоми маъракаи оши никоҳ, на рейд, балки амалиёти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ гузаронданд. Ин чӣ маъно дорад? Рейдро мақомот алайҳи шахсони номуайян ва холисонаву ошкоро, на махфӣ мегузаронанд, масалан, барои муайян кардани истифодаи ғайриқонунии мошинҳои хизматӣ, ё шишасиёҳ. Барои ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, нақзи қонунҳои андозу фаъолияти аудиторӣ ва ғайра ҳам, санҷиш ва амалиётҳои тафтишотӣ ошкоро гузаронида мешаванд. Аммо амалиёти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ, тибқи моддаи 1-и Қонуни фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ, махфӣ ва танҳо барои ошкор кардани таҷовузҳои ҷинояткорона гузаронида мешавад. Қонун барои ошкор кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалиёти фаврӣ — ҷустуҷӯии махфиро пешбинӣ накардааст”.
Ба қавли вакили дифоъ, ҳолатҳои кор, нишондодҳои корманди Агентӣ дар мурофиаи судӣ, наворҳои видеоӣ ва суратҳо пурра махфӣ ва ғайриқонунӣ анҷом шудани ҷараёни ошкор кардани “қонуншиканӣ”-ро собит мекунанд. Аз ҷумла, кормандони Агентӣ 1) ба тӯйхона махфӣ ворид мешаванд; 2) худро ба соҳибони маърака шинос намекунанд; 3) махфӣ маъракаро ба навор мегиранд; 4) як гуруҳ комилан нохонда, аз ҷумла шахси холис ва шоҳидонро бо худ ҳамроҳ меоранд; 5) дар қатори меҳмонон нишаста, ош мехӯранд… Ҳол он ки, тибқи талаботи моддаҳои 7 (банди 6), 13 (қисми 1) ва 21-и КМҲМ онҳо ҳуқуқ доштанд ошкоро вориди маърака шуда, худро шинос кунанд ва озодона навор гиранд, яъне парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро беғараз ва ошкоро таҳия кунанд.
Ҷараёни пешбурди ғайриқонунии парванда, ба қавли вакили дифоъ, заминаи ғайриқонунии таҳия шудани санад аз сӯи кормандони Агентиро фароҳам сохт. Ба қавли ӯ, ҳангоми таҳияи санад, “ҳуқуқвайронкунандагон” ё “қонуншиканон” — Ҳабибуллоев ва Назарзода иштирок накарданд, яъне санад ҳам махфиёна ва аз роҳи сохтакорӣ тартиб дода шуд: “Сохтакорӣ аз ин ҷо бармало мешавад, ки санад 29-уми июли соли 2017 дар ҷои ҳодиса омода нашудааст. Дар санад баёнотҳои маъмури тарабхонаи “Сарез” Бухорӣ Аҳёев ва ошпаз Адҳам Насриддинов ҳамчун исботи қонуншикании Назарзода ва Ҳабибуллоев замима шудаанд. Аҳёев дар суд ва Насриддинов ба мақомоти Кумитаи дин ва Агентӣ гуфтанд, ки баёноти онҳоро на 29, балки 31-уми июли соли 2017 дар бинои Агентӣ гирифтаанд. Ҳ. Розиқзода, корманди Агентӣ дар суд гуфт, ки санади мазкур дар ҷояш, яъне дар назди тарабхона тартиб дода шудааст, ки мантиқ надорад, зеро ҳангоми маърака ошпаз Насриддинов ба кашидаи ош машғул буд, яъне имконияти додани баёнотро надошт ва ҳатто аз ҳузури кормандони Агентӣ хабар набуд. Далели дигари сохтакорӣ ин аст, ки Агентӣ ба ҳайси далел ба суд сабти телефонии суҳбати кормандаш бо Насриддиновро пешниҳод кардааст ва ин суҳбат рӯзи дигар сурат гирифтааст, на рӯзи маърака”.
Меоем, сари нукоти муҳими санад: 1) 40 кило ош; 2) Вақти маърака; 3) 300 меҳмон ва 4) Иҷозаи баргузории маърака.
