Агар оид ба маоши муаллим пурсон шавед, зуд мақомдорону масъулон музди кори омӯзгорони дараҷаи тахассуси олиро мисол меоранд. Оид ба моҳонаи омӯзгори ҷавони тозакор лаб фурӯ мебанданд. Аз ин рӯ, на ҳар марди ҷавон бо маоши андак гаҳвораи рӯзгорашро ҷунбонда метавонад. Алқисса, муаллимоне, ки мошин дошта бошанд ҳам, бо пули омӯзгорӣ мошин нахаридаанд ва дар ду дунё ҳам харида наметавонанд.

Шигифто! Омӯзгореро дидем, мошинсавор аст. Аҷабо?! Афсона барин. Ҳатто кинои фантастикӣ, яъне муъҷизавӣ ин қадар ҳайратангез нест, ки муаллим дар сари чанбари мошин бошад. “Хайр, чӣ шудааст? Магар Осмон омада ба Замин часпидааст?” гуфтан мехоҳед? Ё гуфтаниед, ки нархи чорчарха бо нархи дучарха баробар шудаасту ягон мошини шалақи аз дақёнус мондаро ронда гаштааст-да. Не, боз не! Шумо мошини ин муаллими як вақтҳо фақираҳволро боре бинед, даҳонатонро чун кафши куҳнаи даридаи партовгоҳ пӯшида наметавонед. Мошини ялаққосии ин омӯзгор чун аз наздатон гузарад, гумон мекунед, ки дар сари чанбари он ягон миллиарддори машҳур нишастааст.

Сабр кунед, барои пурсиш лаб ҷуфт накунед. Ман аз чашмонатон саволҳоятонро хондам. Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Ҳамаашро аз як сар нақл мекунам. Шиноси ман — муаллим чун аксари омӯзгорони дигар камбағал буд, либоси аз давраи шӯравӣ мондаашро бо эҳтиёт пӯшида мегашт, дар ин миён мӯди либосҳо чандин бор иваз шуданд, вале пӯшоки вай ҳамон буду ҳамон. Мегӯянд-ку: Мардро мард мекардагӣ ҳам зан аст, номард мекардагӣ ҳам. Ман шоҳид ҳастам, борҳо ин устодро занаш таъна задааст: “Донишу виҷдонеро, ки аробаи рӯзгорро ҷунбонда наметавонад, ба партовгоҳ ҳаво диҳеду равед дар бозор ҳаммолӣ кунед, эй омӯзгори олим!”.

Хоҳ-нохоҳ пичингу кинояву тамасхури бардавом таъсири худро мерасонад. Зиндагӣ дигар шуд, шиму костюм ва куртаи оҳарии омӯзгор аз мӯди охирин буд. Устод мисли пештара пиёда ба сӯйи донишгоҳ намерафт. Беихтиёр дар умқи замиратон чунин савол пайдо мешавад: “Ин қадар пулро аз куҷо ёфта бошад, ки аз карру фараш ҳуш аз сар мепарад?”.

Тоқат накардаму рӯйирост савол додамаш:

— Устод, мошини “Прадо” гаронарзиш аст, ин қадар пулро чӣ тавр ба даст овардед?

— Рости гапро гӯям, шогирде пайдо шуд, ки корашро тайёр кардам, номзад шуду пас аз ҳимояи кори илмияш калиди ҳамин мошинро ба дастам дод. Акнун доктораш мекунам, хона харида доданӣ.

 Пири ШОДМОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here