«Журналистика ҳам касб асту ҳам ҳунар, зеро хабарнигорон дорои малакаҳои ихтисосӣ буда, меъёрҳои умумиро риоя мекунанд. Пас, чӣ гуна журналистика аз дигар касбҳо, амсоли табиб ё ҳуқуқшинос фарқ мекунад? Тафовути калонтарин дар нақши вижаи воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи озод аст», — навиштааст Дебора Поттер дар китоби худ, ки куллан бо ӯ мувофиқам. 

Имрӯз ҷомеаи мо барои мутолиа ва ҳазми иттилооти зиёд аз сарчашмаҳои гуногун вақти кофӣ надорад. Бештар матни таҳлилӣ, ки дар тадқиқоти журналистӣ дида мешавад, ба хонанда ва бинанда имкон медиҳад, то бо далелҳои тасдиқшуда ва сабабҳои ин ё он ҳодиса (ҷиноят), ки шахсони манфиатдор мехоҳанд аз ҷомеа пинҳон кунанд, шинос шавад. 

Мутаассифона, журналистикаи тадқиқотӣ дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир рӯ ба таназзул ниҳода, пажӯҳишу таҳқиқоти ҳирфаӣ қариб, ки дигар вуҷуд надорад. Шояд яке аз омилҳои ин мушкил дар он бошад, ки ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ва умуман, шаҳрвандон ба ВАО — журналистон ба унвони ҳимоятгари худ эътимод надоранд.  Гузашта аз ин, худи журналистони тоҷик низ ба ин қудрати худ ҳамчун ҳокимияти чорум ва имкони саҳмгузор будан дар демократикунонии ҷомеа ва волоияти қонун боварӣ надоранд. 

Чанд соли ахир Шабакаи ҷаҳонии журналистони тадқиқотчӣ (Global Investigative Journalism Network) барои журналистоне, ки ба тадқиқот машғуланд, дар ин ё он кишвар конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва осиёӣ баргузор мекунад. Имсол ҳамоиши журналистони тадқиқотчӣ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор шуд. Дар ин нишаст беш аз 400 нафар журналистону ҳуқуқшиносон ва блогерҳову фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, намояндагони созмонҳои байналмилаливу ташкилотҳои ғайридавлатӣ иштирок карданд. 

Зимни конфаронс мавзӯъҳои хеле муҳим барои ҷомеаи журналистии имрӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт: аз қабили хабарҳои бофта (фейк-хабарҳо) ва мубориза бо он, ҳимояи ҳуқуқи журналистон, мубориза бо таҳдидҳо алайҳи журналистон, тадқиқотҳои марзиву наздимарзӣ – пайгирии ҳаводиси марбут ба пулшӯӣ, амнияти рақамӣ, ҳифзи худ ва сарчашмаи иттилоот, инчунин чанд масоили марбут ба кору фаъолияти журналистика дар ҷаҳони муосир. 

Яке аз мавзӯъҳое, ки барои журналистон, ва умуман ҷомеаи тоҷикистонӣ, имрӯз хеле муҳим аст – хабарҳои бофта ва далелсанҷӣ мебошад. Барои дода нашудан ба ҳар гуна фиреб ё манипулятсия, на танҳо журналист, балки ҳар инсони комил бояд иттилои шунида ва мехондаи худро таҳлил кунад. Барои ин ба таври фишурда ба се маҳаки асосӣ дар хабару акс бояд диққат дод: сарчашма, сана ва маҳалли ҷойгиршавӣ. 

Барои кишвари мо муҳоҷирати меҳнатӣ ва муҳоҷирони корӣ яке аз мушкилоти хеле муҳим ба шумор меравад, чун ин гурӯҳи осебпазир ҳамеша ба хатари гирифтор шудан ба ғуломӣ, пардохт нашудани ҳаққи хизмат, лату кӯб шудан аз ҷониби «ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ» ва боз даҳҳо проблемаи дигар рӯ ба рӯ мешаванд. Дар маҷмӯъ, муҳоҷирони корӣ, ки 60% аз 244 миллион муҳоҷири байналмиллалии ҷаҳонро дар бар мегиранд, махсусан ба зӯроварӣ, ба монанди хариду фурӯши одамон ва фоҳишагӣ, гирифтор мешаванд. Дар пешгирӣ кардани чунин қонуншиканиҳо ва кӯмак ба ин гурӯҳи ҷомеа, журналистони тадқиқотчӣ метавонанд нақши назаррасе гузоранд. 

Баъди нашри мақолаи тадқиқотӣ имконияти кушодан ва паҳн кардани ҷиноят, ки мансабдорон мехоҳанд ва кӯшиш мекунанд, то онро аз ҷомеа пинҳон доранд, ба миён меояд. 

Дар тамоми ҷаҳон матбуоти озод — оксигени демократия номида мешавад. Сиёсатмадори фаронсавӣ Алекс де Токвиле ҳанӯз 200 сол пеш гуфт буд: «Шумо наметавонед бе демократия рӯзномаҳои воқеӣ дошат бошед, ҳамон тавре ки наметавонед демократияи воқеиро бидуни рӯзномаҳо ба даст овард».

Воқеан, ин суханони оддӣ дар тӯли таърих чӣ қадар арзиш доштанд ва ҳақиқати ҳолро то ба имрӯз исбот кардаанд, ки дар баҳсу баррасии он дигар шакку тардиде нест. 

Дар ин росто, банда ҳам ба унвони як журналисти тадқиқотчӣ боварӣ дорам, ки  агар хабарнигорони мо дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ба тадқиқоти журналистӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунанду рисолати аслии худро анҷом диҳанд, ҳатман дар демократикунонии ҷомеа саҳми бузург хоҳанд гузошт.

Барои маълумоти журналистон: Конфаронси байналхалқии журналистони тадқиқотчӣ соли оянда дар Олмон баргузор мешавад ва ҳар хоҳишманд метавонад довталаби бурсия (грант) барои сафар бошад. 

Дар интиҳо, ба роҳбарияту масъулини “Институти «Ҷамъияти кушода” Бунёди мадад дар Тоҷикистон, ки сафари маро ба конфронси мазкур маблағгузорӣ кард, арзи сипос менамоям. 

Муҳайё Нозимова,

Душанбе-Сеул-Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here