Аз қатли афсари милиса, лейтенанти калон Ҷумъаев Меҳроншоҳ Аҳлиддинович дар бинои ШВКД дар ноҳияи Панҷ бештар аз 25 рӯз гузашт.
Меҳроншоҳе, ки ба ҳайси нозири минтақавӣ дар ноҳияи Панҷ хизмат мекард ва ҳамагӣ 25 сол дошт. Меҳроншоҳе, ки на дар майдони ҷанг, балки дар бинои ШВКД-и шаҳраки Панҷ биное, ки дар он бояд амнияти на танҳо кормандонаш, балки бехатарии аҳолии тамоми ноҳияи Панҷ таъмин карда шавад, кушта шуд. Меҳроншоҳе, ки на аз тири душман, балки аз тири ҳамкори худ, ҳангоми супоридани яроқ ба қатл расид.
Мо ҳамроҳи падари Меҳроншоҳ рӯзи 2 март ба ноҳияи Панҷ сафар кардем ва бо прокурори ноҳия мулоқот анҷом дода, бо рафти тафтишот шинос шудем. Инчунин аз ҷои ҳодиса ва ҷойи истиқомати ӯ дидан кардем. Тафтишот идома дорад, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Алъон дар бораи тафтишот ба хотири халал нарасонидан ба кори тафтишот чизе намегӯем ва умед дорем, ки он холисонаву бетарафона анҷом меёбад.
Дидани шароити зиндагии марҳум Меҳроншоҳ моро воқеан дар ҳайрат гузошт. Ӯ ва ду нафари дигар, ки аз ноҳияи дурдаст ба ин ҷо ба кор омадаанд, на дар ягон манзили истиқоматӣ, балки дар зери сақфи боми мағоза (чердак) зиндагӣ доштанд. Ҷое, ки на гӯшае барои дастурӯйшӯӣ ва на ҷое барои қазои ҳоҷат дорад. Бинобар наздик буданаш ба бинои ШВКД истиқоматкунандагони он ҳам барои шустушӯ ва ҳам барои қазои ҳоҷат аз ҳаммом ва мабрази ШВКД истифода мекардаанд. Агар, ҳатто, нисфишабӣ зарурияти ба ҳоҷатхона рафтан ба миён ояд, онҳо маҷбур мешудаанд, барои ин кор ба бинои ШВКД раванд.
Дар васоити ахбори омма мехондем, ки ВКД онҳоеро, ки аз минтақаҳои дурдаст меоянд, бо ҷои хоби муваққатӣ таъмин мекунад, вале ин на дар ҳама ноҳияҳо имконпазир будааст. Хостем дар ин бора аз Сардори ШВКД ноҳияи Панҷ Маҳмудзода Шамсулло пурсон шавем, вале ӯро дар ҷои кор пайдо накардем, дар ин бора ба дафтари матуботи ВКД бо тамоси телефонӣ хабар додем. Сардори ин ниҳод Маҳмадзода Нусратулло дар суҳбати телефонӣ ваъда карданд, ки ҳатман ин масъаларо меомӯзанд.
Меҳроншоҳи мо ду сол пеш Академияи ВКД-ро хатм карда ба ноҳияи Ҷайҳун ба кор рафт ва баъди як солу шаш моҳ ба ноҳияи Панҷ ба кор фиристода шуд. Дар ШВКД ноҳияи Панҷ ба мо иброз доштанд, ки аслан тибқи қонун набояд онҳоеро баъд аз хатми Академия ба кор меоянд, то 2 сол минтақаашро тағйир диҳанд. Акнун, ки ӯро фиристоданду дар ниҳоят дар ҷои кораш кушта шуд, дарду ранҷҳои зиёдеро барои аҳли байт боқӣ гузошт. Шояд марги пур аз муаммои ӯ на дар ҷои кор, балки дар майдони чанг сурат мегирифт, аламаш камтар буд. Шояд ӯ аз тири душман кушта мешуд, ба тақдир тан додан осонтар мешуд.
Падари Меҳроншоҳ — Ҷумъаев Аҳлиддин ӯ як умр муҳоҷир буд. Муҳоҷире, ки заҳматҳои муҳоҷиратро дида, ранҷу азиятҳои зиёде кашида буд. Бинобар ин ҳаргиз намехост, ки фарзандонаш низ мисли худаш муҳоҷир шаванд. Ӯ ҳама қуввату нерӯи худро барои соҳибкасб кардани фарзандон харҷ кард. Ба Меҳроншоҳ имкон дод, ки ба тариқи шартномавӣ дар Академия ВКД таҳсил кунад. Агарчӣ ду сол боз ӯ кор мекард, бо гирифтани маоши андак, Меҳроншоҳ имкон надошт, ки зиндагии худро таъмин намояд. Ин аст, ки ҳар моҳ падар барои ӯ 5-6 ҳазор рубли русӣ ёрӣ медод.
Баъди аз Ҷайҳун ба Панҷ гузаштан падар хост ӯро оиладор кунад. Меҳроншоҳ гуфт:
— Дар Панҷ бе зан кор карда мешавад, аммо бе мошин не. Хубтараш аз ҳамон пули тӯй як илоҷ карда ба ман мошин харед.
Падар хоҳиши ӯро иҷро кард ва барояш як мошини сабукрав харид. Танҳо баъди дидани ҷои истиқомати ӯ маълум шуд, ки яке аз сабабҳои мошин хостани ӯ ин будааст, ки аққалан ҷое барои нигоҳ доштани либосҳо дошта бошад ва гоҳо дар дохили он, ки аз чердак беҳтар аст, хоб кунад. Сардори ШВКД Панҷ Маҳмудзода Шамсулло чӣ тавр имкон додааст, ки кормандонаш дар чунин маконе истиқомат кунанд, ки оддитарин шароитро барои зиндагии инсон надорад, саволест кушода боқӣ мемонад.
Меҳроншоҳ бачаи хеле меҳнатдӯст буд. Ӯ дар ноҳияи Ҷайҳун бо деҳқоне шартнома баста як гектар заминро иҷора гирифта, ба он картошка кишт кардааст ва инак бояд моҳи май ҳосили нахустини онро мегирифт. Шояд бо ин роҳ мехост зиндагии худро мустақилона таъмин намояд. Чунки маоши паст ҳатто имкони ба иҷора гирифтани хонаеро намедод.
Ҳарчӣ набошад дигар Меҳроншоҳ дар байни мо нест. Дигар мо хандаҳову шӯхиҳои ӯро намебинем. Дар паҳлӯяш истода аз либоси милисагаиш ифтихор намекунем. Ёдат ба хайр, ҷигарбанди амак.
Холиқназар Ҷумъаев