Гулнора, номи шартии як зани ҷавон ва модари се фарзанди ноболиғ аст, ки зери хушунат қарор дорад. Ин зан сокини ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон буда, 8 соли пеш дар ноҳияи Вахш ба шавҳар баромад. Ӯ мегӯяд, ки муносибаташ бо шавҳар хуб аст, аммо аъзои дигари хонаводаи шавҳар ба ӯ хушунат мекунанд. Баҳсу ҷанҷоли оилаи онҳо барои гирифтани замин мебошад.

“Шавҳари ман ягона писар дар хона аст, апаю хоҳараш талаб доранд, ки ҳавлии падарашонро гиранд, маро бо шавҳару кӯдаконам берун мекунанд. Борҳо латукӯбам карданд. Ҳато дар вақти ҳомиладориам латукӯб карданд ва кӯдакам дар шикамам мурд. Зиндагии хушро надидаам. Ба хонаи падарам қаҳр карда омадам, вале зиндагӣ бо се фарзанди ноболиғ дар инҷо осон нест,”- мегӯяд ӯ.

Ин зан гуфт, ки бори охир чанд моҳи пеш дубора ба хонаи шавҳараш рафт, вале боз ӯро латукӯб карда, аз хона пеш карданд. Гоҳо аз сӯи шавҳар низ мавриди латукӯб қарор мегирифт. Аз шавҳараш расман талоқ нагирифтааст, вале мегӯяд дигар наметавонад ба хонааш баргардад, метарсад, ки боз зери хушунат қарор мегирад.

Гулнора маълумоти олӣ надорад, баъди хатми мактаби миёна волидайн ӯро ба шавҳар доданд. Вале ҳунари дӯзандгӣ дорад, ки мегӯяд бо ин касбаш наметавонад зиндагии худ ва се фарзанди ноболиғашро дар хонаи волидайн пеш барад. Алъон барои гирифтани алумен ё кумакпулӣ ба додгоҳ муроҷиат кардааст.

Дар хатлон кам нестанд заноне, ки зери хушунати хонаводагӣ зиндагӣ доранд, онҳо барои раҳоӣ ёфтан аз латукӯби шавҳар ё узви дигари хонаводаи шавҳар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳое, ки дар ин самт кор мегиранд, муроҷиат мекунанд.

Гулдаста номи шартии зани дигаре аз ноҳияи Вахш мебошад, ки аз бадбинии хушдоманаш ба хушунат гирифтор шуд. Мегӯяд дашному ҳақоратҳои аъзои хонаводаи шавҳарро ба хотири се кӯдаки ноболиғаш таҳаммул мекард. Ин бадбиниҳо то ҷое расид, ки Гулдаста расман аз шавҳар талоқ гирифт ва додгоҳ ӯро дубора дар хонаи собиқ шавҳар маскун кард. Аммо мушкилоташ дубора зиёд шуд.

“Қабл аз тӯй шуданам хушдоман ва шавҳарам маро дида буданд ва маҳқул карданд. Баъди се моҳи хостгор шудан тӯй шудем. Хушдоманам доимо мегуфт, ки ту безебӣ, мувофиқи писарам нестӣ. Шавҳарам маро дӯст медошт, вале як рӯз бо хурсандӣ бурда дар хонаи модарам монд, дигар наовард. Сипас талоқам дод ва зан гирифт. Ман бо се кӯдакам миёни роҳ мондам, маҷбур шудам, ки маскун шавам. Аммо рӯзам аз пештара дида сангитар шуд,”- гуфт Гулдаста.

Гулсара Абдуҷабборова — корманди иҷтимоии лоиҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки дар ноҳияҳои Вахшу Қубодиён кор мекунад, мегӯяд, таҳлилҳо нишон дод, ки солҳои ахир хушунати равонӣ зиёд шудааст. Омилҳои хушунат, вазъи иқтисодии хонавода, рашк, бадбинӣ ва соҳиби мулк шудан будааст, ки ба гуфтаи Абдуҷҷаборова, гоҳо ин ҳолатҳо зинадгии хонаводаҳоро вайрон ё ба марг оварда мерасонад. Онҳо дар ҳамдастӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” дар як сол ба мушкилии даҳҳо хонаводаи хушунатдида расидагӣ мекунанд.

Ба иттилои Гулсара Абдуҷҷаборова бемории ҳамагири коронавирус низ таъсири худро ба хушунату зӯроварӣ дар оила расонидааст. “Вақте пандемия дар Тоҷикситон паҳн шуду марзҳо баста шуданд, дар хонаводаҳое, ки сабаби хушунаташон вазъи иқтисодии хонавода буд, зӯроварӣ бештар шуд. Ин ҳолатро мо сабт кардем. Вақте ба муҳоҷират рафта натавонистанд ва дар инҷо ҷойи кори муносиб пайдо накарданд, зӯроварии равонию ҷисмонӣ бештар шуд”,- гуфт Гулсара Абдуҷабборова.

