Чанд рӯз пеш пас аз соати сеюми дарсӣ ба ман аз хона занг зада гуфтанд, ки «либосҳои зимистонаатро бо таксӣ фиристодем» ва рақами телефони ронандаро доданд. Ба таксирон занг задам. Ӯ гуфт, ки «ман дар истгоҳи “Водонасос“ ҳастам. Ҳарчи зудтар омада боратро гир, ки вақт надорам».

Ман аз муаллимони ду соати боқимондаи дарсам иҷозат пурсида, роҳи истгоҳро пеш гирифтам. Дар истгоҳ чун ҳамеша донишҷӯён мунтазири нақлиёти хатсайрҳо буданд. Ҳарчанд хатгардҳо зуд — зуд пуру холӣ мешуданд, вале ҳеҷ не ки шумораи мунтазирон кам шавад. Гӯё замин кафида буду аз зери он донишҷӯ ҷӯш мезад ва ғалоғулаи назди истгоҳи бозори “ Корвон”-ро пеши назар меовард. Ман ҳам ба ҷараёни ин “бозор” пайваст шудам ва мунтазири омадани автобуси №22 шудам.

Автобус хеле дер кард, пас аз бисту панҷ дақиқаи интизорӣ омаду дар истгоҳ истод. То ин вақт ронандаи таксӣ чандин бор занг зада, маро ба сангпушт ташбеҳ медод. Ман, ки корафтода будам, суханони ӯро ба дил намегирифтам ва «қариб омадам» гӯён, худро халос мекардам.

Ҳаққи роҳро пардохт кардаму дар яке аз нишастгоҳҳои қафо нишастам. Ғайри ман дар автобус якчанд мусофири дигар буд. Ҳамин тавр, автобус суръат гирифт. Чанд истгоҳро ба осудагӣ гузаштему аз назди Донишгоҳи омӯзгорӣ ба тарафи “Водонасос” гашт кардем. Чун қоида автобус дар назди истгоҳи навбатӣ истод, вале ин дам аз қафо сабукраве беист сигнал дод ва бо суръат аз назди автобус гузашта, ҳаракаташро суст кард. Автобус аз нав ба роҳ даромад ва оҳиста — оҳиста суръат мегирифт. Ҳамин ҳангом сабукрави дар боло зикршуда ба пеши роҳи автобус баромаду суръаташро паст кард. Ронанда чанд сигнал доду автобусро ба хати дуюми роҳ гирифт. Вале сабукрав мисли маст калавида боз аз пеши автобус баромад. Бале, ӯ барқасди ронандаи автобус ҳаракат мекард. Мусофирон дар ҳарос афтоданд. Кампире гиребонашро дошта куф — суф мекард ва зери лаб ким — чӣ мегуфт. Чанд тан мардони миёнасоли дохили автобус ба тарафи ронандаи сабукрав дашномҳои болохонадор доданд.

Ронанда бо ҷаҳл автобусро ба хати сеюми роҳ гирифту пеши роҳи сабукрав баромад ва беист сигнал дода, автобусро боздошт. Сабукрав низ аз ҳаракат бозистод. Ронанда бошиддат дари кабинааш ва ҳамаи дарҳои автобусро кушоду бо се нафар мардак ба тарафи сабукрав дасту остин бар зада равон шуданд. Ронандаи сабукрав бошад, ҳатто дари мошинашро накушод, гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад. Мусофирони автобус ба рафти ҳодиса аз тирезаҳои автобус кунҷковона назар мекарданд. Ронандаи автобус ба тирезаи сабукрав хам шуда, бо қаҳр чизе гуфт, ки шофёри сабукрав дарро кушода фаромад. Ӯ ҷавон будааст, тахминан 20-22-сола. Баробари аз мошин фаромаданаш даъвогарон ронандаи ҷавонро миёнагир карданд. Ин дам баҳси шадиде ба миён омада буд. Вале ҷавон ҳам паст намеомад. Бовиқор меистод рӯ ба рӯи мардҳои калон. Аз либоси танаш, тамға ва рақами мошинаш маълум буд, ки пушту паноҳи “вазнин” дорад. Азбаски садояшон бароям ношунаво буд, кунҷковона аз автобус фаромадам ва чанд қадам ба онҳо наздик рафтам. Акнун баҳси онҳоро хуб мешунидам. Ронандаи автобус мефаҳмонд:

— Ман дар истгоҳ автобусро доштам, ки ин аз рӯйи қоида аст. Ин айби худи ту, ки аз қафои автобус омадӣ. Боз пеши роҳи нақлиёти ҷамъиятиро гирифтанат чӣ маънӣ дорад? Ба ҳаёти ҳамаи ин мусофирон кӣ ҷавоб медиҳад?

Он мардҳо низ ҷавонро зери борони суол гузоштанд. Аммо ҷавон гардан намефаровард ва хунсардона ба ҳар як савол чанд ҷавоб мегуфт:

— Мӯйсафед, ту худата ҳурмат кун! Дар куҷое истодӣ, наистодӣ, пеши роҳи мана банд кардӣ. Агар ҳурмати синну солат намебуд, ман қатӣ ту дигар хел гап мезадам.

Болои ҳамаи ин айбҳояш, аз афташ ҷавон нӯшидагӣ ҳам буд. Тарзи рафтору гуфтори ин ҷавон дар дилам нафратро ба вуҷуд овард. Ӯ аз ҳама ҷиҳат айбдор буд. Қоидаи роҳро вайрон кард, ба ҳаёти мусофирони дохили автобус хавф эҷод кард, дар ҳолати мастӣ мошин ронд, бар замми ин, бо калонсолон дағалгуфторӣ кард. Бале, ӯ нозпарвардаи волидонаш аст. Шояд аз давлати дигарон кайфу сафо дорад. Вале афсӯс, ки аз шаҳди тарбияи волидонаш ҳатто начашидааст. Байти зерин ба ёдам омад:

Гирди номи падар чӣ мегардӣ?

Падари хеш бош агар мардӣ!

Ронанда дид, ки бо ин аблаҳ баҳс кардан бефоида аст, даст афшонду ба автобус баргашт. Ман ва дигар мусофирон низ ба автобус даромада, ба ҷойҳои худ нишастем. Ин лаҳза аз тирезаи қафои автобус шоҳиди манзараи аз ин ҳам ҳайратовар шудем. Тахминан 60 — 70 метр дуртар аз мо нозири роҳ рост истодааст. Дар муддати ҳамин қадар баҳсу талошҳо ӯ тамоман бетараф буд, гӯё моро пай набурдааст. Ронанда низ ин ҳолро дида бештар дар ғазаб шуд ва дарҳои автобусро пӯшида, автобусро ба ҳаракат даровард.

Ман бо ин моҷаро овора шуда, мақсади асосии хешро аз ёд баровардаам. Ҳамин тавр, дар муҳлати як соату понздаҳ дақиқа ба ваъдагоҳам расидам ва зарари молӣ ҳам дидам, зеро ронандаи таксӣ аз ман маблағи иловагӣ барои вақти сарфшудааш талаб кард.

Шодмон КЕНҶАЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here