Бархе ашхосеро то имрӯз дар зиндагиам дучор гардидаам, ки танҳо барои чизе дар бораашон навиштан ва ё ба шакли зебое дар бораашон ҳарфе баён кардан, атрофи зиндагиву шахсияташон фикр намекунам. Ин афрод бо гуфтору рафтору кирдору тарзи зиндагиашгии шоистаашон ҳамеша, яъне ҳар лаҳза дар фикру андешаи ман хутур мекунанд.

Профессор Ҷовид Муқимро низ танҳо барои навиштан нашинохтам. Муаллимро замоне  шинохтам, ки ҳанӯз аз бисёре аз устодони донишгоҳ меҳаросидам. Яъне ҳарос аз он буд, ки бо бархе аз муаллимони замони донишҷӯӣ рӯирост ҳарфе гуфта намешуд, ё дар атрофи мавзӯе баҳсе кардан аз имкон қариб ки берун  буд, ба ҷузъ аз ду-се муаллими зиёисифати факултаамон. Аммо аз профессор Ҷовид Муқим аз нахустин бори дидану суҳбат кардан наҳаросидам. Чун дар ин муаллим дурӯягӣ, ҳиллаву найранг, дурӯғгӯиву аз қафои касе душмание кардан ё ба шакле ба касе зарар расонидан дида намешуд. Ҳамаи инро аз симояшон пайдо кардан низ бароям аз имкон берун набуд. Пас чӣ гуна аз ин муаллим бояд ҳаросид, чун дар замираш ҳеҷ бадие дида намешуд. Аслан бархе муаллимоне буданд, ки аз донишҷӯ ба ҷойи имтиҳон интиқом мегирифтанд, мо одатан аз ин гуна муаллимон ҳамеша дар ҳарос будем. Ё баъзе муаллимоне буданд, ки ба шакле ба донишҷӯ чунон сиёсат мекарданд, ки ба гуфторе алоби чашми онҳоро мегирифтанд. Аммо устод Ҷовид Муқим рафтор, гуфтор, кирдор ва дарсдиҳии берун аз одоби муаллимӣ надоштанд. Ба ҳама таваҷҷуҳ мекарданд, хоҳ ӯ донишҷӯӣ ба истилоҳ беном бошад ва ё хоҳ донишҷӯӣ “шинохташуда”. Устод Ҷовид Муқим бо ҳама яксон рафтор менамуданд. Бояд гуфт, ки дар курси мо чанд нафар донишҷӯёни “шинохташуда” таҳсил мекарданд, аксари муаллимони дарсдиҳанда низ дар дарсҳояшон ба онҳо ҳамеша такя менамуданд ва номашонро ҳар лаҳза ба забон меоварданд. Чун онҳо хешу табори касоне буданд, ки муаллимон онҳоро мешинохтанду барояшон эҳтиром доштанд. Аммо дар борабари ин ҳамсабақоне низ доштем, ки саводи хуб доштанд, каме шармгин буданд ё бархеи дигарашон шӯху якрав  ва ғайра ва аз ин сабаб ба иборае “беном” буданд, омӯзгорон аз ҳамин сабаб ба онҳо камтар таваҷҷуҳ мекарданд. Профессор Ҷовид Муқим аз дарси аввал ба шакле дарс гузаштанд, метавон гуфт, ки барои ҳамаи донишҷӯён писанд буд. Барои муаллим кӣ будани донишҷӯ, аз кадомин қабилаву минтақа будани ӯ аҳамият надошт. Дар дарс назари ҳар донишҷӯро ба инобат мегирифтанд ва ба касоне низ таваҷҷуҳ мекарданд, ки аслан онҳо дар дарсҳои муаллимони дигар тамоман аз назар берун мемонданд. Ин шакли дарсдиҳии устод ба эҳтиром ва обрӯяшон ҳамеша меафзӯд. Яъне дар замири устод манфиати шахсеро ё гуруҳеро боло мондан аз манфиатҳои касбиву миллӣ, набуд. Чанд хусусияти хоси дарсдиҳии устодро мехоҳам каме ба ёд биорам.

