“Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад. Яъне, қавми берӯзнома, мисли одами безабон аст”.

Садриддин Айнӣ

Ба муносибати ҷашни матбуот, ки ба рӯзи таъсисёбии аввалин рӯзномаи тоҷик «Бухорои шариф» рост меояд ва ҳамасола 11-уми март ба унвони ҷашни матбуот таҷлил карда мешавад, дар мавриди вазъияти имруза ва ояндаи матбуоти тоҷик дар байни муҳаққиқон ва рӯзноманигороне, ки дар матбуоти даврӣ фаъолияти пурсамар доранд, назарпурсӣ гузаронидем.

Иброҳим Усмонов, муҳаққиқ-публитсист

Вазъияти матбуоти тоҷик ҳанӯз ба дараҷае нарасидааст, ки таъриф кунем. Ҳанӯз наметавонад талаботи аудитория (хонанда)-ро ба пуррагӣ қонеъ намояд. Камбуди асосии матбуоти мо ин аст, ки журналистон гапи бисёр мегуянду факту рақами кам меоранд. Агар факултетҳои журналистика мутахассиси  хуби соҳаро тарбия намоянд, ояндаи матбуоти тоҷик беҳтар мешавад. Матбуот сутуни мустаҳкамест, ки сиёсати давлату миллат ба он такя мекунад.Ҳеҷ давлате бе матбуот вуҷуд дошта наметавонад. Ба хотири ҳамин ҳам матбуот ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад.

 Мурод Муродӣ, муҳаққиқ- рӯзноманигор

Дар шароити рушди воситаҳои техникиву технологӣ ва вусъат ёфтани интернет матбуоти чопӣ вазъи он қадар хуб надорад, зеро омилҳои нави иноватсионӣ имкониятҳоеро ба вуҷуд оварданд, ки воситаҳои дигар дар паҳну пахш намудани иттилоот нисбатан фаъол бошанд. Бинобар ин, сарчашмаҳои дарёфти иттилоот барои ҷомеа бо шарофати рушди техникаву технология зиёд шуданд. Омили дигар гарон шудани нархи рузномаву маҷаллаҳо аст, ки хонандаро аз матбуот дур намуд. Бо вуҷуди ин, имруз матбуоти мо рисолати худро иҷро мекунад ва бо истифода аз имкониятҳои техникӣ сомонаҳои интернетӣ роҳандозӣ кардаанд. Агар матбуоти даврӣ муҳтавои худро аз иттилоърасонӣ ба таҳлилӣ тадриҷан табдил диҳад, фикр мекунам, ки дар фазои иттилоотӣ рақобатпазир мегардад. Ба ояндаи матбуот назари нек дорам, шакли матбуот дигар мешавад, шояд доираи матбуоти чопӣ кам гардад, аммо матбуот аз байн намеравад.

Ҷовид Муқим, рӯзноманигор, муҳаққиқи расонаҳои хориҷӣ

Вазъияти матбуоти имруза хеле нигаронкунанда аст, чун нашрияҳои чопӣ хонандаи худро рӯз то рӯз аз даст медиҳанд. Хонанда он маводеро, ки мехоҳад, дар саҳифаҳои рӯзнома ёбад, намеёбад. Рузноманигорони нашрияҳои хусусияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дошта  талаботи аудиторияро қонеъ намекунанд, ба ҷуз нашрияҳои “зард”, ки аз руйи талаботи хонандаи худ фаъолият мекунанд ва серхонанда низ мебошанд. Сабаби асосии муваффақ набудани матбуоти даврӣ дар он аст, ки журналистон “худсонсурӣ” мекунанд ва мавзуъҳои проблемавиро кам баррасӣ мекунанд. Мехоҳам дар оянда  матбуоти мо озоду мустақил бошад ва талаботи аудиторияро ба назар бигирад.

