Ҳамқадами замон

Рушди истеҳсолоти босифат аз кадрҳои баландихтисос вобастагӣ дорад, ки барои амалӣ намудани ин ҳадаф фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф нақши марказиро мебозад. Боиси қаноатмандии комил аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумуъ, ба сатҳи талаботи замон созгор намудани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии таълим чораҳои мушаххас меандешанд. Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, ҷиҳати тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд, ки амри мазкур хеле саривақтӣ ва баёнгари таваҷҷуҳи хосса ва авлавият бахшидани ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад.

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаи худ арза медоранд, амалӣ намуда, нақшаи кории солонаи худро ҳамчунин мутобиқ ба талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», “Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Маълумоти умумӣ

Ба қавли мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Норак С. Ҳайдарзода, феълан дар тобеияти Шуъбаи маорифи шаҳри Норак 38 муассисаи таълимӣ қарор дорад, ки аз ин 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 Литсейи давлатии “Нурбахш”, 1 гимназияи давлатӣ, 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва инчунин, муассисаи №83-и филиали Ногинскийи Федератсияи Россия мебошад. Тибқи омори пешниҳоднамудаи мудир, дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Норак 15351 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2019-2020-ум 450 нафар зиёд буда, ба онҳо 911 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Аз зумраи омӯзгорон 510 (56%) нафар дорои таҳсилоти олӣ, 51 (5,5%) нафар дорои таҳсилоти олии нопурра, 264 (29,1%) нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 86 (9,4%) нафар дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.

Фаъолияти кабинети методӣ

Мувофиқи нақша — чорабиниҳои кабинети методии шуъбаи маориф дар соли 2020 ба муассисаҳои таълимӣ, марказҳои назди шуъбаи маориф, муассисаҳои томактабӣ оид ба ҳолати таълим ва сифати дониши хонандагон, роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим, ҳолати дафтару рӯзномадорӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ, ҳуҷҷатдорию ҳуҷҷатнигории роҳбарони иттиҳодияи методӣ, фаъолияти роҳбарони синф, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, кори роҳбарони маҳфилҳои фаннӣ, меъёри баҳогузорӣ ба корҳои хаттии хонандагон ва дар дигар самтҳо ёрию тавсияҳои методӣ дода шудааст. Дар ҳамин ҳол, мушовирони кабинети методӣ зиёда аз 225 соат дар дарсҳои омӯзгорони фаннии муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ иштирок намудаанд, ки 110 соаташро дарсҳои мутахассисони ҷавон ташкил медиҳад.

Инчунин, мувофиқи реҷаи гузаронидани семинарҳои доимоамалкунанда дар соли 2020-ум 10 машварати доимоамалкунандаи шаҳрӣ бо иштироки директорони муассисаҳои таълимӣ, директорони марказҳои назди шуъбаи маориф, мудирони муассисаҳои томактабӣ, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, омӯзгорони фаннии муассисаҳои таълимӣ гузаронида шудааст. Ғайр аз ин, дар назди муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаи маориф 25 семинарҳои омӯзишӣ ва машваратҳои ғайринавбатӣ баргузор гардидааст.

Мусаллам аст, ки бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-динӣ филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки аз ҷониби “Тоҷикфилм” омода гардидааст, ба тамоми хонандагони синфҳои аз 6 то 11-уми муассисаҳои таълимии шаҳри Норак намоиш дода шудааст.

Бо иштироки беш аз 20 нафар роҳбарони синфҳои 6-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Норак рӯзҳои 6-7-уми октябри соли гузашта тибқи Барномаи омӯзиши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳо гузаронида шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар сметаи хароҷотии муассисаҳои таълимӣ 130940 сомонӣ пешбинӣ гардида, то оғози мавсими зимистонгузаронӣ ҳамаи муассисаҳои таълимӣ маблағгузорӣ ва нақшаи пешбинишудаи маводҳои сӯзишворӣ 100% иҷро шудааст.