Дарсҳои устод Ҷовид Муқим озод мегузашт, монанд ба тарзи либоспӯшии худи устод. Бештар ба мантиқи мавзӯҳо диққат дода мешуд. Оиди мавзӯи баррасишаванда ҳар кас имконият дошт, ки фикру пазитсияи худро баъди баёни мавзуъ аз ҷониби устод ироа кунад. Баъзан мубоҳисаи зиёд сабаб мегардид, ки баррасии мавзуъ ба дарси дигар ҳам мемонд. Бо вуҷуди озод будани дарс касе ба дарсҳо халал намерасонд. Шӯхиҳои донишҷӯён низ, ки ба мавзуъ дахл доштанд, ба шакли мусбат қабул мегардид. Ҳеҷ кас худро дар қолаб ё чаҳорчӯба тасаввур намекард. Фикрҳо гарчанде мухолиф бошанд ҳам дилпурона баён мегардиданд ва аз ҳама муҳим барои чунин тафаккур ҳеҷ душмание аз ҷониби устод сурат намегирифт. Устод Ҷовид Муқим дар дарсҳо бо ҷиддият ва бо зардаи ба худ хос сухан мегуфтанд, ки ин ҳолат диққати ҳамаи донишҷӯро ба сӯи дарс мекашид.

Як хусусияти хоси дигари дарсдиҳии устод дар он буд, ки устод ҳамеша аз матбуоти рӯз истифода мекарданд. Аксари навиштаҳоеро, ки дар мавзӯҳои миллӣ эҷод мегардиданд, таҳлили илмӣ менамуданд. Маълум буд, ки устод рӯзномаҳои муҳимми онрӯзаро пайваста мутолиа мекарданд. Бархе навиштаҳои рӯзноманигоронро ғалат мебароварданд ва бархеи дигарро тавсиф менамуданд ва ғайра.

Аз ҳама муҳим устод аз журанлистикаи муосири кишварҳои дунё хеле хуб бохабар буданд ва ягона устоде ба ҳисоб мерафтанд, ки моро аз навгониҳои журналистикаи ҷаҳонӣ, ҳам аз навгониҳои илмӣ ва ҳам аз навгониҳои эҷодӣ огоҳ мекарданд. Журналистика сиёсат буданашро борҳо дар дарсҳояшон ба шакле баён менамуданд, ки дили моро ба касби интихобкардаамон ҳар лаҳза гармтар менамуд.

Рӯзе яке аз шогирдони устод, ки аспирант буду кори илмӣ мекард ҳамроҳи устод ба дарс даромад. Устод нишаста гӯш мекарданду он шогирдашон ба мо дар бораи “Вазифаҳои матбуот” дарс мегуфт. Маълум шуд, ки устод шогирдашонро пешакӣ огоҳ кардаанд, ки пагоҳ дар дарсашон ҳамроҳашон иштирок мекунад ва аниқтараш ӯ дарс медиҳад. Ҳамин гуна шогирдашон аз рӯи мавзӯи муайяншуда, ки бо тайёрӣ омада буд, дарс гузашту устод ҳам гӯш карданд. Дар охир дар бораи вазифаҳои матбуот баҳс шуд ва мо донишҷӯён ба бархе паҳлӯҳои гуфтаи шогирдашон зид будем. Устод, бо диққат ҳарфҳои моро гӯш карданд ва дар охир хулосабарорӣ намуданд. Ин дарс мо донишҷӯёнро маҷбур кард, ки амиқтар фикр кунем, атрофи вазифаҳои матбуот ҷиддитар биандешем ва мантиқи мавзӯро ҷустуҷӯ намоем. Бо ин гуфтаҳо як нуктаи муҳимро мехоҳам таъкид кунам. Яъне устод Ҷовид Муқим ҳамеша аз дасти шогирдонашон гирифта, онҳоро ба дарс гузаштан низ омода менамуданд ва аз ҳама муҳимтар ҳеҷ шогирди устод ба ҷойи устод танҳо дарс намегуфт ва ҳатман устод дар бари онҳо мебуданд.

