Ҳамааш натиҷаи кори беплан!

Шумо қиёфаи одамеро, ки лимуро мандарин гумон карда газидааст, мушоҳида кардаед? Не? Пас, биёед ба бозори “Деҳқон” меравем ва чунин шаклу шамоилро дар он ҷо, дар симои деҳқони лимупарвар, ки аз ноҳияи Дӯстӣ ин давои дарди фишорбаландиро барои фурӯш овардааст, мушоҳида мекунем.

— Лимон чанд пул?

Деҳқон, ки аз болои мошини сетоннагии “Портер”-и хитоӣ савдо мекард, рӯяшро ба як тараф гардонду гӯё шарм мекарда бошад, бо дили нохоҳам ҷавоб дод:

— Панҷ сомонӣ…

— Як донааш?

Деҳқонбача рӯяшро гӯё якбора чанд дона меваи овардаашро ба даҳон карда бошад, турш карда, ба савол бо савол ҷавоб дод:

— Масхара мекунед? Як килояш панҷ сомонӣ. Ба мақсадатон расидед? Ин қиммат, вай қиммат… Ана арзон кардем, гиред охир…

Аз шарм якбора ду кило харидам ва гуфтам, ки акнун агар фишори худам ё занак баланд шавад, дар яхдон ҳамеша давои арзонтаринаш ҳаст. Аммо…, аммо чаро имсол чунин шуд? Нархи картошкаю сабзию пиёз алҳол мисли ҳарсола чандон баланд нашуда бошад ҳам, нархи лиму, ки онро кам андар кам истифода мебаранд, ба замин зад… Чунон зад, ки ба гуфти он деҳқони шаҳритузӣ, ҳатто нисфи хароҷоти ба замину гармхонаю нармхона сарфкардаи лимупарварро намебарорад. Замоне буд, ки як дона лимуро панҷ сомонӣ мехаридем ва он ҳам дар ҳама ҷо ёфт намешуд. Чӣ, ҳамаи тарбузпарвароне, ки ду сол пеш нархи тарбузи калонтаринашон ду сомонӣ шуда буд, ба лимупарварӣ пардохтанд? Ана барои чӣ тарбузи майдатарин ҳам имсол 15- 20 сомонӣ шуда будааст! Ин аст ба қавли рафиқ Ленин натиҷаи истеҳсолоти беплан! Яъне нақша! Деҳқони мо, ба гуфти соҳибдавлатон, пас аз соҳиби замин шудан ихтиёрро ба дасти худаш гирифтааст ва ҳар чӣ хоҳад, ҳамонро кишт мекунад. Ҳукумат танҳо назорат мекунад, ки “нони дуюм”, яъне картошка зиёдтар кишт шаваду халос. Боқӣ, ҳама дар ихтиёри худи деҳқон. Метавонад тарбузи бистсомона рӯёнад ё лимуи панҷсомона. Деҳқони мо одат кардааст, ки чизеро, ки ҳамон сол дар бозор нархи баланд дошта бошад, соли дигар ҳамонро кишт кунад. Ба фикрам, ҳамаи онҳо як хел фикр мекунанд ва баробар он зироатеро кишт мекунанд, ки ба назарашон дар бозор нархи баланд дорад. Натиҷа? Ба қавли амаки Суфи Сарҳад, ки боз “ду понздаҳ як сӣ”. Яъне ё тарбузҳои яксомонаро ба партовгоҳ мепартоянду лимони донааш панҷсомона мехаранд ва ё тарбузро барои рӯзи ид 30 сомонӣ мехаранду ба хона бо лимуи як килояш панҷ сомонӣ бармегарданд.Зеро касе нест, ки гӯяд: “О бародаро, охир ин чӣ гап? Ҳар чиз меъёр дораду талаботи бозорро бояд ба инобат гирифт, ки дар он ҳама чиз бошад”. Барои ин ҳукумат як сохторе дорад, бо номи Вазорати кишоварзӣ. Агар ин ҷанобон ҳар сол талаботи пешакии бозорро ҳисобукитоб карда, қабл аз кишт ба деҳқони хокпош маслиҳат диҳанд, шояд ҳамаи нарху наво ба эътидол дарояд. Вазорат бояд маҳсулоти зиёда аз талабот истеҳсолшудаи ҳамонсоларо мисли кишварҳои дигари аграрӣ ба ихтиёри зерсохторҳои худ гирифта, онро ба хориҷа барорад ва нагузорад, ки деҳқон зарар бинад. Аммо инро ба кӣ мегуӣ? Беҳтараш, бо ҳамин деҳқони лимуфурӯш маслиҳат мекунам:

— Ака, ягар як тонна лимуятро харам, арзонтар мекунӣ?

Ӯ нобоварона ба галстуку кепкаи ман нигоҳ карду гуфт:

— Майлашу лекин пурсидана айбаш нест, ин қадар лимуро чӣ кор мекунӣ?

— Ба таҳхона мемонаму соли дигар донаашро панҷсомонӣ мефурӯшам…

Деҳқон як бори дигар сар то пои маро бо қиёфаи лимонхӯрдааш синчакорона нигоҳ карду баъд ба ҳамроҳаш нигоҳ карда, ангушти ишораташро ба сараш бурда ду-се бор тоб дод ва аз ман рӯй гардонду бо садои баланд фарёд кард: “Лимуда биё, бача…”.

То ҳол маълум накардаам, ки ӯ майнаи маро хароб гуфт ва ё онҳоеро, ки масъули танзими бозоранд…

А. АҲМАДЗОДА, рӯзноманигор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here