Шаби моҳи август. Ситораҳо дар осмони беканор чашмак мезананд. Хомӯшии атрофро сурудхонии чир-чиракҳо халалдор менамоянд. Насими сабук ба рӯи баргҳои сабзавоти палак дар парвоз аст. Ахтаре аз сафи бешумори ҳамҷинсонаш канда шуда, бо суръати ҳайратовар аз қафои худ хатти дарози рушноиро аксандоз намуда, ба қаъри торикӣ ғайб зад. Холмирзо болои чойлоби худсохташ бари наберагонаш дароз кашида, пас аз тамошои ин манзараи ҳузновар рӯзҳои вазнини баъди фавти завҷа ба сараш афтидаро варақгардон карда аз дил гузаронд: Сафаргул низ чун ин ситора ба дунёи абад ногаҳон сафар карда, баракати хона ва тартибу низомро бо худ гирифта бурд. Ба кунҷи торикӣ. Гармии хонадон низ аз қафояш рафт. Сардию рутубат монд…

Аслан, ӯ кулбори ғаму андуҳи ҷонкоҳи ба китфаш афтидаро на шаби дар назди болини занаш бо дидаи пурнам ба зону зада, талвосаи ҷонкании рафиқи ҳаётиашро медид, балки рӯзи бо табиб суҳбат карданашро бо тамоми вуҷуд дарк намуда буд. Сардухтур ӯро ба гӯшае бурда, бо овози паст, то ки дигарон нашунаванд, гуфт:

— Акаи Холмирзо худатро мард бигир! Завҷаат мубталои бемории саратон мебошад. Чи илоҷ, ки илми тиб дар ҳалли ин маризӣ оҷиз аст. Холаи Сафаргулро гирифта ба хона баред. Аз эҳтимол дур нест, ки пас аз ду ё се рӯз…

Пизишк нигоҳи чашмони сурху варамидаашро аз ҳамсуҳбаташ гурезонд ва охири фикрашро ба забон наовард. Холмирзо чанд лаҳза лолу карахт монд. Ӯро ба сари китфаш гузоштани дасти табиб ба худ овард.

— Аз тақдир ҷойи гурез нест, акаи Холмирзо, — ва тоб хӯрда ба ҳуҷраи беморон даромада рафт…

Ин аввали фасли баҳор буд. Дар урфият мегуфтаанд, ки агар ғам ҳуҷум кунад даратро бикшо. Ҳанӯз маъракаи чили ҳамсарашро нагузаронида, писари калонӣ Гулмирзо барои пӯшонидани қарзи ба сарашон бор шуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба Русия рафту дигр аз вай дараке нест. Ду моҳ баъди рафтани ӯ писари хурдӣ Бегмирзо ба назди ҳамхизматаш ба шаҳри Алмаато сафар кард. Барои баргардонидани як қисмати хароҷот.

Эҳ, Худое! Кош, бо ҳамин ғаму андуҳаш хотима меёфт. Се ҳафта нагузашта келини калонӣ бухчаашро бардошта, аз пушти шавҳараш равон шуд.

— Ман намегузорам, ки ин буқаи зотӣ (шавҳарашро дар назар дошт) бо занҳои сафедаки тоторҳо кайфу сафо карда гардад. Хуррамро ба дасти шумо месупорам. Шоду хуррам зиндагӣ кунед.

Парвардигори олам медонад, ки ӯ роҳкирою чиптаи ҳавопаймоиро то шаҳри Қазон чи тавр дастрас намуд. Инсоф ба худаш…

Замоне ишқи келини хурдӣ, зани Бегмирзо, афсонаи мардум гашта буд. Бо тӯю сури бодабдаба ба хона оварданд. Ҳама аз хислату хӯйи арӯси хаппак хурсанд буданд. Аз даҳонаш гап намебаромад. Дар кӯли ором иблис дом дорад гуфтани мардум бе сабаб набудааст. Беҳуда одамон хотиррасон намекардаанд: лӯлиҳо болои бом, хаппакҳо корро карданд тамом.

Ана, ҳамин Оромгул дар дасти кӯдаки дусолааш Каломиддин ба қавли худаш номаи эътирозӣ гузошта, аз рӯи нақли кампири Савлат, ин беваи ҳамадон аз ҳама сирру асрор бохабар, ба як мошини дакаданги сиёҳшиша нишаста нопадид гашт. Дар мактубаш (номаш аз ҷаҳон гум бод) навиштааст:

— Хонаву дари оғилмонандат аз сарат монад. Ман ба ту хизматгор нестам, ки ҳар рӯз оғил рӯбаму аз саргини гов таппак тайёр кунам. Аз баҳри тифл гузаштам. Ҷамараашро худат бикаш. Мехоҳам одамвор зиндагӣ кунам.

