Маҳз орзу аст, ки инсонро барои рӯз кардани як шаб ва шуруъи фардои дигар ба худ мутеъ мегардонад. Шояд агар ҳамин орзуҳо намебуданд, кӣ медонад, шояд ман ҳам сазовори номи донишҷӯ намегардидам.
Маҳз орзуи донишҷӯ шудан маро ба остонаи донишгоҳ оварда расонд. Аммо акнун дарк карда истодаам, ки байни орзу то амал зиёд роҳест, ки бояд аз шебу фарозҳои он наҳаросида, ба пеш ҳаракат кунем. Танҳо бо роҳи мубориза метавон ба орзуҳои худ расид.
Аз хурдӣ дар дили кӯчакам орзуҳои бузург мепарастидам ва яке аз онҳо рӯзноманигор шудан буд. Оҳиста-оҳиста орзуи рӯзноманигор шудан ба мақсади асосии ман табдил ёфт. Вақте дар оинаи нилгун рӯзноманигоронро бо шавқ тамошо мекардам, орзуи рӯзноманигор шудан дар дилам чун оташ аланга мезад ва рафта-рафта он ба гулхани бузурге мубаддал гашт. Беҳуда нагуфтаанд, ки ҳар касе аз таҳти дил орзу кунад, албатта ба орзуяш мерасад. Аз шавқ шохчаҳои дарахтонро шикаставу “баландгӯяк” ном ниҳода, бо ҷамъи дӯстон байни якдигар саволу ҷавоб мекардем. Гоҳо ин саволу ҷавобҳо ба баҳсу мунозираҳои дурудароз мубаддал мегашт.
Вақте ҷавонони деҳа, ки дар шаҳр таҳсил мекарданд, ба аёдати наздиконашон меомаданд, онҳоро дида ҳавасам меомад ва худ ба худ мегуфтам, ки ман ҳам рӯзе донишҷӯ мешавам. Ҳоло фаҳмидам, ки он лаҳзаҳо беҳтарин лаҳзаҳо буданд, ки гузаштанд.
Насими форами он субҳгоҳӣ ва боди форами осмони беғубор ба ҷисму руҳи кас роҳ ёфта, саҳифаи наверо дар қалби ҳар як шахс боз мекард. Акнун ҳама ҷойи зиндагониам офтобист, осмон соф ва ҳама ҷо сабзу хуррам аст.
Насими форами бод ҳамон рӯз бо вазиданаш тамоми орзуҳои хуфтаро дар дили кас бедор мекард. Маҳз ана ҳамон рӯз, рӯзе, ки аввалин бор бо як ҷаҳон орзуҳои нек пой ба остонаи донишгоҳ ниҳодам, чӣ қадар ҳиссу ҳаяҷоне маро фаро гирифта буд. Атрофи донишгоҳро донишҷӯёни зиёде чун гулҳои наврустаи баҳорӣ зебу зиннат медоданд. Дар толори калоне мо донишҷӯёнро ҷамъ оварданд, то аз суханронии Сарвари давлат оид ба Рӯзи дониш баҳравар гардем. Ёдам омад, як сол қабл расо ҳамин сонияҳову дақиқаҳо чӣ қадар хотирмон буданд. Тафовути хеле зиёдеро эҳсос кардам. Як сол қабл бо ҷамъи ҳамсинфон бо ҳам вохӯрда, аз самими қалб якдигарро ба оғӯш мегирифтем. Хотираҳои солҳои гузашта як-як пеши назарам меомаданд. Акнун, имсол ҷойи он ошнову ёру дӯстони деринаро бо ин одамони ношинос иваз мекунам. Бо умеде, ки риштаи дӯстию рафоқатро бо инҳо бипайвандам.
Мо — гуруҳи донишҷӯёнро вориди синфхонае намуданд. Синфхона тозаю озода буд. Ман бодиққат ба ҳар гӯшаи синфхона назар меафкандам. Ногоҳ назарам ба лавҳае афтод, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне қавми берӯзнома мисли одами безабон аст».
Ҳар қадар меҷустам, лек он бӯйе, ки дар даврони мактабиам дар синфхонаи дарсӣ ҳис карда будам, акнун ба димоғам намерасид. Бӯйе, ки 11 сол қабл ҳис карда будам, абадӣ дар машомам нақш баста буд. Ин бӯй як бӯйи оддӣ набуд, бӯйи рангҳое буд, ки деворҳоро зебу зиннат медоданд ва гӯё ин рангҳо бо тобишҳои худ зиндагиамро низ пурнақшу рангоранг мегардониданд.
Акнун дунёи наве маро ба оғӯши худ гирифт, ки ин дунё дунёи донишҷӯӣ буд. Аз ҳаёти донишҷӯӣ ба худ сабақҳои зиёде гирифтам. Махсусан, чӣ қадар боарзиш будани вақтро дар ин дунё эҳсос кардам.
Хулоса, орзуи кӯдакӣ маро то остонаи донишгоҳ овард ва бовар дорам, ки ин орзу маро то ба авҷи муваффақиятҳо бурда мерасонад.
Ҳалима ШОБЕКОВА
Орзуят туро факат да хонаи шавхар мебарад, замони ҳозира ҳама метавонад донишҷу шавад.