Муҳаббат олиҷанобтарин эҳсосест, ки ҳар як фарди сайёра онро ҳис карда метавонад. Он ба шахс меҳрубон, пуртоқат, оқил ва саховатманд буданро таълим медиҳад.

Муҳаббат аллакай ҳангоми таваллуд оғоз меёбад, аз ҳамон лаҳзае, ки модар ва падар кӯдаки навзоди хешро ба оғӯши гарм мегиранд. Муҳаббати аз ҳама радношуда ва самимӣ — ин муҳаббати модар аст. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба фарзандаш хиёнат намекунад, фиреб намедиҳад, ӯро руҳафтода намекунад. Баръакс, ҳама вақт ба ӯ бовар карда, дар тӯли ҳаёти худ меҳр ва гармӣ мебахшад. Калимаҳои аввалини ҳар як кӯдак «модар» ва «падар» мебошанд. Падару модар фарзандонро аз хурдӣ нигоҳубин мекунанд, онҳоро бо муҳаббат ва ғамхорӣ парвариш мекунанд, асосҳои мавҷудиятро меомӯзонанд ва дар ҳамаи корҳо кумак мерасонанд.

Муҳаббат метавонад гуногун бошад, вале ҳамеша ба дигарон гармӣ мебахшад. Масалан, муҳаббат ба ҳайвонот, ба гурбаву сагҳо, ба кабӯтарон, ба ҳайвоноти хонагӣ шуда метавонад. Ҳайвонҳо воқеан муҳаббатро эҳсос мекунанд ва ба нафароне, ки ба онҳо бо эҳсосоти меҳрубонона муносибат мекунанд, дӯст мешаванд. Ҳатто кӯдакони хурдсол қобилияти дӯст доштани ҳайвонотро доранд.

Муҳаббатро дар ҳама оилаҳо дида метавонем. Падар хеле пеш аз таваллуди кӯдак ба модар ошиқ мешавад. Баъдтар волидон муҳаббати худро ба фарзандон мебахшанд ва он боз ҳам афзун мегардад. Кӯдакон инчунин ба падару модари худ, хоҳарон, бародарон ва бобою бибиҳояшон меҳри беандоза доранд. Падару модар ва фарзандон тамоми умр якдигарро дӯст медоранд.

Дар ҳаёт ҳар яки мо шахси дӯстдошта ва рафиқони наздики худро дорем, ки бо онҳо вақт ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир карданро надорем. Ин амали дуруст нест. Корҳои ҳаррӯза, ташвиш ва вақтхуширо ба таъхир андохтан ва ба волидайну дӯстону наздикони худ диққат додан лозим аст. Бояд ба онҳо наздик шавем, меҳрубонӣ кунем ва ёдрас шавем, ки чӣ қадар дӯсташон медорем ва мо низ дар ҳақиқат ба онҳо ниёз дорем.

Муҳаббат метавонад ногаҳон, аз нигоҳи аввалини ду нафар оғоз ёбад. Тамошои ҷуфтҳои ошиқ хеле ҷолиб аст, онҳо хушбахт ба назар мерасанд, чашмонашон аз хушбахтӣ ва муҳаббат медурахшанд. Ин эҳсоси вижа инсонро илҳом мебахшад ва дар ӯ истеъдодҳои мусбатро аён месозад. Касе сароиданро сар мекунад, шеър менависад, гитара менавозад ва баъзеҳо дар болои асфалт суханони гарми ошиқонаро ранг мекунанд.

Муҳаббат ба тапиши дили мо кумак мекунад ва онро бо нур ва ҳарорат пур мекунад. Аз ин рӯ, нишон додани муҳаббат ба тамоми мавҷудоти зинда дар ин ҷаҳон хеле муҳим аст, зеро ин кумак мекунад, ки ба нокомиҳо таслим нашавем ва ҳаракат кунем.

Хулоса баровардан мумкин аст, ки муҳаббат тамоми одамони сайёраи Заминро иҳота карда, як ҷузъи ҳаёти ҳар як шахс гаштааст. Пас биёед, то якдигарро дӯст дорем, дилҳоямонро ба меҳру муҳаббати якдигар биспорем. Ишқро сароғози кори худ қарор диҳем, зеро бе ишқу муҳаббат зиндагӣ маъное надорад. Муҳаббат аст, ки ҳамаи моро сарҷамъ месозад ва ишқу ошиқиҳо ба миён меоянд.

Муҳаббат оташе бар ҷонам афрӯхт,

Ки то рӯзи қиёмат боядам сӯхт.

Зи обаш гар бурун орӣ бимирад,

Муҳаббатро зи моҳӣ бояд омӯхт.

Қурбоной МУҚУМОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here