Раҷабалӣ Юсупов, истиқоматкунандаи кӯчаи Х. Назаров-1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бо даъвои он, ки аз тарафи ширкати сохтмонии «Муҳаммад-2009» таҳти роҳбарии Қурбонов Ҳокимҷон, ки дар наздикии манзили зисташ сохтмони бинои бисёрошёнаро оғоз намудаву ҳангоми иҷро намудани корҳои сохтмонӣ, аз он ҷумла кандани таҳкурсии бино, истифодабарии воситаҳои техникии зарбазании таҳкурсии бино, лағжиши замин ба амал омада, боиси вайроншавии қитъаи роҳгузар ва девори ҳавлиаш гардидааст, ба мо муроҷиат намуд.
Раҷабалӣ Юсупов афзуд, ҳамчунин дар натиҷаи чунин амалҳои сохтмонӣ боз деворҳо ва шифти бинои манзили истиқоматии ӯ хароб гардида, ба ҳолати садамавӣ дучор шудааст, ки айни замон дар дохили он истиқомат кардан хатарнок мебошад.
— Ман чандин маротиба ба роҳбари ҶДММ «Муҳаммад-2009» ва масъулини сохтмони мазкур оид ба ҳолати ба миён омада муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш кардам, ки фаъолияти худашонро дуруст ба роҳ монанду бехатарии дигар бошандагони гирду атрофи бинои бунёдкардаашонро таъмин намоянд. Вале онҳо ба муроҷиати ман ягон аҳамияте намедоданд. Ман ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи ҶТ муроҷиат кардам ва мувофиқи хулосаи мутахассис таҳти №21-4401/16 аз 9-уми декабри соли 2016-ум, арзиши эҳтимолии зарари расонидашудаи манзили истиқоматии маро, барои барқарор намудани он, бо асъори миллӣ маблағи 9427,38 сомонӣ арзёбӣ карданд. Ғайр аз ин, дар давраи бунёди бинои бисёрошёнаи мазкур, ки муддати қариб се сол давом карда буд, аз тарафи сохтмончиён аз техникаҳои зарбазани мустаҳкамкунии таҳкурсии бино, шабонарӯз реҷаи истироҳатии истиқоматкунандагони гирду атроф ва аз он ҷумла аҳли оилаи моро, ки аз ҳама наздиктар мебошем, вайрон намуда, ҳангоми истифодаи техникаҳо манзили зистамон ба ларза меомад ва бошандагони аҳли оила, алалхусус кӯдакон дар тарсу ҳарос қарор доштанд, ки ин амали онҳо боиси расонидани зарари маънавӣ низ гардидааст,- афзуд ӯ.
Мувофиқи мактуби раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти №266/1 аз 29.03.2016, Санад оид ба дида баромадани ҳолати манзили истиқоматии Раҷабалӣ Юсупов тартиб дода шудааст, ки истиқомат кардан дар он манзилро ғайри имкон донистааст.
Ёдовар мешавем, ки санаи 2-юми апрели соли 2016 сомонаи «Радиои Озодӣ» навори видеоиро таҳти унвони «Корпартоӣ дар як ширкати сохтмонӣ» ба маърази тамошо гузошта буд, ки дар он дар бораи корпартоии кормандони ширкати мазкур аз сабаби напардохтани ҳаққи хизмат (маоши кормандон) сухан мерафт.
Аз ин бармеояд, ки ширкати номбурда қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфи назар намуда, на танҳо Кодекси меҳнати ҶТ-ро нодида мегираду ҳаққи хизмати кормандонашро сари вақт намепардозад, инчунин ҷуброни зиёни расонидаи худро ба шаҳрванд Раҷабалӣ Юсупов пардохт карданӣ нест. Чунки борҳо ба онҳо муроҷиат намудему онҳо иҷрои амалро ба баъд вомегузоштанд. Чун аз мо роҳбарияти идора иҷроиши корро тақозо мекард, мо ҳам онро пайгирӣ кардем. Аммо кормандони ширкати мазкур ба ҷои ҳал намудани масъала ба таҳдид гузаштанд.
Ин дар ҳолест, ки мувофиқи талаботи моддаи 15 қ. 2 Кодекси граждании ҶТ «Зиён хароҷоте фаҳмида мешавад, ки шахси ҳуқуқаш вайронгардида масраф намудааст ё бояд барои барқарор намудани ҳуқуқи вайронгардида масраф намояд, аз даст додан ё хароб гардидани молу мулки ӯ (зиён) мебошад…, шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон гардидааст, ҳақ дорад дар баробари зиёни дигари ҷуброни фоидаи аз даст рафтаро ба андозаи на камтар аз чунин даромад талаб намояд».

Бибиҷон АШӮРОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here