Гуруҳи рӯзноманигорони лоиҳаи “Микрофони озод: занони журналист ба бонувони минтақа кӯмак мерасонанд”-и рӯзномаи “Вечёрка” ва Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон ин дафъа аз ноҳияи Восеъ дидан карда, аввал бо занони ҷамоати Тугарак мулоқот намуданд.
Ин вохӯрӣ дар хонаи раиси ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи умед” Лола Ғуломова баргузор гардид, ки дар он асосан занони ҷабрдида аз хушунати оилавӣ ҷамъ омада буданд. Мулоқотро раиса Лолабону ифтитоҳ намуда, аз ҷумла изҳор дошт:
— Ман фикр мекунам, ки дар зиндагӣ ҳама чиз аз худи зан вобаста аст. Саодату хушбахтӣ ва ноумедиву ғаму андуҳ аз хоҳишу майли худи ӯ вобастагӣ дорад. Ҷои таассуф аст, ки занони мо бештар мавқеи қурбониро ишғол карда, хело ва хело кам, суст барои хуқуқи худ талош мекунанд. Ҳол он ки, аз ҷониби қонунгузории ҷумҳурӣ ҳуқуқҳои бештареро соҳиб ҳастанд.
Дар тӯли беш аз 15 сол Лола Ғуломова барои ҳифзи ҳуқуқи занони ҷамоати Тугарак кӯмак мекунад. Ин зани меҳрубону хушмуомила, ки дар собиқ замони шӯравӣ котиби аввали Кумитаи комсомолии ноҳия, фориғуттаҳсили мактаби ҳизбии шаҳри Ростови лаби Дон, баъдан раиси шӯрои занони ноҳия, инчунин муовини раиси ноҳия ва ҳоло нафақахӯр мебошад, ҳамеша дар ҳаёти ҷамъиятии ноҳия фаъолона саҳм мегирад ва дар байни аҳолӣ соҳиби эҳтиром аст. Маҳз бо саъю талоши ин зани кордон бисёр ҷавонзанони аз шавҳарашон ҷудошуда соҳиби кор гардидаанд. Ҳатто баъзе занҳо аз шавҳарони “гумгаштаашон” ба воситаи суд барои фарзандонашон акнун алимент мегиранд.
Аз обрӯ ва нуфузи хеш дар ҷомеа истифода бурда, Лола Ғуломова ба ҷавонарӯсоне, ки аз тарафи шавҳар, хушдоман ва хешовандони шавҳарашон мавриди хушунат қарор гирифта буданд, ёрӣ дода, онҳоро ба ифоқа овардааст. Маҳз бо роҳнамоии ӯ дар соли 2004 дар ҷамоат хоҷагии деҳқонии занон ташкил дода шуд, ки дар мавсими киштукор беш аз 20 нафар занони деҳот ба кор таъмин гардиданд. Ин хоҷагии деҳқонӣ дар заминҳои нокорам ташкил гардид, ки онро худи занон обод намуда, ба заминҳои хосилхез табдил доданд. Дар ибтидо як гектар заминро аз худ намуда, ба он гандум кориданд, ки ҳамон сол ҳосили хуб дод. Сипас кам — кам ба азхудкунии қисматҳои дигари заминҳои нокорам шуруъ карданд. Ҳоло дар 15 гектар замин маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гандум, ҷав, картошка, пиёз, лаблабу, боқилову қаланфури булғорӣ парвариш мекунанд.
Дар баробари кишоварзӣ ин хоҷагӣ ба парвариши ҳайвоноти калони шохдор ва хурд машғул аст, ки дар он боз 8 нафар занон ба кор таъмин мебошанд. Илова бар он, баъд аз он, ки кори хоҷагӣ ривоҷ пайдо кард, фермаи мурғпарварӣ низ ба кор оғоз намуд, ки дар он 5 нафар зан машғули коранд. Ҷамъ, айни ҳол дар ин хоҷагии деҳқонӣ 40 нафар занони деҳа бо кор таъмин ҳастанд.
