МАН ДАР ҚАФАС…

Ҳолам хуб аст. Ҳавои тоза…Оромӣ…Осудагӣ…

Маро ҳама дӯст медоранд, яъне ҳар касе, ки ба ман назар мекунад, гӯё ҳолати хурсандибахше ӯро фаро мегирад, аммо ман медонам, ки он ҳолат аз хурсандӣ нест… шояд дилаш месӯзад ё шояд ба ҳолам механдад… фикри дигар ин аст, ки шояд аз ин ҳолам ҳаловат мебарад.

Ман ӯро бо ҳасрат менигарам, вале гумон намекунам, ки ӯ мехоҳад ҳоли дили маро фаҳмад… чунки ӯ танҳо дар фикри худ аст. Бале танҳо бояд ӯ хурсан бошад ва лаззат барад.

АММО МАН ЧӢ?

Ҳамеша чашмонам аз панҷарачаҳои хурд-хурди қафас ба манзиле, ки Офаридгорам аз азал ба ман инъом кардааст, чор аст…

Мехоҳам озод бошам. Парвоз кунам, ба дуриҳои дур. Чунон бол афшонам, ки тамоми ногуфтаҳое, ки дар қалбам буданду ҳастанд холӣ шаванд. Аммо ин руъёи мо “бардаҳо” аст, ки чунин қисмат дорем. Шояд аз “дилсӯзиамон” бошад, ки даҳон во намекунем, баъзан дарҳои қафасро боз мекунанд, вале мо одат накардаем, ки бидуни хоҳиши онҳо (то нахоҳанд, ки мо барои ҳамеша озод бошем) парвоз кунем.

МАН БОЛ ДОРАМ…

… Вале дар миёни чор тараф парвоз кардан наметавонам. Баъзан эҳсос мекунам, ки онҳо гумон мекунанд, мо парвози тӯлонӣ кардан наметавонем, зеро маҳз барои “қафас” таваллуд шудаем.

Аммо на… иштибоҳи бузурге мекунанд онҳо. Магар болҳоямро намебинанд, ки чи гуна барои парвоз майли тамом доранд, беқарорӣ мекунанд, ҳатто баъзан бо панҷараҳои оҳанин даргир шуда, захмӣ мешаванд…ярадор мешванд… вале боз умеди парвозро дар худ намекушам… инро гӯё касе намебинад…

ИМРӮЗ МАНУ ИНСОН…

Ҳа, чи тавре, ки мебинӣ “ман дар қафас”, вале ту чӣ? Эй инсон ба ту суол додам, ту дар куҷоӣ?

Бале, медонам, чун ҳамеша хомӯширо авлотар медонӣ, вале боке нест, ман ба ҷойи ту мегӯям…

Эй инсон! Имрӯз ту низ дар “қафас” ҳастӣ. Чӣ, магар намедонистӣ, ки миёни чор девор зиндагӣ кардан аз қафас ҳам бадтар аст?

Ман бол дорам, вале хомӯшии ту маро боз доштааст ва ман имрӯз тоби ин қафасро надорам, мефаҳмӣ? Ҳалқа танг мешавад, нафаскашии ман ба маротиб душвор мегардад… ман озод наям… ман метарсам, аз он ки мабодо бидуни амалӣ шудани “орзуҳо” дар миёни панҷараҳои ин қафас нафасгир мешавам…

ОРЗУ?

Бале, орзу… монанди як эҳсос аст, ки ҳар махлуқ онро дар дил мепарварад. Масалан, орзуи ман “аз осмон ба замин нигаристан” аст… на, аз парвоз кардан намегӯям, зеро ин ибора хеле маъмулӣ ва миёни мо паррандагон вирди “забон” аст, вале “аз осмон ба замин нигаристан”-ро ба маънои томаш фаҳмед.

Эҳ, ман инро ба кӣ мегӯям?!

Чӯб? Санг? Кулӯх? Куҳу пушта ва ё инсон?

Намедонам!…

Хуб, бармегардем сари масъалаи ту, эй инсони азиз… Ту низ мисли ман…

Медонам, шояд ҳоло дар сарат суоле чарх мезанад… Чи гуна мисли ту, эй махлуқи безабон? Охир ман аз ту тафоввути зиёд дорам.

Ман ҷавоб медиҳам… эй инсони азиз!

Ин тафоввутҳо бо мурури замон аз байн мераванд, зеро Холиқамон ҳар он чизеро, ки медиҳад барои абадӣ намедиҳад… Ӯ хеле бузург аст ва ҳар амалу ҳолат, ҳаракат, муносибат ва нияти моро медонаду мебинад ва назорат мекунад. Фаромӯш накун, он чизе, ки имрӯз аз ту аст, фардо аз каси дигаре мешавад… аз ин рӯ, мегӯянд ба чизу моли дунё дилбаста мабош…

Эҳ, ин ҳамаро ба кӣ мегӯям?!

