Рӯзи 14-уми феврал дар аксари кишварҳои дунё ҳамчун Рӯзи ошиқон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз ошиқон ба ҳам гулу ширинивориҳо тақдим карда, ба сайру саёҳат мебароянд. Дар бораи дар оянда ба висол расидан суҳбат мекунанд ё агар ба висол расида бошад, онро бо ҳам ҷашн мегиранд. Лекин Рӯзи ошиқон ё ба истилоҳ “Рӯзи Валентин” таърихи на он қадар хушоянде дорад.

Тибқи гипотезаҳое, ки бори аввал дар асри ҳаждаҳ аз тарафи таърихшиноси Фаронса Тиллмонт ифода шудааст, ин ҷашн ба калисоҳои Руми Қадим рост меояд. Ақидае низ ҳаст, ки Валентин аз табақаи ашрофзодагон буду дили ҳамсари ашрофзодаи дигареро ба даст овард. Ғайр аз ин, ба духтари нобинои зиндоние низ дил баста, тавассути хизматгорон дар расми “дил” нома навишта, ба ӯ мефиристод. Аз ин кори ӯ посбонҳо хабардор шуда, ба марг маҳкумаш карданд. Валентин пеш аз марг ҳам дар сурати расми “дил” ба он зиндонидухтар нома фиристод. Пас аз ин, санаи мазкур чун Рӯзи ошиқон қайд карда мешавад.

Рӯзноманигори рус Андрей Кураев бар он назар аст, ки Рӯзи Валентин сарфи назар аз чигунагиаш ҳамчун Рӯзи ошиқон таҷлил шавад. Дар Русия ин ҷашн табиатан дунявист ва аз оғози солҳои 90-уми асри 20 ҷашн гирифта мешавад. Тибқи иттилои коршиносони Маркази пажуҳишии Левада, зиёда аз 81 фисади писарону духтарони 18-24-сола ин ҷашнро таҷлил мекунанд. Инчунин, ин коршиносон гуфтаанд, ки 53 фоизи русҳо худро ошиқ меҳисобанд.

Дар Аврупо анъанаи ҷашнгирии ин рӯз аз асрҳои 12-13 шуруъ мешавад. Британиягиҳо аз асри 19 ба ин сӯ Рӯзи ошиқонро қайд мекунанд. Дар Дания бошад, дар ин рӯз ошиқон ба ҳам гулҳои хушкидаи сафед тақдим мекунанд. Дар Авсрия туҳфаи садбарги сурхи тару тоза мӯд аст. Дар Испания ошиқон ба ҳам дар ин рӯз гулҳои дӯстдоштаи худро месупоранд. Ҷавонони Фаронса дар ин рӯз ба ҳам заргариҳои гаронбаҳо туҳфа мекунанд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзи ошиқон барвақттар, аз соли 1777 ҷашн гирифта мешавад. Ошиқон ба ҳам расмҳои “дил”- и арзишманд медиҳанд. Канада ҳам шуруъ аз асри 19 ин идро хуш истиқбол мегирад. Онҳо ҳам ба якдигар гулҳои хушкидаи сафед медиҳанд.

Дар ҳамин росто, кам кишварҳои Осиё аз ин ҷашн хуб истиқбол мекунанд. Арабистони Саудӣ таҷлили Рӯзи ошиқонро барои ҷавононаш манъ кардааст.

Аммо Ҷопон Рӯзи ошиқонро аз солҳои 30-юми асри гузашта ҷашн мегирад. Ҷавонҷопониҳо ба ҳамдигар дар ин рӯз шириниворӣ ва шоколадҳои сафед медиҳанд.

Аз ҳама бештар Рӯзи ошиқон дар Австралия хуб қайд мешавад. Австралиягиҳо дар ин рӯз бисёр фестивалҳо доранд, ки шумораи онҳо ҳар сол афзоиш меёбад. Тақрибан 90 фоизи ҷавонони аз 19 то 26-солаи Австралия ин рӯзро ҷашн мегиранд. Дар Австралия Рӯзи Валентина анъанаҳои хоси худро дорад. Ошиқон ба ҳам дар ин рӯз миқдори зиёди тилло ва садҳо ҳазор фунт туҳфа мекунанд.

Бар хилофи таҷлили бошукуҳи Рӯзи ошиқон дар ақсои олам, дар кишвари мо — Тоҷикистон Рӯзи ошиқон ба таври бояду шояд қайд намешавад. Ҷавонон дар робита ба ин ҷашн фаҳмиши амиқе надоранд. Вобаста ба шинохти Рӯзи ошиқон бо чанде аз сокинони шаҳри Душанбе, махсусан ҷавонон суҳбат доштем.

Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдӣ Маҳдӣ бар он назар аст, ки аслан чунин рӯзе дар мо набуду нест. “Азбаски лафзи ишқ мақбулу писандида аст, таваҷҷуҳи мардум ҳамеша ба он ҳаст. Агар рӯзеро чун рӯзи ишқу ошиқон мепазиранд, ин ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки гуфтам. Монеае нест,- мегуяд Саъдӣ Маҳдӣ.

