Омӯзиши фанҳои табииро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳои худ қайд намуда, таъкид карданд, ки баҳри баҳравар гардидан аз ин фанҳо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва кӯшиш намоем, ки мактабиён аз ин илмҳо дониши кофӣ гиранд.
Лозим ба ёдоварист, ки ба гуруҳи илмҳои табиӣ математика, физика, химия, биология, география, технология дохил мешаванд. Физика илмест, ки табиатро меомӯзонад, баҳрест беканор, ки ҳар қадар мо сайъ намоему дониш гирем ҳам, қатрае аз баҳр мебошад. Дар физика оид ба ҳодисаҳои табиат, қонунҳои он, кашфиётҳои он аз нуқтаи назари илмӣ баҳои ҳаққонӣ дода шуда, касро ба андешаронӣ водор мекунад. Физика ва математика бо ҳам пайваст буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Тавре гуфтаанд, «физика бе математика нобино аст».
Физики итолиёӣ Галилео Галилей гуфтааст: «Табиат бо забони математика гуфтугӯ мекунад». Омӯзиши физика моро ба сайри табиати нотакрор бурда, оид ба ин ё он мафҳум маълумоти саҳеҳ медиҳад. Агар маънои чизеро надонед, маълумот дар бораи онро қабул мекунед ва ба он такя мекунеду истифодааш мебаред. Аз ин ҷост, ки «Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ». Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳангоми баёни сухан нуктасанҷ бошем, маънии ҳар як суханро дуруст сарфаҳм равем, хусусан мафҳумҳои илмиро, калимаҳоро аз назари илмӣ дуруст шарҳ диҳем, то хатои илмие рух надиҳад.
Дар физика он чизеро, ки чен кардан ё ҳисоб кардан мумкин аст, «бузургии физикӣ» меноманд ва онро бо ягон ҳарфи юнонӣ ё лотинӣ ишора мекунанд. Масалан вақт бо ҳарфи t (те), масофа — s (ес) суръат — v (ве), масса — m (ем), вазн — р (пе) ва ғайра. Ҳангоми гузаштани машғулиятҳо омӯзгорони физика ба мактабиён чунин таълим дода, оид ба фарқияти ҳар як бузургӣ, чен кардан ё ҳисоб кардани он маълумоти дуруст медиҳанд. Аз ҷумла массаро чун миқдори зарраҳои дар ҷисм ҷойдошта ё бузургии физикие, ки инертнокии ҷисмҳоро тавсиф намуда, бо ҳарфи m (ем) ишора карда мешавад ва бо тарозу чен карда мешавад. Яъне он ҷисмеро, ки аз зарраҳои муайян таркиб ёфтааст, дорои масса мебошад ва он ченкуние, ки мо бо тарозу иҷро мекунем, ҷисмҳоро бармекашем, ёфтани массаи ҷисм аст. Масса дар китоби дарсӣ «ҷирм» номида шудаву ҳамаи он зарраҳое, ки аз он ҷисм таркиб ёфтаанду бо тарозу ҳисоб карда мешаванд, дар назар дошта шудаанд. Аммо дар байни омма, матбуоти даврӣ, таълимотҳои синфҳои поёнӣ (китобҳои дарсӣ, аёниятҳои таълимӣ) вазифаи массаро ба вазн бор кардаанд. Яъне масса ва вазнро гӯё як чиз ҳисобидаанд, ки ин хатоест нобахшиданӣ.
Тавре дар боло қайд намудем, «вазн» бузургии физикиест, ки бо ҳарфи р (пе) ишора карда шуда, бо асбоби қуввасанҷ — динамометр чен карда мешавад ё аз рӯи формулаи Р=m.g ҳисоб карда мешавад. Вазни ҷисм — ин қувваест, ки ба такягоҳ ё овеза таъсир мекунад. Мисол, боре, ки шумо ба болои тарозу мегузоред ва миқдори онро тарозу муайян мекунад, вазн набуда, масса мебошад, аммо бори шумо гирифта бо ягон қувва ба такягоҳ таъсир мекунад. Масалан, дар замини мулоим гузорем, он бо қуввае ба замин таъсир карда, из ё пайи худро мегузорад. Ё агар ба рӯи тахтаи дар болои ҷӯй гузошташуда гузорем, тахта каме хам мешавад, ки ин таъсири вазни ҷисм мебошад. Агар ҷисм овезон бошад, танобро меканад.
Дар физика ҳар як бузургии физикиро бо воҳиде чен мекунанд. Яъне бузургиҳои физикӣ воҳид доранд. Масалан воҳидҳои вақт — 1 сония, 1 дақиқа, 1 соат, 1 шабонарӯз, масофа — 1 метр, 1 км, 1 см ва ғайра, масса – 1 кг, 1 сн, 1 m, 1 гр ва ғайра, вазни ҷисм — 1 нютон, 1 килонютон, 1 дина мебошад.
Худ ба хулоса оед, ки чи хел мо воҳиди вазнро кг, тонна, сентнер гӯем ё бо тарозу баркашем? Оё ин хато намешавад? Ин хатои илмӣ мешавад ва хонандаро ба роҳи нодуруст ва таълимоти хато мебарад. Тавре гуфтаанд:
Агар бинӣ, ки нобиною чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.
Омӯзиши физика дар муассисаҳои таълимӣ аз синфи 7 оғоз мегардад. Аллакай хонандагон дар бораи вазн маълумоти хато доранд ва баҳри ислоҳи он омӯзгори физикаро зарур аст, ки хело заҳмат кашад. Ҳатто мактабиён ба маълумотҳои дар зинаҳои поёнӣ гирифтаи худ такя карда, вазнро бо масса якҷо меҳисобанд. Ҳатто китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ ва аёниятҳои хаторо оид ба воҳидҳои вазн ба мо пешкаш менамоянд. Вақти он расидааст, ки мо массаро масса ҳисобему воҳидҳояшро 1 m, 1 сн, 1 кг, 1 грамм номем ва вазнро чун қувваи ба такягоҳ ё овеза таъсиркунанда ҳисобида, воҳидҳояшро 1 нютон, 1 килонютон, 1 дина ҳисоб намоем. Бояд фарқияти байни масса ва вазнро дуруст фаҳмида, ба хонанда таълими дақиқ диҳем.
Аз ин рӯ, лозим аст, мутахассисоне, ки китобҳои дарсиро тартиб медиҳанд ва абабиёти методиро нашр мекунанду ба мактабиён таълим медиҳанд, байни масса ва вазн фарқ гузоранд, ба ҷои бузургии физикии «масса» бузургии тамоман дигар — «вазн»-ро истифода набаранд.
Нағз дар хотир доред, ки:
1. Масса бо ҳарфи «m», вазн бо ҳарфи «р» ишора карда мешаванд.
2. Массаро ҷирм, ё ба гуфти физики англис Нютон, миқдори зарра меноманд. Вазни ҷисм қувваест, ки ба такягоҳ ё овеза таъсир мекунад.
3. Воҳидҳои масса 1 m, 1 сн, 1 кг, 1 грамм буда, воҳидҳои вазн 1 н, 1 кн, 1 дина мебошанд.
4. Массаро бо тарозу чен мекунанду вазнро аз рӯи формулаи Р=m.g ё динамометр.
Ҷамолиддин ҶАЛОЛЗОДА,
омӯзгори фанни физика ва математикаи МТМУ №68-и ноҳияи Рӯдакӣ