Масъалаҳои мушкилзои иқлим ва муҳити зист чандест, ки мавриди таваҷҷуҳи донишмандон ва сиёсатмадорон қарор гирифтааст. Дар ин миён, тағйирёбии иқлим бар асари болоравии нисбии ҳароҳати ҳаво дар курраи Замин мушкили нисбатан нав буда, дар охирҳои садаи гузашта сар зада, имрӯз ба масъалаи доғи баҳси мутахассисони дунё табдил шудааст.

Тавре баъзе аз донишмандон мегӯянд, дар чанд даҳсолаи охир аз ҳисоби рушди саноат дар ҷаҳон ва зиёдшавии воситаҳои нақлиёт, инчунин воситаҳои зарурии зиндагӣ ва кор ҳаҷми партоби газҳои гулхонаӣ дар фазо зиёд шуда, боиси бештар нигоҳ доштани гармии офтоб дар курраи Замин мешавад. Ба ҳамин сабаб ҳарорати ҳаво дар сайёраи мо нисбатан афзоиш пайдо кардааст. Акнун тағйирёбии иқлим хатарҳои зиёд ба бор оварда, боиси афзоиш ва шиддати офатҳои табиӣ мегардад. Аз ҷумла, имрӯз мо шоҳиди гардиши тундбод, боришоти шадиди борону жола, обшавии пиряхҳо, обхезӣ, хушксолӣ ва камшавии сатҳи оби дарёву кӯлҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҳастем. Донишмандон мегӯянд, гармшавии иқлим дар миқёси ҷаҳон таъсири манфии худро дар шакли пастшавии сифати ҳаво дар шаҳрҳо ва ифлос шудани муҳити зист, афзоиши бемориҳо, заифшавии қабати азонии атмосфера, камшавии намудҳои ҳайвоноту наботот, обшавии пиряхҳо, ифлосшавии обҳо, нобудшавии ҷангалзорҳо, мушкилиҳо дар соҳаи кишоварзиву чорводорӣ, зери об мондани баъзе минтақаҳои соҳилӣ, биёбоншавии заминҳо, вайроншавии роҳу комуникатсияҳо ва ғайра ба намоиш мегузорад.

Ҷомеаи ҷаҳон чанд даҳсола аст, ки барои пешгирӣ кардан аз боло рафтани ҳарорати ҳаво ва оқибатҳои даҳшатбори он тадбирҳои амалӣ меандешад. Барои иҷрои корҳои пешгирикунанда дар минтақаҳои ҷаҳон маблағҳои калон ҷудо шуда, ба масраф мерасанд. Дар ҳоли ҳозир дар ин замина барномаҳои бузург дар сатҳи ҷаҳон амалӣ мешаванд. Табиист, ки вобаста ба муҳити ҷойгиршавӣ ва иқлими худ, кишварҳои ҷаҳон мушкилоти гуногун ва хоси худро доранд.

Тоҷикистон ҳам чун узви ҷомеаи ҷаҳон, бо ин ки ҳамчун кишвари хурд дар партоби умумии газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойгоҳи кам дорад, вале таъсироти манфии тағйироти иқлимро чун дигарон аз сар мегузаронад.

Яке аз масъалаҳое, ки дар Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим рабт мегирад, манбаъи бузурги таъминкунандаи об будани он мебошад. Пиряхҳо ва дарёҳои Тоҷикистон яке аз сарчашмаҳои асосии таъминкунандаи оби минтақа мебошанд ва тозаву беолоиш нигаҳ доштани онҳо маблағу вақти зиёдро талаб мекунад. Ин дар ҳолест ки дар даҳсолаҳои охир 30%-и майдони пиряхҳои кишвари мо кам шудаанд. Ба ҳамин хотир, дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо амал мекунад. Чанде пеш дар Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва дастгирии Маркази минтақавии экологии Осиёи Миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат семинари илмӣ-амалӣ бо иштироки масъулини соҳа ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, донишмандону коршиносон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ баргузор шуд.

Дар ҳамин робита дар чаҳорчӯби барномаи CAMP4ASB рӯзҳои 3-4-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Узбекистон чорабинии дурӯза дар доираи Конфронси Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим баргузор шуд. Дар рафти конфронс масъалаҳои муҳим, аз қабили сиёсати глобалии иқлимӣ ва уҳдадориҳои миллӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқат ба заминаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, хадамоти иқлимӣ, сармоягузории иқлимӣ мавриди баҳсу барасӣ қарор гирифт. Коршиносон ва донишмандон дар баробари баёни мушкилоти минтақа роҳҳои коҳиш ва пешгирӣ аз оқибатҳои тағйироти иқлимро пешниҳод карданд. Чанде аз масъалаҳо бевосита ба кишвари мо иртибот доранд ва иҷрои ин корҳо манфиати зиёд хоҳанд дошт.

Аммо масъалаи муҳимме, ки дар ин раванди чорасоз мояи нигаронӣ аст, пӯшиши хабарӣ ва ба дарки аҳли ҷомеа ва қишрҳои гуногуни одамон дар шаҳру деҳот расондани маълумоти зарурӣ мебошад.

Бо таассуф, имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки ба бештарини маълумот доир ба тағйироти иқлим дар нишасту конфронсҳо ба иштирокчиён ва мутахассисон дастрас мешаваду бас. Ва дар Тоҷикистон хабарнигорон ва масъулини пахши ахбор низ маълумоти мухтасар ба забони русӣ пешниҳод мекунанд, ки аксари мардум аз истифодаи он бебаҳра мемонанд. Матбуоти тоҷикзабон ҳанӯз дар ин бора кори шоиста анҷом надодааст.

Ба ҳамин далел, Филиппо Кривелларо ‒ роҳбари Сарраёсати иқтисод ва экологияи дафтари тоҷикистонии барномаи Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар нишасте дар шаҳри Душанбе гуфта буд: “Мақола ва навиштаҳои босифат ва аз нигоҳи иҷтимоӣ раҳнамо дар нашрияҳо, интернет ва радиову телевизион метавонад дар саросари Тоҷикистон шумораи зиёди аҳолиро фаро бигиранд ва ба амалӣ шудани санадҳои стартегии ҳукумат доир ба ҳифзи муҳити зист мусоидат кунанд”.

Таври маълум, мо имрӯз дар масири тағйироти глобалии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва оқибатҳои харобиовари онҳо бо чандин намуди мушкилот рӯ ба рӯ ҳастем. Ҳамзамон давлати Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо созмонҳои дахлдори ҷаҳонӣ барномаҳои мушаххас ва тадбирҳои амалии роҳбарикунанда ва иҷроиро таҳти амал қарор додааст. Аммо иҷрокунандаи асосии онҳо мардуми шаҳру деҳот ба далели камбуди иттилоот аз чунин тадбирҳои корсоз дур мондаанд.

Бинобар ин баргузор кардани чорабиниҳои гуногун дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва ба таври доим дастрас гардондани ахбори муҳим дар ин робита ба қишрҳои гуногуни ҷомеа хеле муҳим аст.

Аз ин рӯ, созмонҳои дахлдори байнулмилалӣ, бавижа CAMP4ASB, CAREECO, GFDRR, GEFF, Фонди иқлими сабз, Фонди тағйирёбии иқлим, Фонди экологии глобалӣ, Фонди махсус оид ба мубориза ба тағйирёбии иқлим, инчунин Ҳукумати ҶТ-ро зарур аст, дар иҷрои ин амри муҳим тадбирҳои амалӣ биандешанд.

Шаҳноз Комилзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here