“Дӯстон, тоҷиконро аз рӯи махсусиятҳои минтақавӣ ҷудо накунед! Мо фарзандони як мамлакат ҳастем! Ман кӯлобӣ, ту помирӣ, вай хуҷандӣ не! Ман, ту ва ӯ ҳамаамон тоҷик ҳастем!”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯз 17 шаҳр, 62 ноҳия, 57 шаҳрак ва 369 ҷамоати деҳот дар бар мегирад…

Шахсе, ки ба мақому мансабе расад, фарқ надорад, муқаддимаи корро аз ҷалб намудани хешу табор ва баъдан аз маҳаллаи худ оғоз менамояд. Барои ӯ донишу маърифати мутахассис ё коргар не, балки маҳаллааш дар ҷои аввал меистад. Ин тоифа шарм накарда, аз минбари баланд дар боби хештаншиносӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ, дӯст доштани халқи хеш бо ифтихор сухан мегӯянд.

Имрӯзҳо вақте ба ягон мақомот ё ҷои дигаре меравем, аз мо аз донишамон не, аз таҷрибаи корӣ не, балки аз куҷо буданамонро пурсон мешаванд, яъне “ту аз куҷоӣ?”. Ин ибораро ба ҳар ҷо, ки равем, мешунавем. Бо касе дӯст мешавӣ ё дил мебандӣ, пурсон мешаванд, ки “аз куҷоӣ?”. Агар минтақаи шумо ба ӯ писанд наояд, риштаи дӯстӣ канда мешавад. Агар духтареро дӯст доштӣ ва дар охир ё минтақаи шумо ва ё минтақаи ӯ писанд наояд, ба ҳамдигар намерасед. Албатта, ин ҳолатҳоро мо мушоҳида мекунем. Донишҷӯён ба устод савол медиҳанд, ки “аз куҷоӣ?”. Агар минтақаи устод бо онҳо мувофиқ ояд, ана баъд ёбеду гиред! “Устод ҳамшаҳрии мо аст” мегӯянду дигар беаҳамиятӣ дар дарсҳо ба авҷи аъло мерасад. Умуман, дар ҳама ҷо мо бо ин ибора вомехӯрем…

Охир, мо ҳама тоҷикему тоҷикистонӣ. Бо маҳалгароӣ кишвари мо пеш намеравад. Маҳалгароӣ бемории сироятиест, ки бояд онро табобат намоем, вагарна, мушкилоти моро зиёдтар мегардонад. Пеши роҳи онро аз маҳали худ гирифтан даркор, то ин ки ба насли оянда сироят накунад. Ҳар фарде, ки ватану халқи хешро дӯст медорад, миллатдӯст мебошад, на маҳалбоз. Барои ҳамин, мо бояд ҳама аз як гиребон сар барорему Тоҷикистони азизро гул-гулшукуфон нигоҳ дорем. Охир, то ба кай? Бо маҳалгароӣ кишвари мо пеш намеравад.

Ба гуфти шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ:

Аз чунин иллат бимирем оқибат,

Кӣ ту аз Фархору мо аз Фалғарем.

Кас напурсад то куҷо парвози ақл?

“Аз куҷоӣ?” гуфта, аз ҷо мепарем.

Фаридун САФАРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here