Фаъолияти муассисаҳои томактабӣ

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар 4 муассисаи таҳсилоти томактабии шаҳри Норак 629 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 66 нафар омӯзгорон, мураббияҳо ва ёрдамчиёни мураббияҳо вобаста гардидаанд. Дар баробари ин, дар назди 16 муассисаи таълимӣ 24 гуруҳи Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки дар он 502 нафар тарбиягирандагони 5-6-сола таълиму тарбия мегиранд. Маҷмӯан, фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак 1131 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, соли таҳсили 2020-2021 дар асоси ташхиси тиббӣ-педагогӣ 82 нафар ноболиғон аз ҳисоби кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таълими инфиродӣ дар хона ҷалб карда шудаанд, ки аз ин шумора 33 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Дар оғози соли таҳсили 2020-2021-ум 21 нафар мутахассисони ҷавон тибқи роҳхат ба кор равон карда шудаанд, ки 21 нафар мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Оид ба амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2015, №433 «Дар бораи муқаррар намудани иловапулӣ барои мутахассисони ҷавоне, ки дар деҳот кор мекунанд», дар соли 2020-ум 27 нафар омӯзгорони ҷавон баҳравар гардида, ба маоши онҳо 10% иловапулӣ муқаррар карда шудааст.

Инчунин, барои амалӣ гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон», соли 2020 ба 6 нафар омӯзгорони ҷавон барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 6000 (шаш ҳазор сомонӣ) қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст, ки инҳо Тағоев Далер — омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ аз гимназияи давлатии №1, Ашуров Меҳроб — омӯзгори фанни физика аз муассисаи таълимии №28, Назарова Назархотун — омӯзгори фанни забони англисӣ аз муассисаи таълимии №5, Ҳакимов Фазлиддин — омӯзгори фанни физика аз муассисаи таълимии №8, Мирзоев Сафиаллоҳ — омӯзгори фанни физика,технологияи иттилоотӣ аз муассисаи таълимии №8 ва Мирзошарипов Азамат — омӯзгори фанни забони англисӣ аз муассисаи таълимии №22 мебошанд.

Рушди муассисаҳои соҳаи маориф

Дар назди муассисаи таълимии №2 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи падару модарон 1 бинои нави иловагӣ иборат аз 5 синфхона барои 250 нафар хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин, дар назди муассисаи таълимии №9-ум 3 синфхонаи иловагӣ таҷдид карда шуда, ба истифода дода шудааст. Таҳти сарпарастии роҳбари корхонаи ҶДММ (ЭМЗ) Азимов Хуҷамурод толори варзишӣ ва толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст. Бинои синфҳои ибтидоӣ бошад, бо дастгирии кумитаи АВО-и муассисаи таълимӣ аз тарафи кормандони НОБ-и Норак ба номи Турсун Улҷабоев бо системаи мутамарказонидашудаи барқӣ пайваст карда шудааст.

Аз тарафи ЮНИСЕФ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар чор ошёна ҳоҷатхонаҳо барои 4 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст, ки аз ин дар ошёнаи якум як ҷой барои кӯдакони имконияташон маҳдуд низ ба тамоми талаботҳо ҷавобгӯ ба истифода дода шуда, дар маҷмуъ 17 (ҳабдаҳ) ҷойи нишастро барои истифода таъмин менамояд.

Дар муассисаи таълимии №10-и шаҳри Норак ду гармхона сохта шудааст, ки дар онҳо 473 бех сабзавоти бодиринг ва ниҳолҳои лиму шинонида шудааст.

Нақшаи таъмини кабинетҳои фаннӣ

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2017, №544 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” ва мувофиқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Норак соли 2018 чор номгӯй ва дар соли 2019 даҳ номгӯй кабинетҳои фаннӣ ташкил карда шудааст.

