Зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, сафири ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст.

Рисолати заминии занро Иқбол дар модарии ӯ мебинад, ки таълиму тарбия ва солим ба камол расонидани кӯдакон ҷузъи ҷудонашавандаи он мебошанд. Ба ҳамин хотир, ӯ дар ашъори хеш ин масъаларо дар чунин ҷилваҳо ба қалам кашидааст:

Нек агар бинӣ умумат раҳмат аст,

З-он ки ӯро бо нубувват нисбат аст.

Шафқати ӯ шафқати Пайғамбар аст,

Сирати ақвомро суратгар аст.

Аз умумат пухтатар таъмири мо,

Дар хати симои ӯ тақдири мо.

Аз ин бар меояд, ки Иқбол шарафи модариро бо «нубувват» (пайғамбарӣ) муқоиса намуда, шафқат, яъне меҳру муҳаббати ӯро ба «шафқати пайғамбар» ва «суратгари сурати ақвом» ба қалам додааст.  Пай бурдан душвор нест, ки Иқбол ҳурмату иззат намудани модарон ва ба қадри онҳо расиданро ҳамчун нишонаи «миллат» муаррифӣ  менамояд, чунки ӯ боварӣ дорад, ки бе онҳо «зиндагӣ нопухтаву хом» мемонад:

Миллат аз такрими арҳом асту бас,

Варна кори зиндагӣ хом асту бас.

Иқбол он қадар ба мақоми зан дар зиндагӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки  ҳатто  чунин ба назар мерасад, ки ӯ то андозае ба ифрот дода шудааст: «гармии рафтори ҳаёт», «кашфи асрори ҳаёт», ба сар бурдани «печу тоби зиндагиро» қатъан ба онон, яъне занҳо нисбат медиҳад. Ӯ бо ин қавли хеш қонеъ нагардида, «ҳастии инсонро» ҳамчун маҳсули ранҷу азобҳои кашидаи модарон, равшании субҳро натиҷаи шабзиндадории эшон медонад:

Аз умумат гарм рафтори ҳаёт,

Аз умумат кашф асрори ҳаёт.

Аз умумат печу тоби ҷӯи мо,

Мавҷи гирдобу ҳубоби ҷӯи мо,

Ҳастии мо маҳкам аз ороми ӯст,

Субҳи мо оламфурӯз аз шоми ӯст.

Иқбол мӯътақид буд, ки барору нобарорӣ, комронию нокомии мардон аз бисёр ҷиҳатҳо ба вуҷуди зоти поку муқаддаси хонадон вобаста мебошад. Дар ифшои чунин андешаҳо ӯ занро  сабабу иллати хонаободӣ, осудаҳолӣ ва осоиши мардон дониста, дар пуштибонӣ аз мақоми зан бо муқобили ашхосе бархостааст, ки ба ақидаи онҳо вазифаи зан танҳо аз парасторӣ иборат аст:

Нағмахез аз захмаи зан сози мард,

Аз ниёзи ӯ дуболо нози мард.

Пӯшиши урёнии мардон зан аст,

Ҳусни дилҷӯ ишқро пироҳан аст.

Ишқи ҳақ парвардаи оғӯши ӯ,

Ин наво аз захмаи хомӯши ӯ.

Он ки нозад бар вуҷудаш коинот,

Зикри ӯ фармуда бо тайбу салот.

Муслиме, к-ӯро парасторе шумурд,

Баҳрае аз ҳиммати Қуръон набурд.

Иқбол ҳифзи модарӣ ва хидматгузорӣ ба модарро аз супоришҳои хоси Пайғамбар (с) дониста, шарафу қудрат, сарвату истиқлоли ҳар миллатро ба дасти фарзандони доно ва тандуруст вогузор мекунад, ки дар домони модарон тарбият меёбанд. Ӯ мӯътақид аст, ки сармояи қавму миллат ҳаргиз «нақду қумошу симу зар» шудан наметавонад, балки «фарзандҳои тандурусте»  ва  меҳнатдӯсту чусту чолоке мебошанд, ки ояндаи қавму миллатро метавон ба онҳо бовар кард:

Қавмро сармояи соҳибназар,

Нест аз нақду қумошу симу зар.

Моли ӯ фарзандҳои тандуруст,

Тардимоғу сахткӯшу чоқу чуст.

Иқбол ба хулосае расида, ки модарон нигаҳдорандаи рамзи бародарӣ буда, сарчашмаи илҳому нерӯбахши Қуръону миллат мебошанд:

Ҳофизи рамзи ухуват модарон,

Қуввати Қуръону миллат модарон.

Чеҳраи модарро Иқбол ба оинае ташбеҳ додааст, ки дар он ҳусну қубҳи ҷамъият, дирӯзу фардои он инъикос меёбад:

Чӣ пеш ояд, чӣ пеш афтод ӯро,

Тавон дид аз ҷабини уммаҳоташ.

