Оростаи Ниёз яке аз чеҳраҳоест барои бисёриҳо ошно. Дар мавриди ӯ мақолаҳои зиёде нашр шудаву худи ӯ низ муаллифи чанд китобест.


Ороста хеле ҷавон аст, ҳамагӣ 26 сол дорад, аммо ба қавле, аллакай талхиҳои зиндагиро чашидааст. Аввалин вохӯрию суҳбати мо дар муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак (МИ №3/8) ду сол қабл баргузор шуда буд. Он замон ҳам дар лабони Ороста табассум буд, аммо дар чашмонаш андуҳ. Мо тӯлонӣ суҳбат кардем. Ӯ дар бораи лаҳзаҳои хубу бади зиндагиаш то зиндону дар зиндон нақл карду оид ба нақшаҳояш бо мо қисса намуд.
— Давоми 5 соли дар зиндон буданам, албатта рӯзҳои хуб ҳам буданду рӯзҳои сахт низ. Новобаста ба он, ки дар ин муассиса ҳама муносибати хуб доранд, пушти панҷара будан хело дарднок аст. Он қадар дарднок аст, ки бо сухан иброз карда намешавад,- гуфта буд Ороста.
Имрӯз Ороста яке аз духтарони муваффақ аст. Феълан ӯ дар Амрико кору фаъолият мекунад. Чӣ тавр ӯ тавонист баъди «шикастаболӣ» дубора ба по рост хезад, аз ӯ пурсон шудем.
— Ростӣ, дар мавриди зиндон суҳбат кардан намехоҳам, аммо танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки вақте инсон зиндонист, ҳаққи овози худро дар ҷамъият аз даст медиҳад.
Ягона хушбахтии ман дар он буд, ки замони паси панҷаро буданам, аввалин китобам бо номи «Панҷаи нарми шамол» бо дастгирии собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд.
Баъди раҳоӣ аз пушти миллаҳои зиндон, чор китоби дигарам бо номҳои «Аз сафари гиристанҳо», «Муҳаббат бозмегардад», «Ман намемирам» ва «Даст бар захми куҳнаам магзор» рӯйи чоп омаданд. Ду китоби охирам дар Амрико нашр шуданд.
Пешгуфторҳои китобҳоямро маъруфтарин нависандаҳо ва шоирон, амсоли Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, Масъуди Сипанд, Раҳматуллоҳ Раҳимӣ ва Дориюш навиштанд, ки боиси сарафрозии банда аст.
— Вақте бори аввал ба озодӣ баромадӣ, баъди ин муддати тӯлонӣ, чӣ эҳсосе туро фаро гирифт?
— Замоне зиндонӣ шудам, ҳеҷ бовар надоштам, ки ба озодӣ мебароям, чун ҳолати руҳафтодагӣ ва ноумедӣ инсонро хеле пахш мекунад. Ҳар замоне дар назди чашмонам як зане дунёро падруд мегуфт, умедам аз озодӣ боз ҳам аз ман дуртар мерафат. Дар ин ҳама мушкилӣ, падарам маро дастгирӣ мекард, ҳар боре ба дидорбиниам меомад, дилбардориам карда мегуфт, ки бояд бо рағми ин ҳама мушкилию ноадолатиҳо устувор бошам.
Эҳсоси тасвирнашавандае маро фаро гирифт, вақте аз дари зиндон озод шудаму аз ҳавои озодӣ нафас кашидам…
— Агар ҷойи пӯшида нест, кӣ ва чӣ тавр роҳи туро ба Амрико кушод?
— Дар зиндагӣ ду чиз барои ҳар як инсон хеле муҳим аст. То замони зиндон шудан, ман дар курсҳои забонӣ (англисӣ ва русӣ) мехондам. Ва ҳатто дар маҳбас ҳам курсҳои омӯзишӣ буданд, аз қабили курсҳои компютерӣ, дӯзандагию пазандагӣ ва машшотӣ (ороишгари мӯй) ва ман ҳамаи ин курсҳоро низ хондам ва ҳатто шаҳодатнома ҳам гирифтам. Яъне дониш яке аз калидҳои асосӣ барои роҳкушоӣ ба сӯйи муваффақият аст.
Дуюм чизи зарур барои расидан ба мақсад — кӯмаки наздикон, агар ҳатто моддӣ ҳам натавонанд, кӯмаки маънавӣ хеле муҳим аст. Дар мисоли ман, бароям падарам кӯмак карданд, ки ба Амрико сафар кунам. Дар ин ҷо дӯстони зиёд пайдо кардам ва имрӯз шукр аз он мекунам, ки як тиҷорати хурд ҳам дорам ва зиндагиамро пеш мебарам.
— То ҷое огоҳам, дар суҳбати қаблиамон гуфта будӣ, ки баъди ба озодӣ баромадан, он донишу малакаеро, ки дар курсҳои омӯзишӣ (дӯзандагӣ, қаннодӣ) дар маҳбас аз худ карда будӣ, барои пешрафти зиндагиат истифода мекунӣ. Ва ҳатто нияти кушодани як коргоҳи дӯзандагӣ ҳам доштӣ. То чӣ андоза нақшаҳоятро амалӣ кардӣ?
— Ман дар Амрико дар як кошонаи хурде бо ҳашт нафар кор мекунам, тарзи корбурди онро ҳам аз муассиса омӯхта будам. Ҳоло банди китобе ҳастам, ки рӯзҳои наздик бо ду хат (кирилӣ ва форсӣ) нашр мешавад.
— Чӣ нақшаҳо дорӣ ва ба дигар духтарони ҷавон, бонувоне, ки ҳамтақдири ту буданд, чӣ гуфтан мехоҳӣ?
— Нақшаҳо хеле зиёданд. Мехоҳам, ки дар Ватан як китобхонаи хурдакаке аз китобҳои худам боз кунам. Ба дигарон таманно дорам, ки ҳеҷ гоҳ даст ба ягон ҷурме назананд, то аз умри худ солҳои беҳтаринашро паси панҷара нагузаронанд.

М. НОЗИМӢ


Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, ба табъ расидааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here