Дар асри 21 одамонро бе телефон дидан номумкин аст. Телефон барои инсон ба монанди як узви бадан аст, ки гӯё бе ин узв дигар узвҳои ӯ кор намекунанд.

Баъд аз пайдо шудани телефон ва интернет инсонҳо ба монанди роботҳое шудаанд, ки гӯё мағзи сарашонро гирифта, ба ҷояш оҳанпора гузошта бошанд, ки дар зери итоати телефонанд. Гӯё телефон моро идора мекунад. Моро ба махлуқҳо низ табдил додаст. Оё моро чун ғулом истифода мебарад?

Телефон бо инсон чунон дӯст шудааст, ки дар ҳама ҳолат бо одамон аст. Ҳатто дар сари мизи хӯрокхӯрӣ низ ҳамроҳамон аст. Таваҷҷуҳ танҳо ба телефон аст, на ба шахсони дар наздат қарордошта. Ҳар шахс вақте аз хоб бедор мешавад, пеш аз ҳама ба телефон таваҷҷуҳ мекунад, на ба аъзои оила. То он дараҷае моро кӯр кардааст, ки пеши роҳамонро намебинем, ба кадом самт рафтанамон муайян нест. Чунон бераҳмамон кардааст, ки агар шахсе дар ҳолати марг бошад, мо ӯро акс мегирем, ба ҷои он, ки ба ӯ ёрӣ расонем. Роҳнишондеҳи зиндагии мо телефон аст. Бе телефон ҳаёт нест.

Мақсади навиштаҳои мо дар он аст, ки мегӯянд «асалро камаш доруст». Ҳама чизро бо меъёр истифода баред, зеро инсон озод аст, на ғуломи сохтаи дасти худ.

Шаҳзод ФАЙЗИЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here