Шарифзода Қироншоҳ, муҳаққиқ, рӯзноманигор

Аз руйи омор имруз дар ҷумҳуриамон ҳудуди 375 нашрияи чопӣ ҳам хукумативу ҳам ғайриҳукуматӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз руйи теъдод гӯё вазъият хуб аст, аммо дар воқеият вазъи матбуоти чопӣ дар ҳолати хеле ва хеле нигаронкунанда қарор дорад. Пеш аз ҳама чанд сол қабл баста шудани нашрияҳои хонданӣ монанди “Нигоҳ”, “Миллат”, “Вечерный Душанбе” ва  “Озодагон”-ро метавон мисол овард  ва дигар ин, ки торафт кам гардидани харидорони нашрияи чопӣ ва кам гардидани теъдоди  чопи онҳо. Сабабҳо зиёданд, вале омили асосии камхаридор будани нашрияҳои чопӣ ба рузноманигорони матбуот вобаста аст, чунки онҳо ба муҳтавои нашрияҳои худ чандон аҳамият намедиҳанд. Барои он ки матбуоти чопӣ дубора ба мисли солҳои пеш хонданӣ бошад, бояд ба муҳтавои он аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Матбуот дар замони имруз бояд руҳияи таҳлилӣ дошта бошад на иттилоотӣ, чун давоми ҳафта хабару иттилоот зуд куҳна мешаванд. Агар фазои иттилотӣ аз ВАО вобаста аст, фикр мекунам фурсати он расидааст, ки ҳукумат ба матбуоти чопӣ таваҷҷуҳ дошта бошад, хусусан ба нашрияҳои ғайриҳукуматӣ. Ин нуктаро моддаи 5 уми Қонуни ҶТ  “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” кафолат додааст. Бинобар ин он нуқтаи назари ғалатро, ки “матбуоти ғайриҳукуматиро як сӯ гузорем” бояд аз байн бардорем.

Додоҷон Атовулло, рӯзноманигор, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Ба ҳоли матбуоти тоҷик мурғони ҳаво мегирянд. Дар ягон давру замон вазъи матбуот чунин хору асафбор набуд. Ман ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳам рӯзноманигоронро айбдор бинамоям. Пас, айб куҷост? Дар кишвари ноозод вуҷуди матбуоти озод мисли он аст, ки аз як дарахти хушкидаи бед ва ё сафедор интизори чидани себу анор бишавӣ.

Ба ин ҳол матбуотро кӣ афканд? Қабл аз ҳама мансабдороне, ки розҳои ниҳон доранд ва ҳеҷ гоҳ намехоҳанд он розҳои магӯ гуфта шаванд. Як сабаб. Сабаби дигар карахтӣ ва рукуди ҷомеа аст.  Бисёриҳо бар онанд, ки озодии сухан танҳо барои журналистон аст ва ҳеҷ гоҳ аз матбуоти мустақил пуштибонӣ намекунанд. Борҳо як мисол овардаам ва боз такрор мекунам. Ҳангоме ҳукумати Олмон  нашри  журнали “Шпигел”-ро манъ кард, ҳазорон шаҳрванд ба кӯчаю хиёбонҳо рехтанд ва ҳукумат илоҷе ҷуз он надошт, ки ақибнишинӣ кунад. Ҳоло ин маҷалла яке аз бонуфузтарин расонаҳои байналхалқист. Дар солҳои Истиқлол боли даҳҳо рӯзномаро дар авҷи парвоз шикастанд. Шунидаед, ки сад кас ақаллан эътироз карда бошад?!

Ба ояндаи матбуоти тоҷик хушбин нестам, аммо бисёр мехоҳам, ки матбуоти тоҷик мисли солҳои “перестойка”-и горбачёвӣ аз нав эҳё шавад. Мехоҳам, ки тиражи рӯзномаҳо ба 200 ҳазору 300 ҳазор бирасад. Мехоҳам, ки боз субҳгоҳон  шоҳиди навбат дар назди киоскҳо барои рӯзномаҳои нав гардам… Дар охир мехоҳам ба “марказҳои қабули қарору тасмимгириҳо” дар Душанбе муроҷиат бинамоям: “Ҷанобон ва бонувон! Шумо бо бастани даҳони журналистони ростин ва ҳақгӯ минбарҳоро барои шағолону ғуку вазағҳо медиҳед! Дар боғе, ки андалебро шикор мекунанд, чуғз месарояд, медонед?”

Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Шӯрои Воситаҳои ахбори омма

Имруз матбуот рисолати аслии худ — паҳн кардани иттилооти тозаро аз даст додааст. Чун мисли дигар воситаҳои пахнкунии иттилоот, фаразан интернет ва ё васоити электронии ахбор (телевизион, радио) фаврияти дастрасии иттилоотро ба аудитория таъмин карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, матбуоти замони муосирро зарурат пеш омадааст, ки контент (муҳтаво)-и худро тағйир диҳад ва бештар ба нашри матолиби тахлилӣ рӯ орад. Ояндаи матбуоти точик ба масс-медиа алокамандӣ дорад. Имрӯз зина ба зина масс-медиа ба ҷомеаи журналистии Точикистон низ ворид мешавад. Намунаи он дар шакли медиа-холдинг Азия-плюс буда метавонад, ки рӯзнома, радио, вебкаст, подкаст ва мисли инро дар фаъолияти худ муттаҳид менамояд, то аудиторияи худро аз даст надиҳад ва ҳатто тавсеа бахшад.

Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

Яке аз медиамагнатҳои амрикоӣ гуфта буд: «Вазъ ва озодии матбуотро донистан мехоҳед? Ба теъдоди нашри онҳо нигоҳ кунед, посух меёбед!». Барои посух ба саволи шумо ман ҳамин посухро муносиб медонам. Албатта, манзур нашрияҳои ҳукуматӣ ва нимаҳукуматие нестанд, ки бо обунаи маҷбурӣ шояд чанд ҳазор нусха нашр мешаванд.

Ман бовар дорам, ки оянда мардум ба матбуот дигарбора рӯ меоранд. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба чизи дилбазан табдил хоҳанд ефт. Аммо одамон матбуоти озод ва босифатро қабул хоҳанд кард, на нашрияҳои вобаставу бесифатро.

 Хуршед Атовулло, директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Матбуоти чопӣ, аниқтараш матбуоти чопии мустақил дар холати ҷон кандан қарор дорад. Агар муносибати масъулини давлатӣ, ки вазифаи хешро дар амиқтар кардани ҷарӣ миёни матбуоти давлатию хусусӣ бо эҷоди рақобати носолим ва чонибдории яктарафа мебинанд, бошад, пас ин матбуоти мустақил ба оҳистагӣ аз байн меравад.

Далер Мерганов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»

Эътироф бояд кард, ки ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои фаъолияти мақсадноку ширкати фаъолонаи аҳли қалам шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлилӣ ва танқидии воситаҳои ахбори омма” ва баргузории нишастҳои матбуотӣ аз иқдомоти беназир дар ин самт маҳсуб мешаванд. Чунин дастгирӣ, ки дар ягон кишвари олам вуҷуд надорад, имкони хубест, то журналистон минҳайси ҳокимияти чорум мавқеашонро мустаҳкам намоянд.

Набӣ Юсупов, раиси созмони «Медиа-консалтинг»

Вазъи имрӯзаи матбуоти чопӣ дар ҳолати бад қарор дорад. Замоне буд, ки васоити ахбори омма вазифаҳои худро дар самти паҳн кардани иттилооти мувофиқ ва объективӣ пурра иҷро карда метавонистанд ва наметарсиданд, ки барои матлаби навиштаашон ба онҳо фишор ё ҷазои беасос дода мешавад. Имрӯз вазъ, мутаассифона, нигаронкунанда аст. Ҳар рӯзноманигори муқаррарӣ орзу мекунад, ки дар кишвараш «журналистика» дар як ҷо наистода, пешрав бошад, мустаҳкам шавад, дӯсти вафодор, ҳамсафар ва ёрдамчии хонандагон, бинандагон ё шунавандагони худ бошад. Аммо, ба вазъи кунунии кишвар нигариста, пешгӯӣ кардан душвор аст, ки моро дар оянда чӣ интизор аст. Имруз ВАО-и давлатӣ контенти яктарафа паҳн мекунад ва душвор аст, ки онро иттилои актуалӣ ва ба талабот ҷавобгӯ бигӯем. ВАО-и мустақил, ки дар мушкилтарин шароити иқтисодӣ қарор доранд, ҳатто агар онҳо инро ҳам бихоҳанд, наметавонанд ҳамеша расонаҳои комилписанд бошанд. Тавре мегӯянд, «дунё ба умед». Умедворем, ки дар оянда кори васоити ахбори оммаи мустақил қадрдонӣ мегардад ва маҳдудиятҳое, ки онҳо дучор мешаванд, дигар монеаи кори ҳаррӯзаи онҳо нахоҳанд шуд.

 Таҳияи

Шаҳноз Ализода,

Абдуғаффор Шодиев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here