Аз бозе ки одамӣ ба дунё қадам ниҳод то ба ин дам, ҳамвора меандешиду меандешад, ки чаро дар саросари коиноти нопайдоканор худи ӯву замини ӯ ду мавҷудеанд вижаву ҳар ду ҳам танҳои танҳо.
Ҳарчанд илму техника қуллаҳои азими худро убур мекунанду ба қавле, осмонҳоро тасхир менамоянд, аммо инсон ҳеҷ ситораву сайёра ва ё ҳадди ақал, ягон маҷуди дигареро дар олами беохири коинот шабеҳу ҳамранг ба худ ва ё заминаш намебинад.
Агар ин маъниро муъҷазтар бигирем, дар олами ҳастӣ на танҳо шабеҳи замину инсон дар олам чизеву касе вуҷуд надорад, балки аҷабтар аз ҳама, нусхаи сарангушти танҳо як фарди заминӣ аз замони ҳазрати Одам то бад-ин сӯ бештар аз якто набудаасту нест.
Ҳангоме ки ӯ (инсон) дар зебогии олами кайҳон меандешад, ҳеҷ мавҷуди кайҳониву осмониеро мисли заминаш бо ин сарсабзиву хуррамӣ ва ободиву рангобарангӣ намебинаду ҳеҷ мавҷудоти оламро ба мисли шахси худаш зебову қашанг дарнамеёбад. Дар ин гуфтаҳо вожаи муболиғаву иғроқ маҳкум асту ҳар ҷумла ҳақиқатест, бемуҳобову бидуни шакку шубҳа.
Охир, дар тамоми олами ҳастӣ, магар мисли ӯ (инсон) касе ва ё ҷонвареву мавҷуде ҳаст, ки чун вай сухан кунаду китоб бихонад, бинависад, нақша бикашаду эҷод намояд, орзу кунаду обод намояд… Ҳаргиз нест ва нахоҳад буд!
Ин нуктаҳои ошкору мармуз инсонро водор месозанд, то биандешад, ки ӯ кист. Возеҳу бармалост, ки инсонҳо аз ибтидои қадам гузоштан ба ин курраи хокӣ то бад-ин замон талош варзидаанд, ки ҳар кадоме қазияи мавҷудияти худро мутобиқи фаҳму идрокашон ташреҳ диҳанду баррасӣ намоянд. Ба иборати дигар, банду басти баҳси масоили инсоншиносиву инсонпажуҳӣ донандагону назарияпардозони ин ҷодаро дар дарозои таърих ҳаргиз аз канори худ раҳо накардаасту во нагузошта.
Мавзӯи мазкур ҳарчанд ба назар содаву дастрас ва оддиву донистанӣ намояд ҳам, аммо тӯлу фарози он уқёнуси бекаронаеро мемонад, ки ҳарчанд ба умқи он чуқуртар ғутавар мешавӣ, ба назар мерасад, ки гӯиё ҳаюлоҳои афсонавию мухталифуннавъе сари роҳат падид меоянд. Бегумон, аз эъҷози хилқати онҳо шигифтзада мешавӣ.
Оре! Инсон ва шинохти он дар масири таърих доимо мавзӯи калидиву ниҳоят ҳаётӣ ва рӯзмарраи донандагону пажуҳандагони илми инсоншиносӣ дар ин бозори касмахару қиматфурӯши таърих будаасту ҳаст. Яқинан, ҳам илму маърифат, ҳам адабиёту фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва аз ин қабил садҳо ва садҳо соҳаҳои дигари зиндагии аҳли башар -ҳамагӣ дар маҷмуъ ва дар айни замон, ҳар кадоме дар алоҳидагӣ халоеро аз паҳлуҳои бисёркунҷаву шебу фарози беинтиҳои инсоншиносӣ бароямон бозгӯ мекунанду онро пурраву баркамол месозанд.
Ҳарчанд инсон ба умқи шинохту муҳтавои ин мавзуъ жарфтару жарфтар меандешаду дар ин росто роҳ мепаймояд, ба саволҳои нонавиштаву касношуниде мувоҷеҳ мешавад, ки гӯиё пештар сари ин пурсишҳо ҳаргиз наандешида буду фикр ҳам накарда. Ба ҳамин маънӣ, паҳлуҳои мухталифи мавзӯи зикршуда ба андозае пурвусъату омехта аст, ки гирд овардану фаро гирифтани шохаҳои мутааддиди он дар чаҳорчӯбаи як мақола ва ё як рисола аз имкон хориҷ аст.