Медонам, ҳоло танҳо дар фикри донистани он ҳастӣ, ки чаро ману ту имрӯз дар як вазъ қарор дорем ва “ҳамдардем”… вале инро ҳам медонам, ки бо бисёре аз суханонам мувофиқ нестӣ ва ҳам намешавӣ, зеро бо вуҷуди миёни чор девор буданат боз ҳам худро аз ман болотар ва “озодтар” мегуморӣ. Ба ҳар ҳол хомӯш буда наметавонам, мегӯям, дар дилам намонад, то ҷони маро нахӯрад…

Ту хуб медонӣ, ки ҷаҳони имрӯз дар ҳолати хеле дарҳаму барҳам қарор дорад… нахуст мардуми як кишвар аз ҳам дур шуданд, миёни онҳо гӯё девори “чинӣ” барафрохта шуд, баъдан шумораи ин қисмати талх чун бемории ҳамагир аксарияти кишварҳоро гирифт, вале бархе аз онҳо гумон мекарданд, ки ба мо рабте ва таъсире надорад. Вале ин андешаи онҳо иштибоҳи маҳз буд, акнун мардум салом як сӯй истад, ҳатто наметавонанд ба ҳамдигар алвидоъ бигӯянд. Медонед омилашро? Ҳазрати  тарс аст…

ТАРС?

Бузургтарин гуноҳ тарс аст!

(Ҳазрати Алӣ)

Оре, тарс ин эҳсоси манфурест, ки дар вуҷуди ҳар махлуқ ҷой дорад ва он ҷиҳати мусбӣ ва манфӣ дорад, ки мавзуъи домана дорест…

Пас, ҳоло тарс аз чӣ?

Хуб, мегӯям тарс аз он чизе, ки “бо дастони худ сохтед” на ин ки “кашф” кардед!  Бале, маҳз ҳамин ибора дурусттар аст, зеро вожаи “кашф” хеле маъмулӣ аст, вале “бо дастони худ сохтан” ба маънои “том”-аш истифода мешавад ва ҳар касе чи тавре хоҳад дарк мекунад, зеро худ медонед, ки “фарзияҳо” оиди ин мавзуъ хеле зиёд аст))

…Ва он чиз ҳам “ҷонкашаки ноаён” (вирускороно) мебошад…

Мутаассифона, ҳамин вируси “тоҷ бар сар” имрӯз ҷаҳонро “хок бар сар” карда истодааст. Чунон тавоноие пайдо карда, ки ба ҳар ҷойе мехоҳад бе пову сар меравад… ба ҳар маконе хоҳад мерасад…

Охир намедонам, чӣ гӯям, ту худ инро хуб медонӣ…

Вале мақсад аз гуфтани “вирускороно” ё “тарс” он буд, ки сабаби дар “қафас” ё “чор девор” истодани ту низ ҳамин ду чиз аст… чизи дигаре ҳам ҳаст, “худхоҳии баъзе ошноён…”

Медонам, мегӯйӣ, ки ин ҳолати ту мисли ҳолати ман тӯлонӣ ё абадӣ нест, вале ман мегӯям, чанд лаҳза ҳам бошад дар дунёи “тангу тор”-и ман будӣ… шояд фаҳмидӣ ё нафаҳмидӣ, ки миёни чор девор ва ё панҷара будан бидуни  майлу хоҳиши худ, чи бас сангину тоқатфарсо аст… вале ман “сабр”-у “мадоро” карда истодаам… аммо рӯшан аст, ки ҳар чиз ҳадди худро дорад…

Эй Инсони азиз!

Ту низ, “сабр”-у “муросо” бикун, зеро худ медонӣ, ки сабуронро Офаридгори оламиён дӯст медорад ва ҳангоме, ки аз имтиҳонаш гузарем… боз озодӣ, орзуҳо, ва нотарсӣ насиби махлуқонаш мегардад…

Эй инсон, агар аз ман озурда шудӣ, пас барои сергапиам узр мепурсам… аммо ба гуфти як ҳунарманди “нобиға”-е, ки доред, бо вуҷуди бисёр гуфтан, ки худ инро иқрор шудааст, боз мегӯяд: “Ман нав сар кардам”…

Ман низ, дар ин нимашаб, ки ҳамагӣ хобанд, аз қафасе, ки ҳадди ақал дар назди тиреза гузошта шудааст, ба осмони ситоразор нигариста ин ҳама “ногуфтаҳоеро”, ки рӯзҳои охир маро азият медод, гуфтам… Аммо ман воқеан “нав сар кардам”…

ЭЙ ИНСОНИ АЗИЗ!!!

Ҷойи ту дар қафас нест… ту бояд озод бошӣ, пас сабурона талош варз, андеша кун, ҷаҳд кун, то озодие, ки Парвардигор ба ту додааст аз даст надиҳӣ… касе ҳам натавонад озодии туро бигирад ва бар ивазаш як мушт миннату нафрат бидиҳад. Ту медонӣ, ки ҷуз ту касе на озодии туро, на фазои туро тира ё дарҳам зада наметавонад! Барои арзишҳои камарзиш ба ояндаи худ хати бутлон мазан. Агар барои зистан ва инсониятро дарёфтан омадаӣ, пас, бояд зист озодаву вораста ва аз ҳама муҳим ба чизеву касе вобаста мабош! Марги ҳама ҳастии инсон ин вобаста буданд аст! Боқӣ, туву дави аспат…

Ман умедворам, ки ту метавонӣ, зеро ту имконият дорӣ…

Ман дар “қафас”…

Бо “ним нафас”.

Аз озодии худ чандон умед надорам, вале ба озодии ту натанҳо умед, балки бовар дорам…

ОЗОД БИЗӢ, НАСЛИ ИНСОН!!!

Дилои Бандаишо

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here