Тӯли қариб ду моҳ аст, ки як чизро мушоҳида мекунам ва натавонистам худро аз он канор гирам: Норасоии нақлиёти мусофирбар дар хатсайри 14, аз Гипрозем то маҳаллаи Чаноро.
Чун ҳар бегоҳ аз дарс дертар мебароям, дар гардиши «Мардон» як гуруҳ донишӯҷёнро мебинам, ки нази чароғаки роҳнамо мунтазири нақлиётанд. Боре аз як нафари онҳо пурсон шудам, ки мунтазири кадом нақлиёти мусофирбар, яъне хатсайри чанд аст? Ӯ, ки номаш Фотимаву оиладор будааст, гуфт: «Тӯли 3 соле, ки донишҷӯ ҳастам, бо ин мушкилӣ рӯ ба рӯям. Аз дарс дер мебароям. Қариб ҳар рӯз то 1,5 — 2 соат нақлиёти хатсайри 14-ро мунтазир мешавам. Ҳамсарам ҳар рӯз ҷангам мекунад, ки чаро дер кардам. Мегӯям, ки нақлиётро интизор шудам!».
Худ низ шоҳиди ҳамин гуна норасоии нақлиёт гаштаам. Бо як донишҷӯи дигар — ҳамкурси худам, ки ӯ ҳам аз нақлиёти 14 истифода мебарад, қариб ҳар рӯз мунтазири меистем.
Донишҷӯи дигаре, ки номаш Замира асту дар назди фурудгоҳ зиндагӣ мекунад, мегӯяд: «Дарсамон соати 18:50 тамом мешавад. То «Мардон» меояму мунтазири нақлиёт мешавам, соат 20 — 20:30 мешавад. Як — якуним соат дар роҳ меравам. То ба хона мерасам, ки соат 22 мешавад. Қариб ҳар рӯз ҳамин хел аст. Бисёр хуб мешуд, ки шумораи нақлиёти ин хатсайрро зиёдтар мекарданд ва мо донишҷӯён бо осонӣ ба хонаҳои худ мерасидем».
Дар ин миён шахсони калонсол низ ҳастанд, ки хонаҳояшон дар назди фурудгоҳ ва дуртар аз он асту худ дар донишкадаву коллеҷҳо кору фаъолият мекунанд ва бо ин мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Барои санҷиш аз Гипрозем ба нақлиёти хатсайри 14 нишастам, дар 50 дақиқа ба фурудгоҳ расидам. Аз ронанда хоҳиш кардам, ки то охири ҳамин хатсайр барад, аммо рад кард. Аз фурудгоҳ то маҳаллаи Чаноро, ки охири хатсайр ҳамон ҷосту онҳоро дар ҳамон ҷо ба қайд мегиранд, пиёда рафтам.
Аз бақайдгирандаи маҳаллаи Чаноро (нахост номашро гӯяд) пурсон шудам, ки дар як рӯз чанд нақлиёти хатсайри 14-ро ба қайд мегиранд? Мегӯяд, ки «дар як рӯз аз 45 то 48 ададро ба қайд мегирам, ки онҳо баъзеашон аз 2 то 6 давр мегарданд. Вале бисёре аз ронандагони хатсайри мазкур то маҳаллаи Чаноро барои бақайдгирӣ намеоянду дар гардиши фурудгоҳ мусофиронро мефароранд ва онҳо ноилоҷ ба манзили худ пиёда мераванд».
Баъдан хостам аз назораткунандаи ҳамин хатсайр пурсон шавам, ки хатсайри 14 чанд адад нақлиётро дар бар мегирад. Ба ККВД «Автобус — 3» рафтам. Сардори шуъбаи истифодабарии нақлиёт Сулаймон Гадоев ба саволам чунин посух гуфт: «Хатсайри 14 ҳамагӣ 60 нақлиёт дорад».
Пас, маълум мешавад, ки воқеан ҳам на ҳамаи ронандагон то охири роҳ мераванд. Онҳо дар пайи манфиати худ ҳуқуқи мусофиронро поймол мекунанд!

Дилшод БОЛТАЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here