Аз ин рӯ, роҳи осонтару мақбултар дар ҷодаи мазкур, ба андешаи ин ҷониб, он аст, ки ҳар як мавзуъ бояд ба таври ҷудогона, яъне дар алоҳидагӣ мавриди пажуҳиш карор бигирад, то матлаб рӯшану возеҳ ва сареҳтару шафофтар баён карда шавад.
Инак, рисолае, ки пешкаши хонандаи хушзавқ мегардад, муқаддимае аз ҷумлаи он силсиламавзуъҳост, ки танҳо ба яке аз ҳамин нуктаҳои муҳими соҳаи инсоншиносӣ — мавзӯи ҳастӣ ва хилқати инсон ихтисос дода шудааст.
Бигузор, ҳар кӣ чӣ хаёле роҷеъ ба пайдоиши инсон дар сар мепарваронад, биандешад, аммо як нуктаро ӯ ҳаргиз наметавонад инкор намояд, ки ҳама афроди олам новобаста аз фаҳмишу ақидаҳо дар иртибот ба ҳастии худ ниёзманд ба эътирофи шарафу шарофатмандӣ ва манзалати волояшон буда, дар пасманзари зиндагӣ ҳамвора ба он эҳтиёҷ доранд. Шарофату эътибори вижаву баланди инсон дар олами ҳастӣ ҳама гуна пажуҳишгару муҳаққиқро водор месозад, то ҳангоми баррасии чунин як матлаби ҳаётӣ, ба мисли мавзӯи ҳастӣ ва хилқати инсон ҳамин нуктаи муҳим-яъне мақому мартабаи волои инсонро, дар дараҷаи аввал қарор дода, онро ҳамвора мадди назар дошта бошад. Бо арзи таассуф, бозтобу риояи ин нуктаи баландмартабаву воло тӯли қарнҳо ҳаргиз якхелаву якмаром набудаву имрӯз ҳам нест. Агар гуруҳе пайдоиши инсонро тасодуфӣ маънидод намоянд, гуруҳи дигар онро офаридаи табиати беақл мепиндоранд. Агар бархе ӯро офаридаи Худованд медонанд, бархе дигар пайдоиши ӯро ба ҳайвон (маймун) иртибот медиҳанд. Назарияпардозиҳои бепояву пур аз ихтилофи зараровар гоҳо ба андозае ба ахлоқи иддае аз инсонҳо соя афкандааст, ки шабеҳи чунин бадахлоқиро дар ҳеҷ як намуди ҳайвоноту ҷонзоди рӯйи олам наметавон мушоҳида кард.
Баъид аст, касе дида бошад ва ё бидонад, ки пуршаҳваттарин махлуқи олам -маймун бо ҳамҷинси худаш, яъне мард бо мард ва ё зан бо зан ишқварзӣ намояду ҳамхобагӣ кунад. Мутаассифона, бархе аз инсонҳо аз нигоҳи нажодӣ худро ба ҳамин гуруҳи шаҳватзада мансуб медонанд. Иддае дигар дар ин ҷода поро аз андоза фаротар ниҳода, натанҳо ишқ варзидани мард бо мард ва ё зан бо занро айб намедонанд, балки онро намунаи олии фарҳанги башарӣ ва демократия маънидод менамоянд. Таърих гувоҳ аст, ки одамизода аз замоне ки худро ҳамчун инсон мешиносад ва эътироф мекунад, ҳамвора дар ҷустуҷӯву такопӯи донистани ҳақиқати он аст, ки магар шаҷараи аҷдодии ӯ аз ҳайвон манша мегирад ва ё мартабаи болотару волотареро соҳиб аст. Магар, ӯ аз ҷониби Худованд(ҷ) бо кадом ҳадафе офарида шудааст, ё эҳтимолан тавассути материяи бешуур пайдо гардидааст? Мактабҳо, равияҳо, ҷараёнҳо, фирқаҳо, мазҳабҳо ва боз чандин назарияпардозони гуногунақида ба мавзӯи мазкур даст дароз намуда, ҳар кадом муддаии беқайду шарти ҳақиқат доштани ҷаҳонбинии хеш будаанд.