Ба ин минвол, иҷроиши таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Норак тайи солҳои 2018 -2019-ум 100% иҷро гардидааст. Дар соли 2020 бошад, аз шумораи 13 номгӯй кабинетҳои фаннӣ 3 номгӯи кабинетҳои фаннӣ пурра таҷҳизонида шудааст. Мувофиқи нақша бояд 26 номгӯй кабинетҳои фаннӣ дар се соли таҳсил пурра таҷҳизонида мешуд, вале бо сабаби ҷудо нагардидани маблағҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллии шаҳр ташкил ва ҷиҳозонидани 10 номгӯй кабинетҳои фаннӣ дар соли 2020 то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, феълан дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 643 адад компютер, 123 адад принтер, 28 адад тахтаи электронӣ, 41 адад проекторҳо, 16 адад генератор, 62 адад дастгоҳи лингофонӣ (дар 4 синфхона), 182 шакли электронии китобҳои дарсӣ, 36 адад модем мавҷуд аст. Шуъбаи маориф, МДРИ ва МТИК ба шабакаи интернет тариқи ноқил пайваст мебошанд.

Ҷилои истеъдодҳо

Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и шаҳри Норак дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва соҳибистеъдод озмунҳои фаннӣ ташкил намуда, як гуруҳ хонандагони лаёқатмандро ба марказ ҷалб намудаанд. Аз 1-уми октябр то 19-уми ноябри соли 2020 дар муассисаҳои таълимӣ ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳр дар асоси Низомномаи олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.08.2018, №17/4 ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳр аз 30.09.2020, №103 даврҳои якум ва дуюми олимпиадаҳои дохилимуассисавӣ ва шаҳрӣ аз 11 фанни таълимӣ баргузор гардид, зиёда аз 7594 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр аз синфҳои 5 то 11 иштирок намуда, 389 нафар ба даври сеюми олимпиада роҳхат гирифтаанд. Айни ҳол ҳамин 389 нафар хонандагон дар маҳфилҳои марказ бо омӯзгорони ботаҷриба баҳри тайёрӣ ба олимпиадаҳо машғулиятҳо мегузаронанд.

Илова бар ин, рӯзи 17-уми ноябри соли пор дар ноҳияи Фархор даври сеюми (минтақавӣ) олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанни забони тоҷикӣ гузашт, ки дар он 12 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак иштирок намуда, 6 нафарашон аз муассисаҳои таълимии №28 — Латипова Дилноза, Ашурова Мавзуна — №9, Абдуллоева Нигора — №7, Дилшодзода Меҳрангез — №2, Наҷмова Азиза — №5 ва Саидова Меҳрона — №11 соҳиби роҳхат ба даври вилоятии олимпиада гардиданд.

Ҳамчунин, моҳи ноябри соли 2020 бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфти истеъдодҳои болаёқат ва фавқуттабии наврасон, тарбияи насли наврас дар руҳияи китобдӯстӣ, муҳаббат ба муаллиму мактаб ва меҳанпарастӣ, таҳким бахшидани шавқу ҳаваси хонандагон дар самти омӯзиши таърихи пурғановати ниёгон тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 31-уми марти соли 2020, №101 “Дар бораи Низомномаи озмуни шаҳрии Навқалами умедбахш” дар марказ даври дуюм ва дар вилоят даври сеюми (ниҳоӣ) озмуни вилоятии “Навқалами умедбахш” баргузор гардид. Дар даври дуюми озмун зиёда аз 40 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона ширкат варзиданд. Озмун аз рӯйи се номинатсия — “Шеъри беҳтарин”, “Афсонаи беҳтарин” ва “Ҳикояи беҳтарин” асосан, бо фарогирии мавзуҳои тарбияи ватандӯстӣ, ифтихор аз тамаддуни бой ва қадимаи миллати тоҷик, ҳурмати падару модар, арҷ гузоштан ба хизмати устодон, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, парвариши муҳаббат ба касбу ҳунар, тарғиби ҷойҳои сайёҳӣ, васфи ахлоқи ҳамида, хислатҳои неки инсонӣ, эҳтиёткорӣ аз хатарҳои ҷаҳонӣ муосир, чун шахсият ба воя расонидани насли ҷавону ояндасоз, эҳтироми арзишҳои волои миллӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими истиқлолият иборат буданд.