Танҳо дар як сол аз ду ноҳия — Вахш ва Қубодиён наздики 300 нафар ба Гулсара Абдуҷабборова — намоняндаи лоиҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила муроҷиат кардаанд, ки нисбати соли гузашта зиёд мебошад.

19-уми марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ба тасвиб расидааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асоси қонуни мазкур барои коҳиш додани хушунат дар оила амал мекунанд.

Ҳуқуқшиносон аз муроҷиати зиёди занони хушунатдида нигарон буда, мутаассиф ҳастанд, ки занҳо аз ҳуқуқи худ огоҳ нестанд ва ин ноогоҳӣ боиси ба зӯроварӣ гирифтор шудани онҳо мегардад. Ислом Юсупов — ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ” дар шаҳри Бохтар мегӯяд, ки ташкилоти онҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонаводаҳо мусоидат мекунад. Ӯ илова кард, ки бемории коронавирус на танҳо ба иқтисодиёти кишвар, балки дар зиёд шудани зӯроварии иқтисодӣ таъсири манфии худро расонид.

Дар як рӯз ҳудуди 10 нафар шахсоне, ки ба зӯроварӣ гирифтор шудаанд, ба ташкилоти онҳо дар маркази вилоят — шаҳри Бохтар муроҷиат мекунанд. Онҳо дар асоси қонун ба муроҷиаткунандагон ёрии ҳуқуқӣ ва равонӣ мерасонанд.

“Вақте занҳоро аз хона ронда мекунанд ва алумен намедиҳанд ё маскун шудан намемонанд, ба мо муроҷиат мекунанд. Мо дар асоси қонун ба онҳо ҳуҷҷат тайёр мекунем ва ба додгоҳ муроҷиат мекунанд. Дар аксар ҳолат дар судҳо иштирок карда, аз онҳо ҳимоя низ мекунем. Ташкилоти мо ба онҳо ройгон ёрии ҳуқуқӣ ва равонӣ мерасона”,-мегӯяд И. Юсупов.

Дар соли 2020 беш аз 213 нафар шахсони хушунатдида барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ба ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ” дар шаҳри Бохтар муроҷиат кардаанд.

Дар ҳоле, ки намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, зӯроварӣ дар оила соли 2020, хусусан дар вақти пандемия зиёд шудааст, аммо мақомот инро рад мекунанд. Раъно Раҳимзода — сардори бахши занони мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, суҳбату вохӯриҳое, ки бо аҳолӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ доштанд, боиси кам гаштани хушунат гардидааст. “Кумитаҳои идораи занон дар шаҳру ноҳияҳо ҳамеша миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, тариқи телевизиор низ барномаҳои оиладорӣ ба намоиш гузошта шудааст. Дар соли 2020 нисбати солҳои гузашта зӯроварӣ дар Хатлон коҳиш ёфтааст”,- гуфт Раъно Раҳимзода.

Коршиносон бар он назаранд, ки барои коҳиш додани зӯроварӣ дар оила суҳбату вохӯриҳо миёни аҳолӣ бештар ба роҳ монда шавад. Файзигул Шарипова коршиноси масоили иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки хушунату зӯроварӣ дар ҷамоату деҳоти ноҳияҳои дурдаст бештар ба назар мерасад. Омилҳои хушунат дар оила гуногун аст. Вазъи пасти иқтисодии хонавода низ метавонад ба хушунат расонад. Барои ҷилавгирӣ аз ин бояд ҷойи кор ҳам барои мардон ва ҳам барои занон муҳайё кард. “Барои коҳиш додани зӯроварӣ дар оила бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зӯроварӣ дар оила”-ро фаҳмонид. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ташкилотҳое, ки дар самти пешгирии зӯроварӣ амал мекунанд, бояд ҳамкории хуб ба роҳ монанд. Нақши милитсия дар пешгирии зӯроварӣ хеле назароас аст”,- гуфт Файзигул Шарипова.

Созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, ки бекории мардҳо, ки мушкили иқтисодиро дар пай дорад, як сабаби хушунати хонаводагӣ шудааст, вале идораи кор бо занон мегӯяд, ки хушунату зӯроварӣ коҳиш ёфтааст. Дар шаш моҳи соли 2020 дар шаҳру навоҳии вилоят наздики 100 нафар зан муроҷиат кардаанд, ки аз хушунату зӯроварӣ шикоят намудаанд.

Амонҷон МУҲИДДИНОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here