Агентӣ санад кард, ки дар маърака 40 кило ош пӯхта шудааст. Аммо санади ташхиси дег (№63 дар парванда) нишон медиҳад, ки дег 35-килоӣ аст ва 40 кило биринҷро намебарад. Фурӯшандаи биринҷ ҳам баёнот дод, ки ба Ҳабибуллоев 35 кило биринҷ фурӯхтааст. Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ далели “35 — 40 кг биринҷ” барои “зиёда аз 300 нафар меҳмон” (1 кг ош барои 8 нафар x 40 кг = 320 нафар) аз сӯи Агентиро рад кард. Аммо судя Хуршед Исозода баёнотҳои пешниҳодкардаи прокуратура, ду ҳуҷҷати расмӣ (маълумотномаи тарабхонаи “Сарез” ва санади ташхиси дег)-ро рад карда, танҳо “мушоҳида” ё маълумоти тахминии Аҳёев дар бораи “на кам аз 250 нафар”-ро ба эътибор гирифт.
Назарзода дар бораи вақти баргузории маърака, ки тариқи телевизион 3 соат эълон шуд, мегӯяд: “Тибқи санад, бояд маърака аз соати 08:00 то 11:00 мегузашт, вале бо маслиҳати тарафайн на се, балки ду соат — аз 08:00 то 10:00 идома ёфт. Ҳатто ин ҳаққи қонунии моро ҳамчун далел алайҳи мо истифода бурданд ва шарм накарданд”.
Далоили мақомот дар бораи теъдоди меҳмонон ҷолибтарин қисмати парванда аст, ки тамоми сохтакориву саҳлангориҳои онро ба намоиш мегузорад. Агентӣ дар санади худ теъдоди меҳмононро “зиёда аз 300” гуфта буд. Аммо замоне, ки вакили халқ будани Назарзода маълум гардиду парвандааш ба прокуратура рафт ва парвандаи Ҳабибуллоев дар Кумитаи дин монд, арқом ба бозӣ даромаданд. Сухан дар бораи як маърака меравад! Аммо бино ба парвандаи Кумитаи дин алайҳи Ҳабибуллоев, дар он зиёда аз 250 — 300 меҳмон ширкат карда, ин ваҷҳ бо нишондоди шоҳидон ҳам тасдиқ мешавад. Дар қарори прокуратураи шаҳр пас аз баррасии парвандаи Назарзода оварда шудааст, ки дар оши никоҳ 247 меҳмон ширкат кардаанд. Ин ваҷҳро бо санади ҳисоби меҳмонон аз рӯи 37 дона сурати маърака асоснок кардаанд. Аҷобат ҳам дар он аст, ки судя Исозода аслан ба ин рангорангии ду парвандаи як “ҳуқуқвайронкунӣ” таваҷҷуҳе намекунад, балки дар қарори худ ба он як ранги дигар зам намуда, теъдоди меҳмононро беш аз 200 нафар муайян кард ва бидуни ягон санаду далел!
Қиссаи суратҳо боз ҷудост. Агентӣ ва Кумитаи дин теъдоди меҳмононро аз рӯи “мушоҳида”-ву тахминҳои шоҳидон маълум карданд. Вақте Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ асосе барои субути парванда наёфт, Агентӣ ба кӯмакаш шитофт ва 53 аксро пешниҳод кард. Прокуратура 37 адади онро қобили истифода донист, аммо дар ҳисоби меҳмонон ба иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ дод. Аз ҷумла, 1) омӯзиши суратҳо ва амалиёти мурофиавӣ — ҳисоб кардани меҳмононро бо ширкати фарзандони Назарзода ва Ҳабибуллоев, на худи онҳо анҷом дод, ки хилофи қонун (моддаи 26-и КМҲМ) аст; 2) дар аксари суратҳо меҳмонон “такрор” шудаанд ва прокуратура ҳам онҳоро такрорӣ ҳисоб кард; 3) ҳатто одамонро аз як қисми бадан, масалан, даст, қафои сар ва ғайра ҳамчун меҳмон ба ҳисоб гирифт. Тибқи моддаи 15 (қисми 3)-и КМҲМ, шубҳаҳое, ки бартараф нашуданд, бояд ба манфиати ҷавобгари маъмурӣ истифода шаванд. Дигар ин ки, 37 дона сурат бо нақзи қонун ва поймол кардани ҳуқуқҳои Назарзода ҷамъ оварда шудаанд ва бино ба моддаи 48 (қисми 3)-и КМҲМ, истифодаи далелҳои ғайриқонунӣ манъ аст.