Ин чунин маъно дорад, ки оромию пешрафти иҷтимоии халқу миллат қабл аз ҳама, дар чеҳраи зан-модар ҳувайдою ошкор мегардад. Иқбол, ки худ муслиҳ, мутафаккири исломӣ ва мағз андар мағзи мусулмон буд, бидуни шаку шубҳа занро берун аз риояи шарту фароизи динӣ ё қонуну қоидаҳои шариат ва Қуръон ҳатто тасаввур кардан ҳам наметавонист.

Аълома мақому мартаба ва масъулияти занро дар сохтмони ҷамъият аз мард боло ҳисобида, қайд карда буд: «Зан дар сохтмони ҷомеа беш аз мард саҳим ва дахил аст». Дар маснавии «Румузи бехудӣ» бошад вобастагии зану мардро аз ҳамдигар таъкид намуда, ӯро «нигаҳдорандаи кори ҳаёт», фитраташро ба «лавҳи асрори ҳаёт» ташбеҳ дода, суботи зандагиро натиҷаи «табу тоби» ӯ донистааст. Ӯ оиди нақш ва мақоми зан бисёр андешаҳо карда, бо ҳар роҳу васила меҳоҳад мардумро ба он даъват намояд, ки «қудсияти занро» дарку эҳсос намоянд.

Пораеро аз маснавии зикршуда ба шакли иқтибос оварда умедворем, ки моро аз шарҳи иловагӣ раҳо месозад:

Зиндагӣ эй зиндадил донӣ ки чист?

Ишқи якбин дар тамошои худист.

Марду зан вобастаи якдигаранд,

Коиноти шавқро суратгаранд.

Зан нигаҳдорандаи нору ҳаёт,

Фитрати ӯ лавҳи асрори ҳаёт.

Оташи моро ба ҷони худ занад,

Ҷавҳари ӯ хокро одам кунад.

Дар замираш мушкилоти зиндагӣ,

Аз табу тобаш суботи зиндагӣ.

Шӯълае, к-аз вай шарарҳо даргусаст,

Ҷону тан бе сӯзи ӯ сурат набаст.

Арзи мо аз нақшбандиҳои ӯ,

Мо ҳама аз нақшбандиҳои ӯ.

Ҳақ туро додаст агар тоби назар,

Пок шав қудсияти ӯро нигар.

Ба ақидаи Иқбол вазифаҳои зан ниҳоят гуногунанд: солиму тандуруст тарбия кардан, «ло иллаҳ» омӯзонидан ва ғайра, чунки модарон қодиранд роҳу равиши инсонро дар «фикру гуфтору кирдор» куллан дигар созанд:

Кӯдаки мо чун лаб аз шири ту шуст,

Ло иллаҳ омӯхти ӯро нахуст.

Метарошад меҳри ту атвори мо,

Фикри мо гуфтори мо кирдори мо.

Иқбол бо ифтихори бузурге модаронро ҳамчун шукӯҳу неъмати «оини ҳақ» ситоиш намуда, дар нафасҳои онон сӯзи дини ҳақро эҳсос кардааст:

Эй амини неъмати оини ҳақ,

Дар нафасҳои ту сӯзи дини ҳақ.

Поёнтари ҳамин шеър Аллома модаронро ба «оббанд» ва ҷамъиятро ба «духтаре» шабоҳат медиҳад, ки агар ӯ дар ин амали хеш «таъриху таъҷил»-ро раво бинад, нашъу намои он навниҳол халалдор мегардад. Ба ҳамин хотир ӯ талаб дорад, ки онҳо фарзандони худро дар канор гирифта, ба тарбияву парвариши онҳо ҷиддан машғул шаванд. Натиҷаи чунин парваришу тарбияи модарон аст, ки фарзандони солимақлу  донишманди он хушбахтию саъодати қавму миллаташро таъмин менамояд. Тарбияву парвариши инсонҳои комил вазифаи аввалин ва охирини модарон аст. Аз ин рӯ, ҳар падару модар вазифадор аст, ки духтарони хешро таълиму тарбия дода, онҳоро барои обод кардани хонадони хеш ҳамаҷиҳата омода созанд. Ӯ ба таҳсили духтарону занон таъкид мекунад ва мегӯяд: «Таҳсилоти мард таҳсилоти фарди аст, вале таҳсил ва саводи зан ба ин маъно мебошад, ки як хонавода таълим дода бошем».

Сирати фарзандҳо аз уммаҳот,

Ҷавҳари сидқу сафо аз уммаҳот.

Эй ривоят пардаи номуси мо,

Тоби ту сармояи номуси мо.

Эй амини неъмати ойини Ҳак,

Дар нафасҳои ту сузад дини Хақ.

Оббанди нахли ҷамъият туӣ,

Ҳофизи сармояи миллат туӣ.

 

Зиёева Зебониссо ИДИБЕКОВНА,

ходими калони ИФСҲ

ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here