Фақат ба шумо, хонандаи ин сатрҳо, аз рӯи дӯстдорӣ мегӯям, ки барои нависанда ҳодисаю воқеаҳо ду тарзи тасвир доранд: мутобиқи воқеияташ ё бо роҳи тахайюл, яъне бо таҷассуми тобишу рангҳо, санъатҳои бадеӣ.

Ҳо, аслан гуфтору навишторро тахаюл ҳусн мебахшад. Ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ, адиб «маънии хурдро бузург гардонаду маънии бузургро хурд ва накуро дар хилъати зишт боз намояду зиштро дар сурати неку ҷилва диҳад».

Коре, ки мо карданием, ҳам ин асту ҳам он, дар ин макону дар ин замон, воқеӣ асту дар тасвири бадеӣ.

… Дар Чилчашма (ин унвони нави деҳа, номи пештарааш Ҷойникӯдӣ буд) вақтҳои кӯдакии мо бобои Маҳмадулло зиндагӣ мекард. Ӯ мегуфт, ки Ҷойникӯдӣ таърихи чандинҳазорсола дошта, зодгоҳи бобою бобокалонаш ҳамин ҷост. Бобои Маҳмадулло қиссаю афсонагӯ буд. Саводи синфи ҳафт надошт, лекин аз «Ҳазору як шаб» ва «Достони Амир Ҳамза» худаш навиштагӣ барин нақл мекард. Вақтҳое, ки ӯ афсона мегуфт, дар деҳа на телевизор буду на радио. Аз барқ умуман гап-гап набуд.

Бобои Маҳмадулло табиати шӯх дошт. Боре аз “гузаро” будани даму нафаси марди фақир, аз илми шариат андак-андак бохабар, ки ба ҳамин васила бо лақаби «Мулло» мушарраф шуд, мӯсафеди Шариф гап зада гуфт, ки бузи дугоникзойи ҳамсояаш аз  пода ба хона намеояд. Ҳарчанд хонаҳои гирду атрофро суроғ мекунад, паю ҳайдар намеёбад. Ҳамсоя (номаш Валӣ будааст) назди Мулло Шариф меояд, ки барои эмин мондан аз ҳамлаи гургу шағоли саҳро дуои кӯрхат хонад. Мулло Шариф дар кордчаи кисагии соҳиби буз ду-се карат «куф»-у «суф» карда, дами кордчаро мепӯшаду «он тарафаш таваккал ба Худо» гӯён, таъкид мекунад, ки то ёфтани буз дами кордро накушояд.

Валӣ дилпур набошад ҳам, умед мебандад, ки «иншооллоҳ» бузашро соқу саломат меёбад.

Тараҳҳуми Худоро бинед, ки бегоҳи рӯзи дигар подабон бузи дугоникзоро бо чор бузғола аз рӯи тавсифи бобои Маҳмадулло – Алӯлаку Булӯлаку Тоқчапараку Мехчапарак – ба назди хонаи Валӣ меорад ва ширинкома талаб мекунад. Валӣ аз хурсандӣ як бузғолаашро ба подабон бахшам-набахшам, хайрият, занаш пайдо мешавад ва ба таҳи дил шавҳарашро сарзаниш карда, ба подабон даҳ тухми мурғи хонагӣ ва як коса тутмавиз сиванчӣ (инъом) мекунад. Валӣ ёфт шудани буз ва чор бузғоларо аз шарофати даму нафаси Мулло Шариф дониста, дар ин бора ба ҳар каси рӯ ба рӯяш нақл мекунад.

Тасодуфро бинед, ки як ҳафта пас ғуноҷини зоёи Валӣ гум мешавад. Ва ӯ бо дили пур аз умеду боварӣ назди Мулло Шариф меравад, то боз дар ҳамон кордчаи кисагӣ дуои кӯрхат куф кунад.

Мулло Шариф хоҳиши ғуноҷингумкардаро ба ҷо оварда, бо суханҳои як ҳафта пеш гуфтааш ӯро мегуселонад.

Чӣ мегӯед, ки ин дафъа аз шунидани нақли подабон латтаи умеди Валӣ дар об мезанад. Подабон мегӯяд, ки молу говро аз дарёчаи Элок гузаронида, ба ҷойи сералафи Дараи дароз бурда буд. Ғуноҷин аз ғояти дарди зоиш дар хамгаште хоб мераваду аз чашми подабон дур мемонад. Шабона шағолон ҳуҷум карда, ғуноҷинро шикам медаранд, ки аз ҳайвон ду шох мемонаду чор сум.