— Мо — занон чун дидем, ки аз уҳдаи кори саҳроӣ мебароем, тасмим гирифтем ба соҳаи нав, яъне занбӯриасалпарварӣ машғул шавем. Аз ин рӯ, лоиҳаи рушди асалпарварӣ дар ҷамоатро тартиб дода, ба БРСММ “Занон” пешниҳод кардем ва онҳо моро дастгирӣ карданд. Соли аввал (2016) якчанд қуттии занбӯри асал доштем, ки аз он 30 фляг асал гирифтем. Аммо ду соли охир хушксолӣ омад ва дар водиҳо алафу гиёҳҳои шифобахш зуд хушк шуданду кам асал ба даст овардем. Ман ҳамеша ба заноне, ки ба занбӯрпарварӣ машғуланд, мефаҳмонам, ки агар шумо бо занбӯрҳо муносибати хуб накунед, “модар-занбӯр” метавонад қаҳр кунад ва оилаи худ — занбӯрҳоро ба ҷои дигар бубарад,- табассум намуда, гуфт Лола Раҷабовна.
Таззоди зиндагиро бинед! Табиат ба занбӯрҳо ақл додааст, ки аз инсонҳое, ки онҳоро меранҷонанд, фирор кунанд. Бо ин амали хеш онҳо эътирози худро баён дошта, ба худ эҳтиром қоиланд. Аммо дар зиндагии имрӯзаи мо баъзе заноне ҳастанд, ки ҳама гуна ҷабру беэҳтиромиро ҳамарӯза нисбати худ раво дида, дар хонаи шавҳарашон бидуни эътироз боқӣ мемонанд.
Ба чунин хулоса ҳангоми суҳбат бо заноне, ки дар хонаи шавҳаронашон ба таҳқиру латукӯб ва беэҳтиромӣ дучор мешаванду аммо ҳамаи онро таҳаммул мекунанд, ҳайрон мешавӣ, ки занони деҳоти мо то чӣ ҳад пуртоқат ва оҷизанд.

Баъзан хешовандони шавҳар гунаҳкор…
Бо як зани ҷабрдида — Бунафша (номҳо дигургун шудаанд) суҳбат кардем.
— Ман бо шавҳарам, ки соҳиби се нафар фарзанд ҳастем ва то омадани хоҳари шавҳарам бо чор фарзандаш (аз шавҳараш ҷудо шуд) ба хонаи падару модараш, ки мо дар он зиндагӣ дорем, оромона зиндагӣ доштем. Ман ба ҳама корҳои хона мерасидам ва хизмати хушдоману падаршӯро низ ба ҷо меовардам. Аммо бо омадани хоҳараш бо чор бачаи наврасаш, зиндагии мо талх гашт. Кӯдакон бо ҳам муросо надоранд ва хушдоманам ҳамеша тарафи кӯдакони духтарашро гирифта, фарзандони моро меранҷонад. Мо дар се ҳуҷраи ҳавлӣ ҳоло се оила зиндагӣ ба сар мебарем. Хушдоману хоҳаршӯям ҳамеша шавҳарамро бар зидди ман шӯр меандозанд ва ӯ маро латукӯб мекунад,- ашкҳояшро пок намуда, гуфт ҷавонзан.
Вилояти сисола ҳам бахташ баъд аз шавҳар кардан нахандид. Соҳиби чор фарзанд шуданд, аммо зиндагиашон хуб набуд. Шавҳараш зуд-зуд ӯро мезад ва пулҳояшро, ки аз меҳнати пардадӯзӣ ба даст меовард, мегирифт. Хушдоманаш ҳамеша ба писари худ мегуфт: “Талоқ деҳ! Ман ба ту зани дигар меорам!”. Билохира, тоқати Вилоят тоқ мешавад ва барои ҷудошавӣ ба суд ариза медиҳад. Суд қарор баровард, ки зан бо 4 фарзандаш дар хонаи шавҳар маскун гардад ва ба онҳо ду ҳуҷраи ҳавлиро ҷудо кунанд. Аммо зиндагии Вилоят аз он ҳам бадтар шуд, чунки хушдоман ҳар рӯз бо ҳар баҳона ба наберагонаш ва Вилоят дармеафтаду ҷанҷол ба роҳ меандозад.
