Боре чун одати ҳамешагӣ пас аз анҷоми машғулиятҳои дарсӣ ба макони фарҳангӣ-фароғатии пойтахт — Боғи устод Рӯдакӣ ҳозир шудам, то аз тамошои манозири дилрабо ва накҳати гулу гиёҳ ғубори дил зудуда гардад. Беҳуда нест, ки бузурге фармуда:

Ғубори хотири отир зудуда хоҳад шуд,

Дар ин чаман, ки саропо гулу гияҳ рӯяд.

Дар ин ҳангом суҳбати пурҷӯшу хурӯши ҷамъе аз нишастагон, ки онсӯтар қарор доштанд, диққати маро ҷалб намуд. Аз рӯи намуди зоҳирӣ, тарзи либоспӯшӣ ва шеваи гуфторашон дарёфтан мушкил набуд, ки эшон меҳмонони хориҷӣ ё худ донишҷӯёни афғонтаборанд, ки дар макотиби олии Тоҷикистон ба таҳсил пардохтаанд. Ҳамин буд, ки нигоҳи розҷӯёна водорам сохт саропо гӯшу ҳуш бошам, то моҳияти суханони онҳоро билкул дарк созам. Зеро нишастагон ҳарф аз осоишу амният ва истиқлолияту ободии Тоҷикистон мезаданд. Аз ватане, ки ғарқи нур ва сурур аст, аз ватане, ки партави ишқу муҳаббат, иттиҳоду дӯстӣ, илму фазилаташ аз дили поки родмардони шарқ чун Бӯали Синои табиб, лисонулғайб Хоҷа Ҳофиз, Рӯдакии шоир, Фирдавсии достонсаро ва дигарон маншаъ мегирад.

Бароям басо дардовар буд, ки ин бародарони ҳамсояву ҳамзабони мо бо сад оҳу дареғ афсӯс мехӯрданд, ки булбули хушилҳоне чун марҳум Аҳмад Зоҳир, Сорбон, ватанпарваре чун Аҳмади Нажод ва ҳазорон-ҳазор равандагони тариқати маърифату ростӣ ба қавли устод Лоиқ қурбони ҷаҳолату беадолатии «ду-се бетарафу бешарафе» гаштаанд. Барои каминаи хурдтарин чун рӯзноманигори ҷӯёи ҳақиқат фаҳмидани он ки намояндагони дигар қавму миллатҳо ба сарзамини биҳиштосои мо аз чӣ дидгоҳ назар меафкананд, бағоят ҷолибу ҳаяҷоновар буд.

Мусаллам аст, ки Афғонистон муддати солҳои дароз андармони дору гири нобасомониҳои сиёсӣ гаштаву то кунун мавҷи тӯфони ҳаводис ва дасти зулму ҷаҳолат домони онро раҳо накарда. В-аз ин рӯ, на танҳо мардуми ситамкашидаи ин кишвар, балки кам нестанд ақвоме хостгору муштоқ бар он, то дар диёри эшон низ чун дар Тоҷикистони азиз пайванди якдиливу дӯстӣ мустаҳкам ва чатри амну осоиш доимо сояафкан бошад. Бодо, ки ба юмни ваҳдату ягонагӣ ва илтифоти илоҳӣ мустаҳаққи хостаҳо ва ганҷи мақсуд гарданд. Вале инҷо нуктаи муҳим он аст, ки банда — муаллифи ин сатрҳо ҳарфҳое аз хуни дил ва килки маонӣ рӯи коғаз овардаам, то ба сокинони Душанбешаҳр, ҷавонони бонангу номуси миллат, дар ҷамъ ба кулли тоҷикони олам бо як эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ гӯшзад намоям:

— Бубинед, ҷамъе аз хориҷиён то чӣ андоза қадру манзалат, самараву аҷри истиқлолу озодиро баҳодод мекунанд. Пас биёед мо боз ҳам аз дили соф шукри амну суботро ба ҷой орем, алалхусус бо андӯхтани илмҳои замонавӣ, технологияи навин, пайванди муштараки дӯстӣ, ҳисси баланди ватанпарварӣ, фарҳангу асолати ниёгон камари ҳиммат бандем ва гомҳои устувор сӯи ояндаи дурахшон бигзорем. Ҳамоно кашфиёту дастовардҳои то имрӯз ба даст овардаи мо шоёни таҳсин ва мояи ифтихоранд, лекин фаромӯш набояд кард, ки бо қатрае аз дарёи маърифат, бо заррае аз хуршеди комгорӣ ва бо сайёрае аз коиноти тамомияту камолот қонеъ шудан на аз оини мост:

Барҳақ, дар ин ҷаҳон мо ориёием,

Тобон чу ахтарон, мо ориёием.

Бунёди илму фан андар ниҳоди мост,

Алломаи замон, мо ориёием.

Ҳаргиз мабод ҳак аз дафтари вуҷуд,

Як ҳарфи тоҷикон, мо ориёием.

Мо руҳи шарқро зинда хоҳем кард,

Мо руҳи шарқро зинда хоҳем кард!

Сироҷиддин СУФИЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here