Ана гапу мана гап. Сафаргули ман дар ин хона чил сол умр ба сар бурду онро оғил нагуфт. Ҳамин қадар сол молу говро уҳда карда, боре лаб ба шикоят накушод. Наврӯид — да! Нағмаю найрангашон бе ҳисоб. Чунин нияти ғараз доштааст, ки телефонро аз гӯшаш намегирифт. Мани ҳафтафаҳм гумон мекардам, ки бо шавҳараш гуфтугӯ дорад.

Акнун ман мондаму ду набераю ҳамин Калтаи бедум..

Посбон курпаи аз болои тифлон поиншударо боло бардошта, сари ҷингиламӯйи онҳоро бо меҳр сил кард ва аз қаъри дил оҳи ҷуқур кашид.

Чи хел оҳ накашад? Нигоҳубини ду набера, хонаву дар, молу ҳол якбора ба сараш бор шуд. Илоҷ наёфта моли майдаро ба бозор бароварда фурӯхт.

Дар вақташ. Каломиддин бемор шуда, бо тавсияи табибон ӯро ба беморхона бурда хобонд. Маблағи аз фурӯши мол ба даст овардааш ба дорую дармон сарф шуд. Чорае наёфта, Хуррамро, ӯ аз бобояш ҷудо шудан намехост, дар бари бемор хобонда, худаш даҳ шабонарӯз болои фарши сард дароз кашид.

Ба хона баргашта Калтаи пазмоншуда ва кампири Хиҷолати бо ашки равону калид дар дастро дар дами дарвоза дид.

— Ношукрии тақдират. Шаби аввал дузди ноинсоф қуфли дарвозаро шикаста, гови алоро бо гусолааш ба яғмо бурдааст. Эҳтимол ин кори Саиди арақмаст бошад? Ҷувонимарг панҷ рӯз аст инҷониб масту аласту бе ҳушу бе ёд хобидагӣ. Ба милиса супор.

— Хок бар сараш, — Холмирзо калидро аз дасти ҳамсоя гирифт. — Бефоида. Далел надорем. Дуздро дар ҷойи ҳодиса дастгир карданамон лозим буд. Бо тахмин ҳеҷ кор карда наметавонем. Туҳмат гуфта ба сарамон бало наорем. Барои ҳамин мегӯянд: дузд яку гумонбар сад.

— Аз бало ҳазар гуфтаанд, — кампир аз қафои Холмирзо ба ҳавлӣ даромад. — Барои эҳтиёт гови зардатро ба оғили ман дароварда банд.

— Фикр карда мебинам, — Холмирзо танҳо мондан мехост. Андешаи дарёфти шир барои наберагонаш дар сараш чарх мезад…

Барои зери таънаю маломати ҳамсояҳо намондан шабона хамир мехобонду пеш аз дар танур оташ гирондан ришу фашашро бо рӯймол мебаст. Либосҳои кӯдаконро низ шабона мешӯст. Охир ба азоби алим тоқат накарда, ба хонаи Мисқол хостгор фиристод. Ҳоло ӯ бардаму бақувват. Акнун ба шаст даромад. Ба қавле куҳро занад талқон мекунад. Ин зани бешарму ҳаё чи ҷавоб додааст?

— Магар Холмирзо ақлашро хӯрдааст. Маъракаи соли занашро нагузаронида, аллакай ба йурға даромад. Аз таънаю маломати мардум наметарсад.

Агар худаш аз бадгӯию мазаммати сокинони деҳа метарсид се маротиба ба шавҳар намебаромад. Ин дунёю ин одамонро шинохтан душвор.

Боз ду моҳи дигарро бо азобе паси сар кард. Тобистон даромад. Ин дафъа раиси маҳалларо ба хонаи Собира фиристод. Ин занаки бадзабон хостгорро аз ҳавлияш бо калтак зада пеш кардааст.

— Ба Холмирзоят бигӯй, ки ба ман гови гусоладор даркор нест.