— Беҳтар мебуд, агар суд қарор мебаровард, ки шавҳарам ба ман маблағи ҳамон ду ҳуҷраро медод, то ман дар маркази ноҳия хонаи якҳуҷрагӣ ё дар деҳа замини наздиҳавлигӣ мехаридаму аз ин азоби дӯзах халос мешудем,- бо ҳасрат гуфт Вилоят.
Ин андешаи Вилоятро коршинос доир ба хушунати оилавӣ дар Тоҷикистон, роҳбари ҶТ “Наҷоти кӯдакон” Қурбонгул Қосимова ва раиси ҶТ “Дунёи умед” Лола Ғуломова тасдиқ карданд. Қурбонгул Қосимова дар тақвияти андешаи Вилоят чунин изҳор дошт:
— Мутаассифона, дар қонунгузории мо баъд аз талоқ механизми тақсими хонаи истиқоматӣ дуруст кор карда нашудааст. Зеро баъд аз ҷудошавӣ зан маҷбур аст бо фарзандонаш дар ҳавлӣ ё хонаи шавҳари собиқаш зиндагӣ кунад. Чунин тасмими суд баъзан барои зан боз мушкилоти зиёдеро ба миён меорад. Бар зидди ӯ на танҳо шавҳар, балки хешовандони ӯ низ мехезанд. Аксар вақт ин кашмакашиву ҷанҷол ба худкушии занон оварда мерасонад. Аз ин рӯ, бештари ташкилотҳои ҷамъиятиву ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии занонаи ҷумҳурӣ талош доранд, ки дар лоиҳаи нави Қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ” масъалаи муайян кардани маблағи макони маскуни занон ҳангоми ҷудошавӣ аз тарафи суд муайян карда шавад. Маблағи муайянкарда ҳатман барои харидории манзил кифоят кунад,- посух дод Қ. Қосимова.

Мушкилоти ҷамоати Рӯдакӣ
Мушкилоте, ки доир ба зӯроварӣ ва хушунати оилавӣ дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ мавҷуд аст, шабеҳи онест, ки мо дар ҷамоати Тугарак дидему шунидем. Илова бар ин, дар ин ҷамоат кори доимӣ нест, аз ҳар ду оила якеяш дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, на ҳамеша ба оилаашон ёрии пулӣ мерасонанд.
Коршиносон муътакиданд, ки нафиристодани маблағ ё фиристодани он — ин вобаста ба буҳрони иқтисодӣ дар Россия мебошад. Омили дигараш он аст, ки бештари вақт мардҳои муҳоҷир дар Россия соҳиби оилаи дигар мегарданд ва он оиларо низ таъмин бояд кард.
Аммо дар ҷамоат як пешравии хуб низ ҳаст. Солҳои охир волидайн иҷозат медиҳанд, то ки духтаронашон дар мактаб синфи 11-ро тамом кунанд. Ва бисёре аз духтарони деҳа баъди мактаб дар шаҳри Кӯлоб коллеҷи тиббиро хатм намудаанд ва ҳоло ба сифати ҳамшираи тиббӣ ё момодоя (акушерка) дар беморхонаи ноҳия ва бунгоҳи тиббии ҷамоат фаъолият мекунанд.
Дар мулоқот бо занони ҷамоат вакили Шӯрои маҳаллӣ Ш. Холова аз мо рӯзноманигорон хоҳиш кард, ки тариқи ВАО-и ҷумҳурӣ мушкилоти ҷамоатро инъикос намоем. Аз ҷумла, дар деҳ боғчаи бачагон нест, то ки фарзандон пеш аз мактаб рафтан аз дунёи хондану расм кашидан огоҳ бошанд. Барои бонувон коргоҳи дӯзандагӣ, адрасбофӣ, қаннодӣ ва толори ороишӣ вуҷуд надорад. Аксари занони ҷамоат танҳо бо корҳои мавсимӣ — пахтачинӣ ва ҷамъоварии полезӣ машғуланд.

Салимахон ВАҲҲОБЗОДА,
Душанбе — Восеъ — Душанбе
Ин матлаб бо дастгирии молиявии Барномаи хурди грантҳои Комиссияи доир ба рушди демократияи ИМА дар Тоҷикистон ба чоп расид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here