Имом Ғаззолиро пурсиданд:
— Чи гуна расидӣ бад—ин мақом дар улум?
Гуфт:
— Бад—он ҳар чӣ надонистам, аз пурсидани он нанг надоштам.
Айёми кӯдакиам бисёр хушу хотирмон гузаштааст, чунки аз сабаби фарзанди хурдӣ будан, дар оғӯши волидайн мисли маликаҳо ба камол мерасидам. Ҳар хоҳишам дарҳол амалӣ мегардид. Хулласи гап, духтари эркаи очаю додо будам.
Дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил мекардам. Ҳамсинфонаму хонандагони аз ман хурдсол ба сӯям бо ҳавас менигаристанд. Омӯзгорон низ барои хонандаи аълохон будан нисбатам эҳтироми хоса доштанд. Боре набуд, ки дар рӯзнома баҳои хуб ё қаноатбахш гирифта бошам ва инро ҳатто тасаввур ҳам намекардам, аммо…
Соле, ки дар синфи 7-ум таҳсил мекардем, ба ҷадвали дарсии рӯзи чоршанбе фанни нав — “технологияи информатсионӣ” зам гардид. Гӯё ториктарин рӯзҳои зиндагиам акнун оғоз меёфтанд.
Аз ин пас рӯзҳои чоршанберо бад медидагӣ шудам. Зеро мани сардори синф умуман аз уҳдаи истифодаи компютер намебаромадам. Ҳар лаҳзае, ки ба синфхонаи компютерӣ ворид мегаштам, дар вуҷудам эҳсосоти бегона пайдо мешуд…
Ҳамсинфонам мушаки компютерро гоҳ ин тарафу гоҳ он тарафи миз гузаронида, дар назди компютер кор мекарданд. Яъне, қариб ҳамаи онҳо кор бо компютерро медонистанд. Ман бошам, бо ҳар баҳона дар мизи компютер наменишастам, то муаллима ва ҳамсинфон масхараам накунанд. Ҳатто барои омӯхтан ба муаллима муроҷиат намекардам (гӯё ҳама аз домани модар компютердон ба дунё омада бошанд), шармам меомад. Ҳар лаҳза, ки омӯзгор ба мизи нишастаам наздик мешуд, мегуфтам, ки муаллимаҷон, ман ба мавзӯи вазифаи хонагӣ омодааму мехоҳам дар назди тахтаи синф нақл кунам. Ба назарам, муаллима медонист, ки ман саводи компютерӣ надорам ва шарм мекунам, аз ин лиҳоз, аз рӯйи мавзуъ 3-4 савол дода, баҳоямро мегузошт — 4. Ҷолибаш он буд, ки дигар аз баҳои 4 шарм намекардам, вале дар назди ҳамсинфон омӯхтани компютер бароям нанговар менамуд, ғурурам чунон осмонӣ буд, ки асло бо чизе ташбеҳ додан нашояд.
Аз миён 2 моҳ гузашт. Баҳои марҳилаи аввал аз ин фанни сабилӣ 4 баромад. Дар маҷлиси падару модарон роҳбари синф ба модарам аз суст будани кӯшишам дар марҳилаи 1-ум мегӯяду таъкид мекунад, ки ин ҳолат барои сардори синф ва гирандаи стипендияи раиси шаҳр боиси шармандагист. Агар таҳсилро чунин идома диҳад, ӯро аз рӯйхати стипендиатҳо хориҷ мекунанд. Модарам ба хона омада, гуфтаҳои роҳбари синфро ба падарам расониданд.
Бо ҳамин равиш ҷамъбасти солонаи синфи 7 аз фанни нофорами технологияи информатсионӣ 4 шуд. Гуфтаҳои роҳбари синфам ба ҳақиқат табдил ёфт. Дар соли хониши 2013-2014 ба Озмуни барандаи стипендияи раиси шаҳр роҳхатам надоданд, зеро баҳои 4-и гирифтаам бароям душмании бузург карда буд.
Рӯзе аз мактаб ба хона омада, рӯйи мизи дарстайёркуниам як қуттии сиёҳи ҳамворро дидам. Аҷабо, чӣ бошад? Кушодам… Ин калиди орзуҳоям — ноутбуки нав буд. Модару падарам хостаанд, ки бароям туҳфаи ғайричашмдошт кунанд. Воқеан, ин туҳфа давоми умри 14-солаам беҳтарин сюрприз буд.
Давоми 2 рӯз компютерро бо роҳи худомӯзӣ аз худ карда, акнун «аз ин гӯшаш даромада, аз он гӯшаш мебаромадагӣ шудам». Дигар дар рӯзномаам аз фанни информатика ҳамеша баҳои 5 мегирифтам ва он ба яке аз фанҳои дӯстдоштаам табдил ёфт. Рӯз то рӯз ба компютер шавқи беандоза пайдо мекардам. Ҳатто омода будам, ки дарси 45-дақиқаиро 450 дақиқа гузарем.
Дар ин миён, бахшида ба ҳафтаи фаннии технологияи информатсионӣ озмуни беҳтарин хонанда аз рӯйи номинатсияҳои зерин эълон гардид:
— беҳтарин видеоролик;
— беҳтарин фотошоп;
— беҳтарин слайд-шоу;
— беҳтарин сканворд;
Ман дарҳол дар бахшҳои беҳтарин фотошоп ва сканворд худро номнавис кардам. Бо истифода аз тамоми дониш ва малакаи думоҳаам кӯшиш мекардам, ки сазовори боварии худ ва волидайн бошам.
Ниҳоят, фурсати ҷамъбасти озмун фаро расид. Ному насаби хонандагоне, ки дар ин ҳафта ба унвони беҳтарин иштирокчии ҳафтаи фаннии технологияи информатсионӣ сазовор шудаанд, дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ эълон гардид. Хушбахтона, ман дар миёни синфҳои 8-ум беҳтарин информатикдон дониста шуда, бо Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравии таъсиснамудаи муассисаи таълимӣ қадрдонӣ гардидам.
Акнун 6 сол сипарӣ шуд ва дар тӯли ин солҳо соҳиби чандин диплому ҷоизаҳои ифтихорӣ шудам, лекин ин Ифтихорнома бароям манзалати хоса дорад ва шояд мақоми онро дар оянда низ ягон мукофоти дигар гирифта натавонад. Зеро барои расидан ба он чандин воқеаҳои ибратнокро паси сар намудам, хатоҳои кардаамро сарфаҳм рафтам ва бо василаи ин Ифтихорнома аз лаҳзаҳои гузаштаи умри худ хулосаи зарурӣ баровардам.
Инак, дарк кардам, ки барои омӯзиши илму дониш бояд пайваста кӯшишу талош кард, аз атрофиён бе ҳеҷ шарму ҳаё пурсид ва омӯхт, то барои ояндаи дурахшони хеш калиди заррини дари муваффақиятро дарёфт.
Шайх Саъдӣ беҳуда нафармуда:
Бипурс, ҳар чӣ надонӣ, ки зилли пурсидан
Далели роҳи ту бошад ба иззи доноӣ!
Нодира ХАНҶАРОВА