Аз рӯи ҳисоби профессор Назарзода, аз 247 нафаре, ки дар суратҳо дида мешаванд, 143 нафар меҳмони даъватшуда, 48 нафар “такрорӣ”, 19 нафар “меҳмони нохонда”, 13 нафар хизматрасон, 7 нафар афроди шубҳанок ва 9 нафар корманди Агентии зидди коррупсия мебошанд. Ба қавли ӯ, 143 меҳмон ва 13 хидматрасон, ҷамъ 156 нафарро фақат метавон ба ҳисоб гирифт ва шахсияти бақия 91 нафар бояд муайян шавад.
Дар аксҳое, ки Назарзода дар ихтиёри мо қарор дод, дида мешавад, ки (ба бовари ӯ) кормандони Агентӣ дар маърака нишаста, мисли меҳмон ош мехӯранду ҳатто хизматрасонӣ ҳам мекунанд ва ба онҳое монанд нестанд, ки дар амалиёти фаврӣ — ҷустуҷӯӣ ё рейд бошанд (баръакс, онҳо дар 4 сурат “такрор” шуда, аз сӯи прокуратура ҳисоб ҳам шудаанд!). Судя Исозода ба ин маворид аслан таваҷҷуҳ накард.
Суоли хеле ҷолиби дигар ин аст, ки оё Назарзода бо ин маърака чӣ рабт дорад? Оши никоҳ расман аз номи қудояш — Ҳабибуллоев гузаронида мешавад. Мавсуф тавсияномаи Кумитаи динро дошт. Аммо Агентӣ санад кард, ки тамоми маҳсулоти оши никоҳ ва ҳаққи хизмати тарабхонаи «Сарез»-ро Сайфиддин Назарзода пардохт кардааст. Оё ин хилофи қонун аст? На. Дар тафсири Қонуни танзим (саҳ. 55. Тафсири моддаи 10. Тӯйи домодию арусӣ) омадааст: «Мумкин аст дар асоси урфи қадима ҷониби писар барои баргузории оши тӯйи духтар саҳмгузор бошад. Яъне барои ташкили ош барои то 200 нафар, ки дар он 40 — 50 кг биринҷ, 20 — 25 кг гӯшт ва дигар маҳсулот сарф мешавад, қисман ҷониби писар саҳмгузор бошад”. Пас гуноҳи Назарзода чист, вақте ҳиссагузорӣ кардааст? Худ ин далел собит мекунад, ки боз кардани парванда алайҳи Сайфиддин Назарзода аз ибтидо ғайриқонунӣ аст, агар он аз рӯи ғараз ё фармоиш набошад.

“Нақш”-и судя
Ҳамоно “ихтиёр ба дасти Бахтиёр” буд. Судя Исозода салоҳияти қонунӣ дошт, то мӯйро аз хамир ҷудо сохта, ҳақро ба ҳақдор расонаду адолати судиро таъмин кунад, аммо накард. Баръакс, ӯ тамоми кӯшишҳояшро ба харҷ дод, то “далел”-ҳои ҷамънамудаи Агентӣ, Кумитаи дин ва прокуратураро ҳимоят намояд, ҳарчанд қонун (моддаи 58-и КМҲМ) талаб мекунад, ки ягон далел барои суд муайянкунанда нест. Аммо Хуршед Исозода дар мурофиа Назарзода ва Ҳабибуллоевро “ҳуқуқвайронкунанда” меномид. Ҳатто ба қавли Назарзода, вақте судя дид, ки далелҳои мақомот “обакӣ”-ву беасосанд, ба таҳрифи нишондоди шоҳидон гузашт: “Масалан, аз номи маъмури тарабхонаи “Сарез” гуфт, ки ману домодам Илҳом ду рӯз пеш ба тарабхона омада, масъалаи баргузории маъракаи оши наҳорро баррасӣ кардем. Ҳол он, ки ин маъмур (Аҳёзода) дар мурофиаи судӣ гуфта буд, ки ду рӯз пеш ману домодам ба тарабхона омада будем, аммо бо маъмурият чӣ гуфтем, намедонад, зеро дар ин суҳбат ширкат накардааст. Маъмур мегӯяд, ки дар суҳбат набуд, судя мегӯяд, ки буд. Дурӯғи маҳз!”.