Дар дарсҳо устод Ҷовид Муқим ба паҳлӯҳои иқтисодии мавзуъҳо махсусан таъкид мекарданд. Ба манфиати миллату давлат мавзӯҳоро баррасӣ менамуданд. Яъне фаҳмиш, ватандӯстӣ, миллатпарастии устод чуқуртару амиқтар буд. Мехоҳам як воқеаро, ки худ шоҳид будам ба хотир биорам. Яке  аз ҳамкурсони мо, ки он вақт дар матбуот фаъолият мекард, мақолае дар бораи “Муҳоҷиркунонии мардуми Мастчоҳи Куҳӣ” нашр карду дар он аз аллома Бобоҷон Ғафуров низ ёд кард. Он вақт ҳанӯз устод ба мо дарс намедоданд. Устод, ки рӯзномаҳои давриро мутолиа мекардаанд,  ин мақоларо низ хонда, асабонӣ шуда, ба назди он ҳамсабақам саросемавор омаданд ва бо ғазаб таъкид карданд: “Вақте дар бораи Бобоҷон Ғафуров чизе менависед ҳатман аз рӯзгори он шахсият ва сиёсати он замон бояд пурра огоҳӣ дошта бошед. Бобоҷон Ғафуров шахсияти барҷастаи сиёсии миллати мо буданд. Шумо ба қазовати дигарон дода нашавед”. Маълум шуд, ки он ҳамсабақам дар мақолааш бардоштҳои нодурусте аз Бобоҷон Ғафуров кардааст. Яъне устод ба навиштаҳои матбуот ҳамеша диққат медоданд ва навқаламонро ба роҳи дурусттар, яъне мушикофона баррасӣ намудани мавзӯҳои муҳим ва аҳамиятноки миллӣ ва сиёсӣ раҳнамоӣ мекарданд. Ба шахсиятҳои сиёсии миллати мо ба мисли Бобоҷон Ғафуров ва дигарон эҳтиром мегузоштанд ва аз ин сабаб немехостанд ҳатто як нуктаи шубҳаоваре дар бораи онҳо дар матбуот нашр гардад. Аз ин бармеояд, ки устод Ҷовид Муқим воқеан як муаллими дилсӯзи миллат ва дӯстори журналистикаи созанда ҳастанд.

Яке аз хислатҳои фарқунандаи дигари устод дар он аст, ки устод ҳамеша дар такопӯ ва ҷустуҷӯ ҳастанд. Зиндадил ва руҳи тоза доштани устод моро ба ҳайрат оварда буд. Афсурдагӣ камтар дар симоашон ба назар мерасид. Аз роҳравҳо саросемавор ва гӯё ба коре дер мекарда бошанд, зуд мегузаштанд. Ба дарсҳо дар вақташ ҳозир мешуданд. Яъне устод Ҷовид Муқим ҳамеша дар хаёли сабақу таълим буданд.

Бояд гуфт, ки маҳфили “Анис”, ки устод таъсис дода буданд, барои равнақ додани фаҳму дарки навқаламон ҳамеша кӯмак мекард ва равиши фикр карданро ба донишҷӯён меомӯхт. Дуруст аст, ки дар маҳфил бештар донишҷӯён атрофи эҷодиёти донишҷӯёни навқалам андешаронӣ мекарданд, вале нигоҳи устод ва баҳои устод ба мо — навқаламон чизи зарурии маҳфил ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, дар маҳфил устод ба баъзе мавзӯҳое низ ишора менамуданд, ки аслан дар ягон матбуоти онвақтаи мо дида намешуд. Яъне диди устод фарохтару воқеитар буд. Масалан, дар яке аз маҳфилҳо профессор Ҷовид Муқим доир ба истифодаи санг, қум ва хоки кишвар аз ҷониби хитоиҳо ба сохтмонҳо ва ба ин ҳеҷ пардохте накардани онҳо андешаронӣ карда, ҳолати иқтисодии онро аз нигоҳи қонун ба риштаи таҳлил кашиданд, ки барои мо динишҷӯён ниҳоят ҷолиб буд. Одатан  устод ин мавзӯҳоро дар қолаби илмӣ ба муҳокима мегузоштанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки устод ҳамеша дар фикри ватану миллат буданду ҳастанд.

Профессор Ҷовид Муқим ҳамчун олими соҳаи жарналистика низ роҳу равиши хоси худро доранд. Яке аз хусусиятҳои хоси илмии устод Ҷовид Муқим дар он аст, устод бештар дар такя ба матбуоти тоҷик таҳқиқ мекунанд. Аз ин бармеояд, ки устод Ҷовид Муқим низ дар таҳқиқҳояшон аз мактаби профессор Иброҳим Усмонов  ҷонибдорӣ мекунанд.

Аз ҳамин сабаб, мо ҳамеша кӯшиш мекунем то аз таҳқиқу эҷодиёти устод бохабар бошем, навиштаҳояшонро бихонем ва аз устод ҳар қадар, ки метавонем сабақ бигирем.

Дар охир мехоҳам баён кунам, ки вақте ба навиштани шинохти мухтасарам аз устод Ҷовид Муқим пардохтам, фаҳмидам, ки устод аслан аз дар бораашон чизе навиштан хуш намешаванд ва аз ҳамин сабаб дилпурона замони донишҷӯиамро ба ёд овардам. 60 солагии ин устоди фарҳехта, некном ва миллатдӯсти воқеӣ, муборак.

Мазбут ҚОСИМОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here