Тавре огоҳем, 16 -17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ дар шаҳри шаҳри Москваи Федератсияи Россия  қарор доштанд. Дар доираи ин сафари сермаҳсулу бобарор  17 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия ба имзо расид.

Имзо шудани ин санади муҳим, ки идомаи ибтикори қаблӣ маҳсуб мешавад, собит намуд, ки дар саргаҳи таъмину ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ на шахсиятҳои ба ном «дилсӯз», балки  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ба имзо расидани силсилаи фармонҳои Роҳбари мамлакат ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи фавқ далели возеҳи гуфтаҳои болост.

Шоҳиди бевоситаи он будем, ки зимни сафарҳои қаблии Пешвои миллат ба Федератсияи Россия ва кишварҳои дигар  як силсила ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд, ки онҳо марҳилаи сифатан  навро дар ин ҷода ҳусни оғоз бахшиданд. Қобили зикр аст, ки бо мақсади танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ва ҳамкории бевосита бо онҳо тибқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хадамоти муҳоҷират» дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохторҳои маҳаллии хадамоти муҳоҷират таъсис дода шудаанд. Ҳамчунин, муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба тобеияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дода шудаанд, ки фаъолияти онҳо низ ба касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ ва забономӯзии онҳо нигаронида шудааст.

Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки зиёда аз 90 фоизи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Федератсияи Россия рост меояд. Бамаврид аст, аз он ёдовар шавем, ки бо мақсади ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон — шаҳрвандони кишварамон дар ҳудуди Федератсияи Россия соли 2013 ду санади муҳими ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо ҷониби Федератсияи Россия ба тасвиб расида буд. Тибқи ин санадҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия ба муддати 15 рӯз аз бақайдгирӣ озод буда, муҳлати иҷозати кор ва будубоши онҳо аз як то се сол тамдид карда шуд.

Тавре ба ҳама маълум аст, солҳои охир бо мақсади батанзимдарории  муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия дар қонунгузории ин кишвар нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ин давлат фаъолияти муваққатии меҳнатӣ менамоянд, як қатор талаботи нав ҷорӣ гардида истодааст. Бо дарназардошти он ки тибқи талаботи  қонунгузории Федератсияи Россия аз аввали соли 2015 муҳоҷирони меҳнатӣ бояд қабл аз гирифтани иҷозатномаи кор ё патент, сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россияро дошта бошанд, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия ва амалӣ шуда истодааст.

Масалан, дар барномаи таълимии муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ ва нақшаҳои таълимии забони русӣ якмоҳа, думоҳа ва семоҳа, таҳия ва тасдиқ шуданд, ки айни замон мавриди амал қарор доранд. Зикр намудан зарур аст, ки барномаи таълимие, ки омода шудааст, бо барномаи таълимии Федератсияи Россия, ки барои дониши базавии муҳоҷирон омода гардидааст, мутобиқ мебошад. Барномаи таълимии мазкур, алҳол дар 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Норак, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Ёвон, Турсунзода, Варзоб, Ҳисор, Рӯдакӣ таври озмоишӣ барои муҳоҷирон амалӣ шуда истодааст.

Аз матолиби дар ВАО нашр ва пахшмешуда бармеояд, ки маълумот бобати теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ низ яксон нест. Дар яке аз нишастҳои матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон банда оид ба ин масъала бо савол ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Тағойзода Сумангул Саид муроҷиат намудам. Номбурда дар посухи савол аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бисёриҳо зимни шарҳи масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ миёни ворид шудан ба ин ё он кишвар ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан фарқият намегузоранд.

-Барои мисол, ҳамасола шаҳрвандони зиёди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ворид шудаанд. Вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки ҳамаи ин нафаронро муҳоҷирони меҳнатӣ арзёбӣ намоем. Зеро қисмати зиёде аз ин ашхос тариқи транзит ва бо мақсади анҷоми сафарҳои хизматӣ, дидори ёру дӯстон ва сайру саёҳат ба Федератсияи Россия сафар мекунанд,-муътақид аст Тағойзода Сумангул Саид.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки чунин хулосаҳои ғайримантиқӣ дар робита ба ҳаҷми маблағҳои аз хориҷи кишвар интиқолмегардида низ аз ҷониби як идда “коршиносон” баён мегардад.

Ба ҳеҷ ваҷҳ назаррас будани ҳаҷми маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатиамонро инкор карданӣ нестам, вале танҳо хоси муҳоҷирони меҳнатӣ  донистани  интиқоли маблағ мантиқан дуруст нест, зеро бо сабаби қариб аз  тамоми номгӯйи  андозҳо озод будани интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ, соҳибкорону тоҷирон низ аз он васеъ истифода менамоянд. Сабаби асосии бамаротиб афзудани интиқоли маблағ тавассути бонкҳо аз хориҷа ба кишварамонро  масъулин аз андозбандӣ озод намудани чунин  маблағҳо медонанд. Бино ба гуфти коршиносон, солҳои  аввали соҳибистиқлолӣ аз чунин маблағҳо ҳудуди 30 фоиз андозҳои гуногун ситонида мешуд.

Мушоҳида мешавад, ки баъзе ашхос ва гурӯҳҳои алоҳида, бинобар наёфтани ҷурми дигар, мавҷудияти муҳоҷирати меҳнатиро ҳамчун василаи ғайриқаноатбахш арзёбӣ намудани фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ истифода  менамоянд. Бояд дарк намоем, ки дар ҷаҳони муосир муҳоҷирати меҳнатӣ  падидаи  маъмулӣ маҳсуб ёфта, ҳатто дар давлатҳои пешрафтаи олам низ роиҷ аст. Яъне, шаҳрвандони ин кишварҳо дар дигар давлатҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва ин равандро чун падидаи маъмулӣ эътироф ва қабул кардаанд. Табиист, ки дар ҷаҳони муосир ягон кишвари олам, ҳатто давлатҳои мутараққӣ қодир нестанд, ки кулли шаҳрвандони худро бо ҷойи кори муносиб ва ба тамоми талабот ҷавобгӯй таъмин намоянд. Аз ҷониби дигар, раванди ҷаҳонишавӣ имкон фароҳам овардааст, ки  инсон сарфи назар аз миллат ва нажод дар дилхоҳ гӯшаи олам кору зиндагӣ намояд.

Дар ҷаҳони имрӯза муҳоҷирати меҳнатӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ мубаддал гашта, мутобиқи маълумот ва дурнамои Созмони Милали Муттаҳид шумораи муҳоҷирон, ки то соли 2010 ҳамагӣ 214 миллион нафарро ташкил медод, дар соли 2050 ба 405 млн. нафар мерасад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нест. Бинобар афзоиши бемайлони аҳолӣ дар ҷумҳурӣ, ки  ҳамасола зиёда аз ду фоизро ташкил медиҳад,  бозори меҳнати дохилӣ талаботи ҳамаи қувваҳои кориро қонеъ карда наметавонад.  Аз ин рӯ,  қисме аз қувваҳои кории ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатии муваққатӣ  мераванд.

Дар маҷмӯъ, омӯзиши масъалаи фавқуззикр маълум сохт, ки дар ҷаҳони муосир муҳоҷирати меҳнатӣ падидаи маъмулӣ маҳсуб ёфта, истифодаи он аз ҷониби ашхос ва гурӯҳҳои алоҳида ҳамчун «абзор» -и «сиёҳкунӣ» -и Ҳукумат мақоли халқии «дарди кампир ғӯза» -ро ба ёд  меорад.

 

Далер МЕРГАНОВ,

журналист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here