Ман ба наздикӣ бистуяксолагиро пур кардам. Ба қавле, аз ин дори дун ҳанӯз чизе надидаам. Вале мӯйи сарам сафед, рӯям ожангдор шудааст. Дастонам пажмурда, пойҳо камҳаракатанд ва қоматам хам гаштааст. Қариб ҳар рӯз хотири мушавваш дорам. Гӯшанишину танҳогардиро ҳам ёд гирифтаам. Дар назарам рӯзҳо монанди аср мегузаранд ва ба ман менамояд, ки дар як соли охир 365 аср зиндагӣ кардам, нафас кашидам, гиристам, бадгӯйӣ кардам, дурӯғ бофтам, дурӯғ гуфтам, танқид намудам, ба иззати нафсҳо расидам, нақшаҳои бефоида кашидам, орзуҳои зиёди подарҳаво доштам, дилҳои бешуморро шикастам, садҳо одамонро ноумед кардам, ашкҳоро резондам, туҳфаҳоро ба партов партофтам, хандаҳоро ба гиря табдил додам, суратҳоро дарондам, хотираҳоро сӯзондам, навиштаҳои қиммати “стик”оямро фаромӯш кардам, корро партофтам, корҳои навро қабул накардам, ба касе ҳамфикр нашудам, ҳамаро дар муқобилам дидамМедонед барои чӣ? Албатта, ки намедонед! Барои он ки ман девона нестам, вале маро девона мегӯянд.

 Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Мо 39 мактаби олӣ бо шартномаҳои ба маошу шароитамон носозгор, зиёда аз 500 ихтисос ва мизу курсиҳои пур аз донишҷӯйи бемақсаду маром дорем, вале дар муқобил ҷойҳои кори кам, мутахассисони ғайриҳирфавӣ ва “бокаллаҳо”-и ангуштшумор дорем. Пас чӣ лозим ин қадар мактаби олӣ?”. Ин навиштаро ҳар нафаре, ки хонд, девонаам гуфт. Ва садое шунидам: “Мувофиқи ҳисоботҳо, сол то сол миқдори донишҷӯён афзуда истодааст, ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ гурехта истодаанд, духтарҳо шавҳар ёфта истодаанд, оворагардиву авбошӣ кам шуда истодааст. Боз ба ту чӣ лозим аст?”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Тавре мебинам, тавре худи донишҷӯён мегӯянд ва тавре устодон гила мекунанд, сол то сол мизу курсиҳои макотиби олиро тасодуфиҳо — ҳамонҳое, ки хондан намехоҳанд ё ҳамонҳое, ки бо супориши волидон донишҷӯ шудаанд ва ё ҳамонҳое, ки бо шарофат ва дастгириҳои Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳо роҳ ёфтаанд, банд мекунанд. Оё беҳтар нест, ки номи донишҷӯро ба ҳар кас надиҳем ва ин қадар хораш накунем?”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Хазинаҳои макотиби олӣ пур шуда истодааст, бачаҳо мизу курсиро холӣ намонда истодаанд, аз рӯйи ихтисосашон кор ҳам наёбанд ё кор ҳам накунанд, “зато” диплом доранд ва статусашон маълумоти олидор аст”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Чанд рӯз пеш издиҳоми зиёди хонандагону донишҷӯёнро дар навбати бақайдгирӣ дар китобхона дидам. Бо чанд нафарашон ҳамсуҳбат шудам ва фаҳмидам, ки онҳоро маҷбуран узви китобхона мекунанд. Ин кор айбу шарм нест? Шахсан ман фикр мекунам, ки аз замин то осмон шармандагист”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Ба ин ҳама кори ту чӣ?”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба гӯшам суҳбати ҷавонон расид, ки мегуфтанд: “Имрӯз донишгоҳ рафта як “селфӣ” кунем”. Магар аз рафтан дида, нарафтани онҳо хуб нест?”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Боз мегӯям: ба ин ҳама кори ту чӣ?”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Дар умри кӯтоҳам шоҳиди чандин духтарфурӯшиҳо шудам. Ҳамон духтарфурӯшиҳое, ки касе парвои ислоҳашро надорад. Ҳамон духтарфурӯшиҳое, ки ҳар қадаре, ки духтар қиммат ба “савдо” равад, волидон ҳамон қадар назди хешу табор ва ҳақу ҳамсоя обрӯманд ва ифтихорманд мешванд. Ҳамон духтарфурӯшиҳое, ки сабаби ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани қисми зиёди муҳоҷирони мо шудааст. Ва ҳамон духтарфурӯшиҳое, ки волидони мо рӯйирост духтарашонро назди хостгорҳо нарх мегузоранд. Медонед, чӣ қадар? Аз 15-20 ҳазор сомонӣ боло! Магар намешвад, ки ба ҷойи 15-20 ҳазор сомонӣ аз домод чизи дигар талаб кунем ё муҳимияти рақами як танҳо пул аст?”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Дар ҳақиқат ту девона шудаӣ. Агар нарх, арзиш (қалинг) ба духтарон нагузоранд, қадру қимати духтар намемонад”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Дирӯз дар як маъракаи азодорӣ будам. Бадбахтона, шоҳиди бо қарз шикампуркуниҳои чанд шикамкалон шудам. Вой бар ҳоли мо, ки барои мурдаҳоямон дуо не, балки гӯшти 50-сомонӣ харида, шикамкалонҳоро зиёфат медиҳем”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Қоидаи ин чархи гардун ҳамин аст: маърака карда мехӯронӣ ва вақте ки маърака карданд, мехӯрӣ”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Афсӯс аз он мехӯрам, ки мо мардиро дар ғулом кардани зан ва бенавову беназорату бетарбия мондани фарзандон медонем. Намешавад, ки дар хонаҳоямон аз диктаторӣ даст кашем?”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Намешавад! Мо мардем!”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Қисме аз навкисаҳо бо қарзҳои бефоизашон хуни мардуми моро макида истодаанд, аммо боз ҳамагон ба суроғи онҳо раҳматномаҳо мефиристанд, зеро бо шарофати онҳо тавонистанд телефону планшету ноутбук… ва тамоми ашёи хона, ҳатто сарулибосро, ки арзиши аслиашон аз арзиши иловашуда ба он каме фарқ мекунад, бигиранд. Оё намешавад, ки мо телефону компютеру яхдону “духовка” нагирему беқарз зиндагӣ кунем?”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Ту аз замона ақиб мондай, ҷӯра!”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Дар ҳавои тозаи субҳгоҳон чанд журналистро дидам, ки ба ҷойи чизе навиштану чизе омода кардан, галстуку куртаи сафед мекофтанд. Дидам, ки аз сари ноутбукашон ноилоҷона хеста ба истгоҳ омаданд, то ки соати 8:00 бояд ҳатман дар коргоҳ бошанд. Чаро аксарият намефаҳманд ё фаҳмидан намехоҳанд, ки журналист реҷаи муайян надорад ва аз рӯи ҷадвали муайян кор кардан аблаҳие беш нест?”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Зидди Кодекси меҳнат гап назан!”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Зорию “через”-бозӣ ва газетахарии муаллимонро дидам. Ҳолашон бисёр бад аст! Намешавад, ки аз баҳри мақоланависии онҳо баромада, гузорем, ки аз пайи таълими насли наврас шаванд?”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Намешавад, онҳо бояд “категория” гиранд”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Аҳамият додам, ки баробари китоберо дидан донишҷӯён “уф” мегӯянд. Дидам, ки бисёриҳо аз китоб рӯ гардонда, ҳатто гурезон шудаанд. Мехоҳам китобнависон китобҳояшонро тарзе нависанд, ки китоб хонандаро не, балки хонанда китобро ҷӯяд…”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Ҳоло бисёриҳо рӯйирост наметавонанд барои рейтингу имтиҳон пул гӯянд, ба ин хотир китобро чанд маротиба гарон фурӯхтан бисёр қулай аст».