Хонандагони шаҳри Норак бештар дар номинатсияи “Шеъри беҳтарин” ва “Ҳикояи беҳтарин” фаъол буда, дар умум 7 нафари онҳо ҳамчун ғолиби даври дуюм дар даври вилоятӣ иштирок намудаанд. Аз инҳо 2 нафар хонанда — Абдуллозода Бузургмеҳр — хонандаи синфи 10-и Гимназияи давлатии №1 дар номинатсияи “Ҳикояи беҳтарин” ва Ҷабборзода Ситора — хонандаи синфи 10-и МТМУ-и №8 дар номинатсияи “Шеъри беҳтарин” сазовори ҷойҳои якум, ифтихорнома ва ду ҳазор сомонӣ, инчунин, 2 нафар хонандаи дигар — Азимова Малоҳат, хонандаи синфи 7-и Литсейи давлатии “Нурбахш” ва Мусулмонова Мадина, хонандаи синфи 3-и МТМУ-и №1 дар номинатсияи “Ҳикояи беҳтарин” соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва 250 сомонӣ туҳфа гардида, бо Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шудаанд.

Соли ҷамъбастӣ озмуни “Муаллими соли Тоҷикистон-2020” бо иштироки 10 нафар омӯзгорони беҳтарин баргузор гаштааст. Дар ин озмун 2 нафар ғолиб омадаанд, ки инҳо Маҳмадуллоева Шаҳрбону аз муассисаи таълимии №3 ва Содиқзода Даврон аз муассисаи таълимии №4 мебошанд. Дар даври сеюми вилоятӣ Маҳмадуллоева Шаҳрбону роҳхат гирифта, ғолиби ҷойи дуюм ва Ифтихорномаи Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон шудааст.

Озмуни “Мураббияи соли Тоҷикистон-2020 бошад, бо иштироки 4 нафар мураббияҳои муассисаи таҳсилоти томактабӣ баргузор гардида, дар он мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №3 Яқубова Нисо сазовори роҳхат ба озмуни вилоятӣ гаштааст.

Қобили тазаккур аст, ки мувофиқи чорабиниҳои Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷиҳати амалӣ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар назди Шуъбаи маорифи шаҳр озмунҳои “Беҳтарин омӯзгори фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ” дар моҳи апрели соли 2020 гузаронида шуда, дар он аз 154 нафар омӯзгорони фанҳои дақиқ 64 нафарашон иштирок намудаанд. Озмун дар ду давр, аз 4-уми апрел то 5-уми майи соли 2020 гузаронида шудааст. Дар натиҷаи рақобати солим 2 нафар ғолиби ҷои аввал, 2 нафар ғолиби ҷои дуюм ва 3 нафар ғолиби ҷои сеюм гардида, бо ифтихорномаҳои Шуъбаи маориф ва мукофотпулӣ сарфароз шудаанд.

Зикри ин нукта бамаврид аст, ки ҷиҳати иҷроиши дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.10.2020, №06/32306 барои вусъати чорабиниҳо оид ба тақвияти малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ дар се минтақа бо ҷалби роҳбарони иттиҳодияҳои методии дохилимуассисавӣ, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва китобдорони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии “Ҳамроҳ бихонем” хеле хуб ва мақсаднок гузаронида шудааст.

Машъалафрӯзони “Фурӯғи субҳи доноӣ…”

Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки соли дуюм бо ибтикор ва дастури бевоситаи Пешвои миллат баргузор мешавад, 346 нафар довталаб, аз ҷумла 309 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 37 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, дар доираи талаботи Озмун малака ва истеъдоди худро нишон додаанд. Аз шумораи 37 нафар иштирокчиён 16 нафар аз соҳаи маориф, 3 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр, 13 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 1 нафар донишҷӯ, 3 нафар кормандони бахши фарҳанги шаҳри Норак, 2 нафар нафақахӯрон, 2 нафар соҳибкорон, 2 нафар занони хонашин,11 нафар ҷавонон иштирок намудаанд.