Бо назардошти ин, барои он ки ҳақиқат бармало шавад, боястӣ муқаддам аз ҳама, нуктаи назар ва ҷаҳонбинии ҳар кадоме аз ин мактабҳову ҷараёнҳо ва дигар равияҳоро дар муқоиса бо якдигар ба риштаи таҳлил кашид ва баррасӣ намуд. Кор гирифтан аз чунин тарзи нигориш имкон фароҳам меояд, ки хонандаи хушзавқ ба нуқтаи назарҳои мухталиф аз наздик ошно шуда, худ ростиву дурустии ҳар кадоме аз ин ақидаҳоро ташхис диҳаду қазоват намояд. Манзур аз иншои ин рисола низ пажуҳиши баҳси ҳамин қазия аст. Бегумон, шинохти хилқати инсон барои ҳар як фарди заминӣ худ ба танҳоӣ одамизодро водор месозад, ки бо тамоми ҳастӣ аз пайдоишу хилқат ва мақому мартабаи хеш дар олами вуҷуд эҳсоси хушбахтӣ намояд, зеро маҳз бо шарофати ҳамин хилқат ӯ имкон пайдо кард, то худро ҳамчун як бозингари асливу калидӣ дар коиноти беҳудуд шомил донад. Бозингаре, ки дар ягон ҷабҳа ҳеҷ мавҷудоти олам ба ҳеҷ ваҷҳ ба ӯ баробарӣ карда наметавонад. Ҳамагонро маълум аст, ки ҷузъиёти мавзӯи мазкур дар адабиёти ҷаҳон аз оғози таърих то бад- ин рӯз ҳамвора рӯи даст гирифта шудаву тадқиқотҳои густурдае оиди он ба анҷом расидааст. Бешак, ин мавзуъ барои муҳаққиқони тоҷик низ ҳаргиз бегонаву ноошно набудааст. Намунаҳои қобили таваҷҷуҳи марбут ба ин масъаларо мо дар осори намояндагони адабиёти классикӣ ва олимону назарияпардозони форс-тоҷик ба таври фаровон мушоҳида карда метавонем.
Хусусияти хосу фарқкунандаи инъикоси ин мавзуъ ин ҷо дар он зоҳир мегардад, ки адибону андешамандони тоҷик аслан мавзӯи мазкурро на ҳамчун як мавзӯи вижаву ҷудогона, балки ба ҳайси як назарияи тақвиятӣ дар лобалои баёни афкори илмию адабӣ ва фалсафии худ мавриди истифода қарор дода, ибрози ақида намудаанд. Саросари осори бузургони адабиёт ва илму фарҳанги тоҷик бештар ба мавзӯи шинхти олами ботинии инсон, анҷом додани амали солеҳ, донистани қадру манзалати илм, таълиму таҳкими ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, парҳез аз ҳама гуна хулқу атвор ва рафторҳои бади инсонӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳар навъ хислатҳои ношоиставу манфии ин нақшофари булаҷаби олами ҳастӣ бахшида шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мавзӯи ҳастии инсон ва хилқати одам дар осори мутаффаккироне чун Абӯалӣ Сино, Берунӣ, Насириддини Тусӣ, Носири Хусрав, Имом Ғазолӣ ва дигарон дар зимни инъикоси ақоиди илмиву фалсафӣ ва динии эшон баён гардидаанд. Назарияпардозони зикршуда ва амсоли онҳо дар дарозои таърих бо ҳар роҳ кӯшидаанд, то ба муаммои хилқати инсон ҷавоби қонеъкунанда пайдо намоянд.
Албатта, ҳангоми шарҳи мавзӯи мазкур, зимни баррасии назарияҳои донишмандону мутафаккирони равияҳову ҷараёнҳо ва мактабҳои мухталиф дар иртибот ба масъалаи шинохти ҳастии инсон, дар мавориди муносиб ба махсусиятҳои нуқтаи назари донишмандони тоҷик низ ҳатман расидагӣ хоҳад шуд.
Дар баробари ин, месазад эътироф кард, ки масъалаи шинохти инсон то ба ин рӯз на танхо барои донишмандони тоҷик, балки барои тамоми пажуҳандагони олам ба тадқиқоти боз ҳам бештару мукаммалтар шадидан ниёз дорад. Имрӯз мутафаккирин ҷиҳати кушодани ҳазорҳо ҳазор муаммоҳои сарбастаи олами ҳастӣ дасту панҷа нарм мекунанд, ки масъалаи муаммои ҳастии инсон аз ин шумор истисно нест. Алҳол, дар ин ҷода корҳои ниҳоят зиёде пешорӯи олимон карор дорад, ки ҷомеаи башарӣ дар интизори ҳалли ниҳоии онҳост.
