Бо бунёд ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳи ДушанбеАйнӣ — ИстаравшанХуҷандБӯстонЧаноқ на танҳо ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар ҳама фаслҳои сол байни пойтахти мамлакат ва вилояти Суғд таъмин гардид, инчунин барои робитаҳои нақлиётии давлатҳои ҳамсояи ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо шароити мусоид фароҳам омад. Аз лиҳози моҳият роҳи зикршуда дар ҷисми мамлакат шабеҳи шоҳраг буда, кишварҳои ҳамсоя, бандарҳои баҳрии қаламрави Осиёву Аврупоро ба ҳам пайваст менамояд ва барои ҳамлу нақли бевоситаи байналхалқӣ имконият медиҳад.

Ногуфта пайдост, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд ва дар сурати амалӣ нагаштан вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши боризи роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе — Чаноқ мавриди амал қарор диҳад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе — Чаноқ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки интихоби ин ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид.

Бо хулоса аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе — Чаноқ дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фаслҳои сол таъмин аст.

Бо фаро расидани фасли сармо тамоми идораву ташкилот ва шаҳрвандон пайи омодагӣ ба он камари ҳиммат мебанданд. Филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” низ ба фаслҳои тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ дошта, то ин замон барои фаъолияти муназзам 14820 тонна маводи зиддилағжиш, 69 тонна ангишт, 151000 литр сӯзишворӣ (солярка ва бензин) ва дар ҳаҷми зарурӣ равғанҳои молиданиву сарулибоси зимистона захира шудааст. Илова ба ин, техникаҳои марбут ба филиали Ширкат бо шинаҳои зимистона таъмин гардида, ҳолати техникиашон ба талабот ҷавобгӯ аст.

Таҷрибаи фаъолият далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони Филиали Ширкат роҳи мазкур умуман баста набуд. Мавҷудияти 210 мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд, далели возеҳи он аст, ки ширкат дар иҷрои рисолат хеле фаъол аст. Маҳз мавҷудияти ҳамин гуна техникаҳои пуриқтидор замина фароҳам овард, ки ҳатто рӯзҳои сербориши фасли зимистон ва тармафароии зиёд ҳаракати нақлиёт аз тариқи роҳи зикршуда таъмин гардад.

Далели бебаҳс аст, ки ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ширкат ҳаракати бехатару муназзами мошинҳо таъмин гардида, дар натиҷаи фароҳам омадани шароити мусоид интиқоли молу маҳсулот, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисоди бозорӣ аст, афзуд.

Табиист, ки вақте ба таҳвили молу маҳсулот имконияти васеъ муҳайё ва бозори он зиёд мегардад, ҳатман соҳаҳои истеҳсолӣ, қабл аз ҳама саноати куҳӣ, яъне истихроҷу коркарди маъданҳои куҳӣ, инчунин истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ инкишоф ва додугирифти субъектҳои хоҷагидорӣ вусъат меёбад. Ҳамчунин, бо афзун гаштани ҳаракати нақлиёт дар роҳ иншооти хизматрасонӣ низ зиёд шуда, аҳолии деҳоте, ки ба роҳҳо наздиканд, ба худ ҷойи кор пайдо карданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон», ки алъон нигоҳдориаш ба зиммаи филиали ширкат вогузор аст, роҳи мошингарди Душанбе — Айнӣ — Истаравшан — Хуҷанд — Бӯстон — Чаноқ ба шабакаи ягонаи коммуникатсионӣ табдил ёфта, ҳаракати мошинҳои сабукраву боркаш дар ҳама фасли сол ба самти пойтахт ва вилояти Суғд таъмин гардид.

Воқеан ҳам, ба даст овардани фоида маъмулан дар маркази фаъолияти дилхоҳ ширкати саҳомӣ қарор дорад, вале масъулин бо камоли масъулият иброз менамоянд, ки дар мадди назари онҳо на танҳо ба даст овардани фоида, балки имконоти иқтисодии ҳамватанон низ қарор дорад. Дар муддати кӯтоҳи фаъолият ширкат тавонист масъалаҳои зиёди ташкилӣ, молиявӣ ва иҷтимоиро ҳаллу фасл намояд. Қабл аз ҳама, роҳбарияти ширкат дар пеши худ мақсад гузошта буд, ки ҳарчи зудтар барои аҳолии шафати роҳ системаи гузариши имтиёзнокро муайян ва ҷорӣ намояд. Ҳоло низоми гуногуни имтиёзҳо барои аҳолии шафати роҳ мавриди амал аст, ки маблағи ниҳоӣ ба 50 фоиз аз нархномаи муқарраргардида баробар мебошад.

Далелҳои мазкур далели бебаҳси онанд, ки азми роҳбарияти IRS дар робита ба нигоҳдории роҳи мавриди назар қавӣ ва руҳияашон хастагинопазир аст.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар ҶТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here