Зани беақлу бефаросат. Маро ба гову набераҳои дӯстрӯякамро ба гусола ташбеҳ додааст. Ҳе, илоҳим, як умр бешӯю бе кӯдак бимонӣ. Барои ҳамин бадзабонияш ба сию панҷ даромада, то ҳол ӯро касе ба занӣ намегирад. Пирдухтар шуда моне…

Холмирзо боз ками дигар тоқат кард. Ғаму андуҳ, даву тоз, ташвишу тараддуд ва шабҳои бедорхобӣ ба тани ӯ часпида. Гӯиё Худованди карим ӯро танҳо барои ҳамин рисолат ҳаст карда бошад. Худро бо он тасалло медод, ки поёнии шаби сиёҳ сафед аст ва ин рӯзҳои вазнин хотима меёбанд.

Аз рӯи ҳикмати бузургон «сад дари бастаю як дари кушода» амал карда, кампири Хиҷолатро ба хонаи Рисолат фиристод. Барои ин кор сандуқи арӯсии зани марҳумашро тагурӯ карда, як сару пойи беҳтаринро ба дасти хостгор часпонд ва хиҷолатзада дарди дилашро изҳрор кард:

— Ҳамаи азобу ранҷ ва сифатҳои некамро бе каму кост васф намо.

— Умедвор бош! — дандонҳои рехтаашро бо лаби остин панаҳ карда, ҳамсоя дилбардорӣ намуд. — Дар дилаш алов меандозам. Аз илми курхат ҳам каме хабар дорам. Чунон таърифат кунам, ки мум барин об шавад.

Холмирзо то бегоҳ ҷойи нишаст наёфт. Ҳавлиро об зада рӯфт. Оғилро тоза кард. Сару тани набераҳоро шӯст. Риш тарошида, худашро ба тартиб даровард. Сафираш бегоҳӣ ба хона баргашт. Аз авзояш пай бурд, ки ин маротиб ҳам тираш хок хӯрд.

— Фикр карда мебинам, — буд ҷавоби номзад. — Додари ҷон, қоидаи зиндагӣ ҳамин. Зани дурандеш яку якбора розӣ намешавад. Пешниҳодро дар тарозуи ақл бармекашад. Бо хешу табор маслиҳат мекунад. Зиқ нашав. Пас аз як ҳафта боз дарашро мекӯбам…

Андешаҳои посбонро аккосзании бошиддати саг бурид. Ӯ дарҳол аз чойлоб фаромада, камону фонусро гирифта, ҷониби овоз давид. Калта сари роҳи Саиди арақмастро гирифта буд. Дузд ҳарчанд бо сангу кулух ҳайвони ба хашм омадаро аз сари роҳаш ронад ҳам, Калта гардан намефаровард.

— Дастатро бардор, дузди муттаҳам, — Холмирзо мили камонро ба тарафи ғоратгар рост кард. — Калтаҷон, ором шав!

Саг саҳл худро қафо кашида бошад ҳам нигоҳи ғазаболудашро аз меҳмони нохонда намеканд ва тайёр буд, ки дар сурати гурехтани дузд ба ӯ ҳамла намояд.

— Бирав, аз ин ҷо! — амр кард посбон. — Ба хонаат рав!

— Харбузаҳоро монда равам? — дузд ба зорию тавалло даромад. — Бачагонам гуруснаанд. Аққалан ду дона харбуза бидеҳ.

— Якто ҳам намедиҳам, — Холмирзо линчаи пури харбузаро ба тарафи худ кашид. — Агар омада илтимос мекардӣ, он гоҳ худам беҳтаринашро чида медодам. Баъдан, ба ҷойи арақ нӯшидан мемурӣ ба ҷойе ба кор даромада, заҳмат кашида, шиками бачаҳоятро сер кунонӣ.

— Канӣ, ҳамон ҷо? — дастҳояшро ба ду тараф партофт Саиди арақмаст. — Корхонаҳо хусусианд ва роҳбаронаш танҳо хешу табори худро ба кор мегиранд.

— Илоҷатро ёб ва даст ба дуздӣ назан, — ба маслиҳат гузашт посбон. — Агар ба ҷойи ман каси дигар мебуд туро ба милиса месупурд. Гапа бисёр накуну қаҳрамро набиёр.

Саиди арақмаст ду — се қадам гузошта, якбора аз замин сангеро бардошта, ба сари саг заданӣ шуд. Калта як тараф ҷаҳида, аз нав ба шӯр омад. Холмирзо дар рӯ ба рӯи дузд рост шуда, таҳдидомез мили камонро ба қафаси синаи хароби дузд гузошт.

— Ба хубӣ мегӯям, рав аз ин ҷо! Набошад бо як тир ба ҷаҳаннам мефиристамат.

— Агар ҳамин сагатро накушам, — дузд сангро ба як тараф ҳаво дод, — номам Саиди арақмаст набошад.