Комиссияи озмуни даври шаҳрӣ муқаррарот, лаёқат, малака, маҳорати иштирокчиёнро таҳлил ва натиҷагирӣ карда, ғолибони даври шаҳриро муайян намудааст. Аз ин миён ду нафар — Пирова Шаҳноза, омӯзгори муассисаи таълимии №3 ва Фатҳуллоева Мавзуна, хонандаи синфи 8-и Гимназияи давлатии №1 аз даври вилоятӣ сарбаландона гузашта, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд. Дар даври ҷумҳуриявӣ дар номинатсияи шоирӣ Пирова Шаҳноза ғолиби ҷойи дуюм дониста шудааст. Амирова Аниса, хонандаи синфи 2-и МТМУ №1 бошад, ҷойи ифтихориро ноил гардидааст.

Номоварони озмуни байналмилалӣ

Боиси сарафрозии маорифчиёни шаҳри Норак аст, ки соли 2020 аз байни хонандагони тоҷикистонӣ танҳо 12 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак тавонистаанд тариқи онлайн ба Озмуни байналмилалии аксҳо ва корҳои видеоӣ дар мавзӯи “В кадре Детство”, ки он беш аз 200 нафар кӯдакон ва наврасони аз 9 то 16-соларо аз давлатҳои Мисри Араб, Алҷазоир, Тунис, Лубнон, Сурия, Урдун, Марокко, Фаластин, Русия, Белорусия, Украина, Арманистон, Тоҷикистон, Молдова, Сербия, Юнон, Британияи Кабир, Булғория, Осетияи Ҷанубӣ, Қазоқистон ва Чин фаро гирифта буд, ширкат варзанд. 3 кори беҳтарини шогирдони мактабҳои шаҳри Норак ғолиб дониста шуда, муаллифонашон соҳиби сертификат гардидаанд. Инҳо хонандагони муассисаҳои таълимии №5 Мӯсоева Комила ва Шарипова Зайнаб (омӯзгор Мӯсоева Гулшан) ва аз муассисаи таълимии №11 Мӯсоева Мунира (омӯзгор Ширинова Анора) мебошанд. Ҳамзамон, ин нукта қобили таваҷҷуҳ аст, ки ду нафар хонандагони Гимназияи давлатии №1 дар Олимпиадаи байналмилалии “HIPPO” аз фанни забони англисӣ, ки тариқи онлайн дар давлати Италия гузашт, бомуваффақият баромад намуда, соҳиби медали нуқра гаштаанд. Ду нафар хонандаи муассисаи таълимии №4 бошад, аз фанҳои биология ва химия дар Озмуни байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштаанд.

Умед ба фардои беҳтар

Дар давоми соли 2020 дар шуъбаи маориф 12 Шӯро гузаронида шудааст, ки дар он зиёда аз 121 масъалаҳои мухталифи соҳа, асноди меъёрӣ, фармоишҳо, дастурҳо, стратегияҳо, қарорҳо, барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон мавриди омӯзиш, баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудаанд.

Тавре мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Норак С. Ҳайдарзода бо итминон иброз дошт, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳудуди шаҳр новобаста ба ин дастовардҳо дар соҳа баъзе норасоиҳо мавҷуданд, ки ҷиҳати рафъи онҳо саъю талоши бештар мебояд. Баҳри ноил гардидан ба ин ҳадафҳои созандаву бунёдкорона минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ бояд кард.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Норак ҳамасола теъдоди тарбиятгирандагон зиёд гардида, эҳтиёҷ ба муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба миён меояд. Дар ин самт соҳаи маориф дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатманд мунтазам суҳбату вохӯриҳо ташкил намуда истодааст ва умед ҳаст, ки дар солҳои наздик бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мушкилот роҳи ҳалли худро меёбанд.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here