Зиёда аз ин, ба назар мерасад, ки имрӯз дар ҷомеаи тоҷик тадқиқоти илмиеро, ки сирф ба масъалаи фавқ ихтисос ёфта, дастраси оммаи мардум карор гирифта бошад, пайдо кардан мушкил аст. Аз ин рӯ, дар навбати аввал, бо назардошти он ки мавзӯи ҳастии инсон дар чаҳорчӯбаи тафаккури мардум ба таври мухталиф ва ҳатто дар баъзе маворид бо таноқуз ба якдигар тасаввур ва арзёбӣ мешавад, зарур донистем, то сабабу натиҷаҳои ин гуногунандеширо дар иртибот ба ин масъала ба риштаи таҳлил биёрем.
Чунон ки мушоҳида мешавад, агар мо таҳлили ин масъаларо аз нигоҳи андешаҳои роиҷ дар байни мардум мавриди баррасӣ қарор диҳем, манзараи аҷибу ғарибе пеши рӯ хоҳад омад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бархе аз одамон шинохти масъалаи ҳастӣ ва хилқати инсонро сода гумон намуда, дар бораи он ҳатто андеша карданро ба худ раво намебинанд. Ин гуруҳро андешманд гуфтан нашояд.
Чунин тарзи тафаккур маҳсули хаёлоти пӯчи онҳоест, ки шинохти қазияи мазкур ба пиндори эшон беаҳамият маҳсуб шудаву ба он бетафовутанд. Чунин нуқтаи назари номатлуб боис гардидааст, ки ин гуна ашхос, на танҳо нисбат ба масъалаи ҳастии инсон фикр кардан намехоҳанд, балки нисбат ба шинохти шахси худ низ изҳори назар намуданро ба худ раво намебинанд.
Ҳатто баъзан чунин ҳам мешавад, ки бархе инсонҳо аз ибтидо то ба интиҳои умр ҳамвора мекӯшанд дигаронро бештару хубтар бишиносанд, то худро. Агар бархе аз эшон ба сабаби танбалӣ ин мавзӯъро пайгирӣ кардан нахоҳанд, қисмати дигар далел пеш меоранд, ки гӯиё, ин мавзуъ аз доираи фаҳмиши одамизод фаротар асту нодонстанӣ. Ҳангоме ки бо ин гуна одамон дар мавзӯи мазкур суҳбат шавад, чунин ҷавобат медиҳанд : “Барои ман фарқе надорад. Медонам, ки алҳол ҳастам. Як рӯз ба дунё омадаам ва рӯзе аз дунё хоҳам рафт. Ҳаминаш бароям кофист”.
Зоҳиран, ақидаи ҳар кас барои худаш дар баъзе маврид ( на дар ҳама ҳол) муътабар аст, вале агар чуқуртар ба ин тарзи тафаккур таваҷҷуҳ намоем, ногузир хоҳем фаҳмид, ки чунин тарзи ақида аз носолимии афкори соҳиби он далолат мекунад. Агар аз эшон бипурсӣ, ки худшиносӣ чист? Ҷавобат медиҳанд: «Худшиносӣ, он ки кас дар дунё арзи вуҷуд карданашро бидонад, яъне ман бидонам, ки ҳастам.». Чунин ашхос аз доираи мазмуни ҷумлаи зикршуда поро фаротар гузошта наметавонанд. Ҳамагон медонанд, ки худро шинохтан камоли ақл асту муқтазои заковату хушбахтӣ. Инсон то худро нашиносад, на ин ки одаму оламро, балки Худояшро шинохта наметавонад. Кас, дар сурате ки ба худаш то ба ин андоза бетаваҷҷуҳ аст, аз ӯ дигар чӣ метавон интизор дошт? Одамӣ, ҳангоме ки наметавонад дар бораи ҳастии худ андеша намояд, оё ӯ қодир аст, барои дигарон вақти худро сарф кардаву кори некеро анҷом бидиҳад?
Бешак, аз чунин одамон бӯи умед нест. Ин гуна ашхосро ҳар гоҳ ки ғаме фаро расад, даступоча мешаванд ва дар ҷаҳл боз ҳам бештару амиқтар фурӯ мераванд, зеро сарфаҳм намераванд, ки дар перомуни ҳар ғаме (ғам се навъ аст: ғами бад-он ки касе чизе дораду ман надорам; ғами нек-ғами дин ва ғами ошиқона-ғаме, ки зоҳираш ғусса, вале ботинаш шодист) кадом ҳикматҳое нуҳуфтааст. Бовар намекунам, чунин ашхос бифаҳманд, ки як даҳон барои як дафъа сухан кардан асту ду гӯш барои ду баробар гӯш фаро. Ин гуна мардум танҳо ба он чизе бовар мекунанд, ки дар партави чашмашон намоён аст, бехабар аз он ки:
“Чашми дил боз кун, ки ҷон бинӣ,
Он ки нодиданист, ҳамон бинӣ.”