Лекин донишҷӯе бо исми Шаҳноза муқобили таҷлили Рӯзи ошиқон аст. “Дар як маҷалла хонда будам, ки шоҳзодаву духтаре ба ҳам ошиқ мешаванд, вале волидонашон ба оиладориашон розӣ намешаванд. Онҳо ҳамдигарро рӯзи 14-ум мекушанд. Ба ин муносибат ин  рӯзро Рӯзи ошиқон гуфтаанд”,- мегӯяд ӯ.

Хонандаи дигар Сабрина Нигин, ки муҳассили мактаби миёна аст, дар суҳбат иброз намуд: “Духтари хуб арзандаи он аст, то сари ҳар як дидор гул туҳфааш намоянд, на танҳо як рӯз. Ва боз, ин ҷашн барои мо нест. Тақлид ба Ғарб чӣ лозим?”.

Баръакси андешаи Сабрина, эҷодкори ҷавон Нодираи Собирзод гуфт, ки ин рӯзро чун рӯзи алоҳидаи ошиқон қабул дорад. “Гарчи таърихи он боиси нафрати хелеҳо гаштааст, вале бар гузашта салавот. Сабаб ин ки, бояд як санаи махсусро қайд кард. Мехоҳам ҷашни ҳар як ошиқ хотирмону нотакрор гузарад”,- афзуд ӯ.

Аммо ҷавони дигар — Некбахт Саидзода ин рӯзро тамоман қабул надорад. Ӯ мегӯяд, ки дар ин рӯз мисли ҳамеша аз пайи корҳо ва ташвиши рӯзгор мешавад.

Ҷавоне бо исми Самир таҷлили Рӯзи ошиқонро хуш дорад. Вай мегӯяд, ки “дар таърихи адабиёти бадеиву шифоҳии мо мисли Лайливу Маҷнун, Фарҳоду Ширин ва Вомиқу Азро ошиқони ноком зиёд буданд”. Самир ба он бовар аст, ки то ҳол ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши падару модар хонадор шуда, аз ҳам ҷудо мегарданду то охири умр ишқи ӯро дар дил мепарваранд.

Ҷавондухтари дигар Мижгона Шарифова низ мегӯяд, ки “бигзор ин ид бошад, то шахсони воқеан ошиқ ба ҳам изҳори муҳаббат кунанд”.

Ҳамсуҳбати дигари мо Сунатулло Ҳомидзод таъкид кард, ки “мехоҳам бо дӯстдоштаам меҳрубон бошам, туҳфае, ки арзишашро дорад, харида диҳам, бо ӯ хӯроки шом хӯрам”.

Гулбаҳори Аламхон — донишҷӯйи донишгоҳ дар ин рӯз интизори туҳфа аз шахсони наздикаш аст. “Дар ин рӯз одамон ба ошиқон ё шахсони азизи худ гул ва ширинӣ туҳфа мекунанд. Инчунин, як имконияти хуби дигар аст, то тавонем муҳаббати худро ба азизонамон баён кунем. Ман то ҳол аз касе туҳфа нагирифтаам, аммо аз азизону дӯстонам дар ин рӯз таманниёти нек умедворам”,- иброз намуд ӯ.

Нафари дигар бо исми Шаҳрия сабаби то ҳол ҷашн нагирифтани ин рӯзро ба дӯстошта надоштанаш марбут донист. Вале донишҷӯдухтари дигар Наргис Назарзода аз будани чунин ид изҳори бехабарӣ кард.

— 14-уми феврал — Рӯзи ошиқон, ин чӣ гуна ид аст, ман намедонам. Дар ҳаёти ман чунин рӯз ҷашн гирифта намешуд, ҳоло ҳам намешавад ва дар оянда низ чун рӯзҳои муқаррариам сипарӣ мешавад,- мегӯяд Наргис.

Дар робита ба ин масъала мо хостем назари шоири замонасарои ҷавон Куҳзодро фаҳмем, вале ӯ гуфт, ки “бо ин савол ба ҷавонони ошиқ муроҷиат кунед, зеро ин рӯзро сахт танқид кардаанд. Шарм медорам, то дар ин мавзуъ ҳарф занам”.

Дар миёни ҳамсуҳбатони мо рӯзоманигор Доро Суҳробӣ ягона нафаре буд, ки Рӯзи ошиқонро бо некӣ ёд карда, хотираҳои хуб ва арҷгузориаш ба ин рӯзро баён дошт. Ба андешаи Доро, ҳама рӯзи бо ҳам будани ошиқон барояшон ҷашн аст. Аммо ҳақиқате ҳам ҳаст, ки аксарияти мо дар рӯзҳои дигар на ба дилдодаи хеш муҳаббатномае менависему на туҳфае мехарем. “Бигзор ин рӯз низ чун санаҳои дигар баҳонае барои гуфтани ҳарфи дил ба ҳамдигар бошад”,- мегӯяд ӯ.

Доро ба он хотир ин рӯзро таҷлил мекунад, ки 2 сол пеш — 14-уми феврали соли 2018 ба зиндагиаш дӯстдухтараш омадааст.

— Ин рӯзро ман чун оғози як зиндагии нав ҷашн мегирам,- гуфт ӯ дар охири суҳбат.

Маҳкам МАҲКАМЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here