Ҳар саҳар бо расидани равшании офтоб ба равзанаҳои хонаамон мехестаму ба машғулиятҳои дарсӣ банд мешудам. Ин саҳар ҳаво абрнок будаасту офтоб шуъла назад ва ман аз вақти муқаррарӣ дертар аз хоб бедор шудам.

Дар хона дарси асосҳои фаъолияти эҷодии журналитикаро тайёр доштам. Як худам танҳо, бо оромии хосае бо шавқ китоб мутолиа мекардам. Ногаҳон овози гӯшхароши занги дар ба гӯш расид ва саросемавор дарро кушодам, ки мӯйсафеде паси дар аст. Риши сафеди дароз дораду чеҳраи нуронӣ ва маълум мешуд, ки инсони наҷиб аст. Ман мӯйсафедро “биёед бобоҷон” гуфта, ба хона таклиф кардам. Мӯйсафед то ба остонаи дар омаду гуфт, ки ҳаминҷо хуб аст ва дигар майли ба дохил даромадан надорад…

— Номат чист писарам?,- пурсл ӯ.

Посух додам:

— Фаридун.

“Боракалло” гуфту дар ҳақи банда як дуо карда, зикр намуд, ки дар синни 71-солагӣ қарор дораду кампираш дар хона бемор ва гурусна аст… Ҳеҷ кас надоранд, ки ба эшон кӯмак расонад. Вақте ин суханҳоро мегуфт, ашк дар чашмонаш ҳувайдо мешуд. “Писарам, имрӯз нарху наво чунон баланд шудааст, ки напурс… Лутфан, ягон ордпулӣ кӯмак бикун, писарам”,- илова кард мӯйсафед.

Ба қадри имкон кӯмак кардам ва гуфтам, ки “ҳама вақт биёед, дари хонаи мо барои Шумо боз аст”.

Фаридун САФАРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here