Парвардигор(ҷ) аз тариқи эъҷози офаридаҳояш инсонро аз роҳҳои мухталиф панд медиҳад, то ӯ худро бишиносад. Ашхоси худношинос аз ҷумлаи онҳоеанд, ки ба қавли маъруф «кӯри худанду бинои мардум». Ин ҳамон дӯстони нодонеанд, ки мардум дар «васфашон» гуфта: «душмани доно беҳ аз дӯсти нодон». Ҳаргиз шоиста нест, ки одамӣ нисбат ба неъмати бузурге чун худшиносӣ фориғболу бекифоят бошад.
Инсон набояд аз онҳое бошад, ки бигӯяндаш:
— Эй инсон! Бо ин кӯр-кӯрона асозаданҳо ба куҷо хоҳӣ расид??!!
Магар гуфтаи машҳури ҳазрати Алӣ (к) ба ин гуна ашхос нигаронида нашудааст, ки фармуда:
“Чунин мардумон (яъне, касоне, ки худшинос нестанд) дар хобанд. Ҳар гоҳ ки бимиранд, бедор мешаванд”.
Шоири борикбин Абдулҳайи Муҷахарфӣ ин маъниро чӣ зебо ба риштаи назм кашида:
Эй зи нӯши хамри ғафлат маст хуфта дар тариқ,
Ҳуш дар сар гир, пеш аз он ки бедорат кунанд!
Гар, на пеш аз марг бедорӣ гузинӣ дар талаб,
Аз чунин хоби гарон бо МАРГ бедорат кунанд!!!
Мардуми худношинос ин ҳамон ашхоси беҳавсалаву фориғболеанд, ки танбалӣ дар аъмоқи руҳу ҷисми онҳо рахна зада, гӯиё дар ҳолати нимхобиву нимбедорӣ ба сар мебаранд.
Месазад ин ҷо ҳикояеро ба масал биёваврем, то ҳар касе хоҳад, бо фаросат дарёбад, ки оқубату зарари танбаливу бепарвоӣ ва худношиносиву Худоношиносӣ ба кадом андоза инсонро ба вартаи ҷаҳолату залолат мекашонад:
— Овардаанд, ки чӯпоне ҳангоми молчаронӣ санге ёфт, басо зебову марғуб. Рафт то бад-ин санг хӯроке бихарад. Хӯрокфурӯш гуфт: “Ҳар чӣ дар ин дӯкон аст, арзиши ин санги туро надорад.” Ӯ назди дӯкондори бузург ва баъдан бузургтаре рафт ва боз ҳам ба ҳамин ҷавоб мувоҷеҳ шуд.
Чӯпон, охируламр назди подшоҳ рафт. Подшоҳ гуфт: “ Мо дари хазинаҳои ҷавоҳиротро ба рӯят боз хоҳем гузошт. Ту ҳар чи қадар битавонӣ аз бегоҳ то субҳ аз ин ҷавоҳирот дар ивази сангат бигиру бубар.”
Чӯпон ба хазина даромад. Сармаст аз ин неъмати ройгон, бо худаш гуфт: ”Даме дар оғӯши ин боигарӣ бихуспам, баъдан тамоми ин ҷавоҳиротро то субҳ хоҳам бурд. “Ҳанӯз ҳузури хобро ночашида, бедораш карданд, ки “субҳ дамидааст”. Ӯ ҳар чи қадар узр пеш оварду зориву тавалло намуд ва густохӣ кард, аммо бо мушту лағад аз хазина берунаш кашиданд. Магар, баҳои санги чӯпон аз он умри ройгони Худодод, ки ба мо дода шудааст, арзиши бештар дошт? Магар қиссаи чӯпон шарҳи ҳоли инсони худношиносу беҳавсаларо ба хотир намеорад? Магар, хоби нопӯхтаи чӯпон намоди гаронхобии инсони нохудогоҳ дар тӯли умри кӯтаҳи ӯ нест?
Муҳаммадҷони СОИБ