Ва ё қиссаи аҳди бародархондагӣ

Чорводорони деҳаи Зархок ҳар сол моҳи июн мавзеҳои ҳоли худро пешандоз карда, ба мавзеҳои овулнишин кӯч мебастанд. Қариб тамоми фасли тобистонро дар он ҷо мегузарониданд. Дараҳои салқину сероб ва сералаф дар гармои тобистон ҳам барои авулнишинон ва ҳам барои парвариши ҳайвонот ҷойи мувофиқ буд. Бачаҳои деҳа аз дараҳо ҳезум ҷамъ оварда, барои зимистон захира мекарданд. Аввали тирамоҳ бошад, авулнишинон боз ба сӯйи деҳа бо захираи зиёди чаккаю қурут ва равғани зард бармегаштанд.

Имсол авул ба мавзеи Ёрғай кӯч баст. Чандин сол боз Нурӣ вазифаи чӯпониро иҷро мекард ва нисбати моли мардум дилсӯзу ғамхор буд.
Рӯз бегоҳ мешуд. Нӯрӣ-чӯпон рамаро, ки дар дараи Шахбанд парешон шуда буд, ҷамъ карда, ба сӯйи авул равон кард. Ба қади сой фаромада, аз чашма об нӯшид ва ба атроф назар андохт. Ба гӯшаш садои нолише расид. Каме дуртар як вазза ҳезуми чаппашуда меистоду шахси дар зери он монда нолиш мекард. Нурӣ бо оҳистагӣ он шахсро аз зери вазза кашола карда баровард, ки оғуштаи хоку хун буд. Ӯро шинохт, ҳамдеҳааш Маҳмуд буд. Нурӣ чӣ кор карданашро намедонист, чунки вай бо Маҳмуд ногап буд ва ин сабабе дошт.
Падари Маҳмуд дар бозори мол савдогарӣ ва даллолӣ мекард. Ҳар гоҳ ки нархи моли майда пасттар мешуд, миқдори зиёди бузу гӯсфандонро харида, ба рамаи деҳаашон ҳамроҳ мекард ва ҳамин ки нарх баландтар шуд, боз ба бозор бурда мефурӯхт.
Соли гузашта ҳангоми қабули моли мардум, ки дар шаш моҳ як маротиба чӯпонҳо шуморида мегирифтанд ва ҳаққи хизмати худро ҷамъ мекарданд, Маҳмуд ба назди Нурӣ омад:
— Нурӣ, ду сар бузи моён дар рама нест, ту ё нест кардаӣ, ё гург хӯрдаааст!
— Ба рамаи ман гург зарар накардааст ва мол гум ҳам нашудааст, — гуфт Нурӣ.
— Намедонам, агар гург хӯрда бошад, нишонаашро ёфта деҳ, агар гум карда бошӣ, ҳаққи хизмати шашмоҳаатро намедиҳам, — ҷавоб гардонд Маҳмуд.
Ана ҳамин тавр ба Нурӣ-чӯпон тӯҳмат зада, музди хизмати шашмоҳаашро надоданд. Аз ҳамон вақт сар карда Нӯрӣ бо Маҳмуд гап намезад.

***
Нурӣ Маҳмуди маҷруҳро бардошта, ба лаби чашма овард. Чанд ҷойи сараш кафида, рӯяш хуншор ва аз зону поён банди пояш шикаста буд. Ба Маҳмуд об дод, бо корд мӯзаашро бурида, онро аз пояш кашид. Ҷойи шикастаро бо миёнбандаш сахт карда баст.
— Нурӣ, — ба гап даромад Маҳмуди ба худомада, — ман дар ҳаққи ту номардӣ кардам, бузҳоямон гум нашуда буданд. Ман ду сар бузро пинҳонӣ аз ту аз рама ҷудо карда, фурӯхта будам. Пулашро дар қиморбозӣ бой додам. Падарам хабар надорад. Ба ту ман туҳмат карда, музди хизмататро надодам. Маро бубахш, ҷазои туҳматчӣ ҳамин будааст!
— Сиҳат шавӣ, ҳақамро медиҳӣ, ҳоло вақти ин гапҳо не, — гуфт Нурӣ, — харат дар куҷо бастагӣ?
— Харам кайҳо ресмонро канда рафтааст.
Атрофро торикӣ фаро гирифт, то авул қариб якуним километр роҳ буд. Нурӣ Маҳмудро пуштора карда ба роҳ даромад.

***
Он шаб дар авули Ёрғай нооромӣ буд. Хари Маҳмуд ресмонро кашола карда, ба авул омад, вале аз Маҳмуд дараке набуд. Рама бе чӯпон ба авул омад. Дар авул қариб ки мардҳо набуданд, аксар занону бачагон мезистанд. Баробари фаромадани торикӣ хавотирӣ зиёдтар шуд. Занҳо маслиҳат карда, як гуруҳ бачагони калонсолро ба сӯйи дараи Шахбанд ба ҷустуҷӯ равона карданд. Ҷӯяндагон дар даст чароғи дастию фонусҳо фарёду мағалкунон мерафтанд.
Нурӣ дар пушторааш Маҳмуд гоҳ-гоҳе дам мегирифт. Аз ҷароҳатҳои Маҳмуд хун рафта, баъзан аз ҳуш мерафт. Нурӣ ба рӯйи Маҳмуд об пошида, ӯро ба ҳуш меовард ва боз ба роҳ мебаромад. Ба гӯшаш садои доду фарёди бачаҳо расид, ки номи ӯ ва Маҳмудро гирифта, фарёд мекашиданд. Маҳмудро аз пушторааш ба замин гузошта, фарёд кард. Баъди чанд лаҳза бачаҳои чароғбадаст расида омаданд. Дар равшании чароғ аз шохаҳои хушкида дастаке ба мисли норбонча сохта, ба рӯяш чанд ҷомачаи бачаҳоро партофта, Маҳмудро хобониданд. Акнун бурдани маҷруҳ осонтар шуда буд.
Дар авул занҳои калонсол пораи намадсӯхтаҳоро ба захмҳои Маҳмуд баста, хунро ист кунониданд. Пагоҳӣ Маҳмудро ба деҳа фиристоданд.
Аз ҳамон вақт инҷониб Нурӣ ва Маҳмуд аҳди бародархондагӣ бастанд ва аз ҳоли ҳамдигар доимо пурсон мешаванд.
Шоир гуфтааст:
Дӯст машмор, он ки бар неъмат занад,
Лофи ёрию бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дар мондагӣ.

Ато КАРИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here