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Мутаассифона, дар кӯчаҳои зебои шаҳри мо ҷавононро “шикор” мекунанд. Имрӯз ҷавон гирёну навҳакашон ба ҳифзи марзу бум меравад. Намешавад, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҷойи “суркунакон”-у “баҷошавакон”-и думоҳаашон роҳи дигареро пеш гиранд? Масалан, дӯзах набудани қисмҳои ҳарбиро фаҳмонанд, гунаҳгору рӯсиёҳ нашудани хизматкунандагонро фаҳмонанд, аз нангу ор ва номуси тоҷикӣ ҳарф зананд…”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Дигар касе аз рӯйи “ё бо зӯрӣ ё бо зорӣ ё бо зар” амал намекунад, ин замон, ин муҳит, ин фазо танҳо як чизро мешиносад: зӯрӣ!”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“То ҷое ман медонам, раису вазиру кабир бояд хизматгори халқ бошанд, вале дар ин умри кӯтоҳам боре ингунаашро мушоҳида накардам”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Ин гапат беақлии аз ҳад зиёд аст”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Ман дигар ба конфронсу семинар, вохӯриву боз чанд намуд суҳбату чорабиниҳо намеравам, зеро дар назарам аз онҳо бӯйи маҳалгароӣ меояд”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Агар ин хел бӯ накунанд, пас бояд чӣ гуна бӯй дошта бошанд!?”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Пас аз дидани ҳоли бемордорону беморхабаргирони “Қаряи боло”, ки шабҳои дарозу сарди зимистонро бо азобҳои зиёд дар “беседка”-ҳо рӯз мекунанд, дар ман хоҳиши дидан ва иштирок намудан дар маросими гузоштани санги асоси меҳмонхонаи ройгоне барои онҳо пайдо шуд. Чаро дар баробари боғу гулгаштҳои зиёд, биноҳои осмонбӯс, парку истироҳатгоҳҳо ва боз як дунё макони зебои дигар барои мусибатдорону дар ғам таршудагон маконе надорем?”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Ҳоло вақти ин гуна корҳо нест”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам:

“Ман мехоҳам дар Тоҷикистон навоиладорон “моҳи асал” доштаву ҳадди ақал 10 рӯзи аввали хонадоршавиро бо ширинӣ ва бе ранҷонидани якдигар сипарӣ кунанд. Медонед барои чӣ? Барои он ки, агар қадамҳои нахуст ширину беҷанҷол гузошта шаванд, Худо хоҳад, давоми роҳро хуб тай менамоянд”. Ин навиштаро чанд нафаре, ки хонданд, девонаам гуфтанд. Ва садоеро шунидам: “Ҳама пуле, ки домодшавандаҳо аз муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд, дар тӯй харҷ мешавад. Барои “моҳи асал”-ро гузаронидан бояд домодшаванда бори дигар Русия рафта пул кор кунад”.

Ман дафтару қалам гирифта, навиштам

Намедонам, шумо бо хондани ин навишта дар бораи ман чӣ фикр кардед, аммо бовар кунед, ман девона нестам.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here