Валӣ аз нақли подабон он қадар ба ҳайрат намеояд, «хайр, насиби зарар будааст» гӯён, худро тасаллӣ медиҳад. Ӯро ҳамин чиз ҳайратӣ мекунад, ки чаро кӯрхати Мулло Шариф дар буз кора карду дар ғуноҷин не. Назди мулло рафта, дарди дил мекунад. Мулло мепурсад: «Ғуноҷинро шағолҳо дар куҷо кафонда хӯрдаанд?». «Дар он тарафи Элок, дар Дараи дароз»,- мегӯяд Валӣ. «Ай мардаки хуб,- бепарвоёна мегӯяд мулло,- ман шағолҳои ин тарафи дарёро кӯрхат карда будам».

«Ҳақиқати аз чанголи гургон халос шудани буз ва чор бузғолааш ҳамин будааст, ки,- хулоса кардааст бобои Маҳмадулло,- рӯзи дар саҳро мондани буз дар саргаҳи дарё борони сел мебораду подабон молу говро дар ин тарафи дарё мечаронад. Ва гургу шағолҳо, ки аслан дар Дараи дароз маскан доранд, аз дарё ин сӯ гузашта наметавонанд»…

Ростӣ, мо намедонем, ки ҳодиса ҳамин тавр рух дода буд ё бофтаи худи бобои Маҳмадулло аст. Чунки, чи хеле қайд кардем, ӯ табиати шӯх дошт.

Аз даргузашти бобои Маҳмадулло шояд панҷоҳ-шаст сол рафта бошад. Вале мардуми мо имрӯз ҳам ба кӯрхат боварӣ доранд. Ангуштарин ё гарданбанди духтарон дар хонаи зисташон гум шавад, назди мулло барои кӯрхат мераванд; моли дар саҳро мондаро ҳам кӯрхат мекунанд; муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади ба дасти милисаҳои ғасбкори Русия наафтодан бо худ риштаи ҳафтгиреҳаи кӯрхат гирифта мегарданд; ронандаҳо барои «кӯр» кардани кормандони БДА тумори кӯрхат мегиранд…

Акнун меоем ба сари кӯрхати имоми масҷид.

Нақли кӯрхати имоми масҷидро пас аз панҷоҳ соли аз ҳаёт рафтани бобои Маҳмадулло аз марди ҳанӯз бобо нашуда, собиқ корманди милиса, сокини Дубеда Абдусалом Самадов шунидем, ки ҳоло манзури шумо мегардонем.

Ногуфта намонад, ки Абдусалом ҳарчанд шӯху зарофатгӯ аст, аз «рости рост» будани ҳодиса ба ҳафт пушташ қасам хӯрд.

… Муллои пешдарои масҷидро ба хотири имоматиаш сарватманде дар иншооти сохтмонӣ посбон мемонад. Муллои аз «шариату тариқат бохабар» шабона, вақти одамқарор аз хирмани ғаллаи сарватманд «аз рӯи инсоф» мудом «ҳисса» мегирифтааст, ки шабе ин амалаш ба чашми Абдусалом Самадов меафтад. Мулло илтиҷою зорӣ мекунад, ки «то зинда аст, ин шармандагиро такрор» намекунад, бигзор «сирри мардон пӯшида монад».

«Дили одаткарда хун мегиряд» гуфтагӣ барин, имоми масҷид шабе аз шабҳои посбонӣ аз чор мукааб тахтаи мавҷуда «баинсофона» тахмин нимашро, тавре мегӯянд, ба яғмо мебарад. Ва шаби дигар пас аз амри маъруф аз кам шудани тахтаҳо хабар дода, гуноҳро ба гардани «хоби ғафлат»-и худ бор мекунад. Ва худ эълон медорад: «Дуои кӯрхат меандозам, шиками дузд ё торс мекафад ё худи ҳамин шаб бо ду дасти адаб тахтаҳоро ба ҷояшон оварда мемонад».

Абдусалом Самадов, ки асрори кӯрхати имоми масҷидро медонист, «якшаба хобашро кушта», дар ҷое панаҳ мешавад. Ва мебинад, ки муллоимом тахтаҳоро як-як аз зербоми хонааш фуроварда, сари китф карда ба ҷойи пештараашон меорад.

Шаби дигар имом аз каромати кардааш, яъне таъсири даму нафасаш ба мардум мужда медиҳад. Аҳли нишаст даст болои дил гузошта, баъзе гиребон дошта, ба авлиё будани имоми масҷид таҳсин мехонданд. Абдусалом Самадови шоҳиди кор мақоли халқии «Изои муъмин ҳаром»-ро дар худ таҳаммул карда, лаб намекушояд. Ӯ дар ҳақиқат ҷавонмардӣ карда, тавре ваъда дода буд, то мурдани мулло сирри мардонро пӯшида нигоҳ медорад…

Ҷӯрабек МУЪМИН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here