— Аз дасти туи майпараст ба ғайр аз дуздӣ дигар ҳеҷ балое намеояд, — Холмирзо линчаи харбузаро ба сари китф бардошт ва ба сӯи чойлоб роҳ пеш гирифт. — Рафтем, Калтаҷон!

Халтаро дар анбор гузошта, посбон бо зинапояҳо ба болои чойлоб баромада, бари Хуррам дароз кашид ва боз ба фикрҳои худ дода шуд.

Ташвишу тараддуд ва бесару сомонияш пас аз ба таклифи соҳибкор Исматулло ҷиҳати ба зимма гирифтани вазифаи посбонии палаки се гектара даҳчанд афзуд. Маҷбур шуд, ки говашро дар оғили ҳамсоя баста ҳар рӯз ду дарза алаф барад. Яке барои гови худашу дуюмаш барои гови ҳамсоя. Ба ҳамсояи дигараш як халта орду ҳезуми маҳшар дода илтимос намуд, ки барои вай ҳам нон пазад. Дари хонаю дарвозаро қуфл карда, бо набераҳояш ба чойлоби тобистона гузашт.

Бо пухта расидани сабзавот ҳуҷуми бачаҳои роҳзани деҳа сар шуд. Ва агар ҳамин саг намешуд аз палак на ном мемонду на нишон ва худаш кайҳо аз пой меафтид.

Бо ҳамин андешаҳои ношоду ғамангез надонист, ки чи тавр хоб бар ӯ ғалаба кард…

Аз он ҳодиса се рӯз гузашт ва Холмирзо мушоҳида намуд, ки иштиҳои Калта гашта, дар чашмонаш ифодаи ғаму дард хона дорад. Рӯзи чорум саг якбора гум шуд. Пешгӯйии пирони деҳа рост баромад. Саг пеш аз марг ғайб мезадааст.

Холмирзо палакро тагу рӯ кард. Ҳамаи кунҷу бари онро кофта ҷасади дӯсти вафодорашро наёфт. Акнун ба таҳдиди Саиди арақмаст бовар кард. Рӯзи панҷуми ғайб задани саг ба гӯшаш худнамоии майзада расид.

— Ба даруни гушти лаҳм сӯзан гузошта, дар ҷойи намоён мондам ва дидам, ки ин даранда чи тавр пораро фурӯ бурд.

Посбон фурсате намеёфт, ки ба деҳа рафта, ҷазои он нобакорро диҳад.

Охири моҳи август ҳаво якбора тағйир ёфта, дар осмон абрҳои тира ҳукмрон гардида, як ҳафта пайи ҳам борони сел борид. Ӯ наберагонашро ба хонаи кампири Хиҷолат бурда монд. Ҳамон бегоҳ Рисолат омада ба хостгораш гуфтааст:

— Ин тифлакони маъсумро худам ба воя мерасонам.

Холмирзо ба кулбаи анбораш гузашта, интизори ба поён расидани нозу нузи табиат намедонист, ки худро ба чи кор андармон кунад. Субҳи рӯзи ҳафтум борони сел хотима ёфта, Холмирзо дар самти шарқии палак рушноии фонусро мушоҳида намуд. Шитобон камон дар китф ба ҳамон самт шитофт. Ба охири палак расида, пояш ба сурохии хонаи калламӯш даромадан замон рӯйнокӣ болои ҷӯйи пуроб афтид. Чарахсаҳои оби лой ба ҳар тараф пош хӯрданд. Камон ба як сӯю салааш ба тарафи муқобил париданд ва сару либосаш дар як зум ғарқи об шуд. Дилаш гурс-гурс мезад. Якбора гушти баданаш виж гуфт ва дар танаш мурғак давид. Худаш надонист, ки чи тавр ба гиря даромад. Аз ғами бекасӣ. Аз алами танҳоӣ. Ҳамин лаҳза дар зеҳнаш ин фикр чун барқ шуъла зад.

— Ин чи ҳол аст? — ва худаш посух дод.

— Ҳоли саг!

Бо азоб сар бардошт. Бо дасти лойолуд сару рӯяшро тоза карда, дар болои ришу буруташ рахи ҷӯйчаҳои обро кашид. Мижаҳои таршудаашро кушода, болои сараш холаи Хиҷолатро бо фонус дид. Кампири ҳамсоя хабари хушро расонд. Ин каломи руҳбахш ба ақли тирагаштааш рушноие бахшид ва ӯ бо табассум аз дил гузаронд:

— Насиб бошад ҳоли сагмонандам хотима ёфт…

Зариф Ғулом

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here