Судя Исозода ҳама корро кард, ки далелҳои сохтакоришудаи Агентӣ, Кумитаи дин ва прокуратураро на фақат таҳти шубҳа гузорад, балки ҳақ барорад. Ҳамин тавр, рӯйрост ва хилофи қонун 1) ҳатто шоҳидони асосӣ (П. Одинамаҳмадзода, корманди Агентӣ ва шахсони холис — Фахриддин Ҷумъаев ва Ҷамшед Қодиров)-ро умуман ба мурофиа даъват накард; 2) Аз экспертизаи расмҳои пешниҳодшуда даст кашид, зеро дар ҳоли исбот шудани камбудиҳои онҳо дар кул парванда рад мешуд; 3) Ягон далели “ҳуқуқвайронкунанда” (С. Назарзода) ва вакили дифоъашро ба назар нагирифт. Ҳатто вақте ӯро рад намуданд, қабул накард (аз “каромот”-и қонунгузории Тоҷикистон аст, ки рад шудани судя дар дасти худи ҳамон судя аст!) 4) ҳатто инро ба назар нагирифт, ки ҳама актҳои ҳуқуқвайронкунии Агентӣ ва прокуратура бе иштироки Назарзода таҳия шуда, имзои инҳоро надоранд!

Нақша ё фармоиш?
Ҳама далоил ба он ишорат мекунанд, ки парвандаи Сайфиддин Назарзода, собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон сар то по қалбакӣ ва бофташуда аст. Телевизиони “Тоҷикистон” якуним моҳ пеш аз қарори суд ӯро хилофи усули “эҳтимолияти бегуноҳӣ” гунаҳкор эълон намуд. Прокуратура, Агентӣ, суд ва дигар мақомоти салоҳиятдор ба ягон муроҷиати ӯву қудояш таваҷҷуҳ накарданд. Парвандааш аз “ҳеҷ чӣ” сохта шуд. Чаро? Беобрӯ кардани Назарзода ба кӣ даркор буд?
Яке бар ин аст, ки вазифааш ба касе лозим омад. Аммо худи Назарзода мегӯяд, ин вазифа моли шахсии ӯ нест, балки як мақомест, ки бо фармони худи Президент таъин мешавад: “Таъин карданд, кор кардем, озод карданд, рафтем. Ман бар инам, ки ин кори як гуруҳи маҳдуд аст…”.
Дигарон бар инанд, ки “иҷрои нақша” буд. Он ҳам ин, ки як мансабдори калонро маҳз барои нақзи Қонуни танзим муттаҳам кунанд ва интихоб сари Назарзода афтодааст. Бигзор чунин бошад. Аммо имкон надошт, ки ҳама қонунӣ ва бидуни ҳеҷ баҳсу шак анҷом ёбад? Назарзода мегӯяд: “Ҳама гумон мекунанд, ки ман барои вазифаам мекӯшам. Чунин нест. Обрӯву эътибори шахсии ман матраҳ аст. Ин матраҳ аст, ки як гуруҳи маҳдуд хостанд маро пеши мардум беобрӯ кунанд. Ин гуруҳ зиндагии писару келини навхонадорамро ба мусибат кашиданд. Хуб, агар ҳақ мебуданд, аз ҳамон оғоз ман ҳамаро тан мегирифтам. Аммо ноҷавонмардона буд ва аз ин хотир, то охир мубориза мекунам”.
Мо ҳам дар аҷабем: агар бо вакили маҷлиси шаҳри Душанбе, доктори илми филология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо, Корманди шоистаи ҷумҳурӣ ва замони шуруъи парванда мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон чунин карданд, бо як шаҳрванд оддӣ чӣ кунанд?

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here