Вақте бо нақлиёти мусофиркашон ба ҷойи лозимаатон рафтан мехоҳед, тифоқан ба 4 вазъият рӯ ба рӯ мешавед. Якум, дер омадани нақлиёт, дуввум, набудани ҷой, саввум, муомилаи нохушоянди ронанда ва кондуктор, чорум, надоштани пули майда.

Дер омадан ва набудани ҷойи нишаст ҳолати муқаррарист. Мардум ҳам ба зиёд будани мусофирон нигоҳ накарда, ба нақлиёте, ки аз лабу даҳонаш одам мерезад, савор мешаванд. Омӯхта шудаанд, ки 5-6 дақиқа интизор шудан бефоида буда, вақти қиммат меравад. Мусофиркашон бошанд, гоҳ дер меоянд, гоҳ баробар ва гоҳ намеоянд. Мегӯянд, ба болои сӯхта намакоб, бар замми ҳамаи ин гапҳои бемаззаи ҷоншикофашон табъи мусофиронро озурда мекунанд. Агар пули майда надошта бошед, вой бар ҳолатон, “хай буфро агане” гуфта, таҳдид ҳам мекунанд. Як воқеаро дидам, ки ба гуфтаи боло оид аст.

Душанбе, соати 08:10. Дар хатсайри №54. Баробари ман як кампири тахминан 60-солае савор шуду ҳуҷҷати дар дасташ бударо нишон дода, ройгон будани нақлиётро ба кондуктор мегуфт. “Дурӯғ мегӯй, фақат бепул мерай?”. Кампир ба суоли ҷоншикофи пулчинак даҳон накушод. Аз чеҳрааш маълум буд, ки ниҳоят ноҳинҷор шудааст. Боз пулчинаки бешарм чанд бор ба рӯйи кампир дида давонида, гуфт: “Раҳкиро наметӣ, хола?”. Ӯ ҳамоно сокит буд.

Аз радио суруди дилнишину форами ҳофизе, ки дар васфи модар мехонд, баландтар садо дод. Хониши радиоро овози пулчинаку ҷавоне халалдор сохт. Сабаби баҳси онҳо надоштани пули майда буд. Кампир гӯё, ки кафида бошад: “Садқаи одам шавӣ, на ҳурмати пиру на ҳурмати ҷавона медонӣ, манӣ кампир майлаш, ба ин ҷавон чӣ мечаспӣ!? Ақаллан дар рӯзи ид ғам нате!”. “Хола худат пул надодӣ” гуфтани ронанда ғазаби кампирро зиёд кард. Ҳуҷҷаташро нишон дода, «намедиҳам» мегуфт ӯ. Баъди чанде “бо байти модар гӯш мекардаст ин тирмизак” гуфта, ғазабашро паст мекард. Ашк аз чашмонаш шаррос мерехт, талх-талх мегирист. Шояд дилаш ба ҳоли ҷавонони имрӯза месӯхт.

Ин гуна воқеаҳо бисёр рух дода меистанд. Масалан, ҳодисаи дигар, ки айнан дар ҳамин хатсайр буд, хеле аҷиб аст. Ҷавоне ба кондуктор 200 сомонӣ медиҳад, то роҳкироро гирифта бақияашро диҳад. Ронандаи аз ин ҳол воқиф пулро гирифта, медаронад ва 98 сомониву 50 дирам тангаву 100 сомонии қоғазӣ медиҳад. «Акнун то расидан ба манзил шумурда рав» гуфта, тамасхуромез механдад. Ҷавон бошад, ҷавоби аҳмақ сукут гӯён, чизе намегӯяд. Сабаби ду қисм кардани пул бозпас нагирифтани он будааст.

Дағалгуфтории кондукторону тезҳайкунии ронандагонро дар ҳама хатсайрҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Дар нақлиёти мусофиркашонии №8 аксаран вақти равуои донишҷӯён ҷойи сӯзанпартоӣ намеёбед. Аз сабаби зиёд будани одамон дар нақлиёт, дастаке, ки барои доштани мусофирон насб шудааст, шикаста, қариб чанд нафарро захмӣ карда буд. Боз ронанда зери лаб ғур-ғур карда, ҳозиринро айбдор мекард. Беҳуда намегӯянд, ки “нафси бад балои ҷон”. Мушоҳидаҳоямро бо гуфтаи устод Фарзона ҷамбаст мекунам:

Бишав боре саодатхоҳи одам,

Ниҳонфаҳму ҷаҳоногоҳи одам.

Ту донишгоҳи олам хатм кардӣ,

Даро акнун ба донишгоҳи одам.

Абдуғаффор ШОДИЕВ 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here