Кулбаи лойини бомаш фурӯ рафтаву деворҳояш кафида бароям аз ҳама чизи дунё азизу муқаддас аст. Чунки дар ин кулбаи фарсудаву назарногир ширинтарин лаҳзаҳои ҳаётам, айёми кӯдакиам пушти сар шудаанд.

Ман имрӯз баркамолам, донишҷӯям. Дар ҳавлии мо хонаҳои нави замонавӣ сохтанд, ҳама аҳли хонавода ба хонаҳои нав гузаштанд. Ин кулбаяки куҳна дар як гӯшаи ҳавлӣ танҳою бесоҳиб ва аз хотирҳо фаромӯш гашта, чун ёдгории таърихӣ маҳфуз мондааст.

Ҳар гоҳ, ки аз шаҳр ба дидорбинии падару модар, бародарону хоҳаронам меояму вориди ҳавлии падар мегардам, пеш аз ҳама ин кулбаи вайрона маро ба худ мекашад. Он хонаҳои зебову барҳаво ба назарам ҳеҷ менамоянд. Кулбаяки ман дар худ як ҷаҳон меҳру гармӣ дорад. Боз ким — чизе дорад, ки маро чун оҳанрабо ба худ мекашад. Мераваму ба деворҳояш даст мерасонам, вуҷудамро як ҳиссиёти фараҳбахш ва гуворо фаро мегирад. Ин кулба бӯйи кӯдакиҳои ман мекунад. Чун дохили кулба медароям, аз ҳар кунҷи ин хона хандаҳои беғаши тифлиям дар гӯшам садо медиҳанд. Худро лаҳзае чанд дар дунёи тифлиям мебинам. Ин лаҳзаҳо аз нав кӯдак мешавам, ҳамон Парвизи хурдакаки пойлучу сарлуч, рӯхарошидаву лаби нон таги дандон газида. Ҳарисона аз ҳар кунҷу равоқи ин хона кӯдакиямро ҷӯё мешавам, вале ҳайҳот, намеёбамаш. Хаёл мекунам куҷо рафта бошад? Лаби чашма, ё сари пода, ё аз дунболи модар гирёну фарёдзанон ба меҳмонӣ? Куҷоӣ, эй кӯдакии сарсону овора, биё, ман туро пазмон шуда, ба дидорбиниат омадам, биё, маро як дам ба он дунёи тифлию беғамиам бубар!

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Шабҳои тобистон болои боми кулба хоб мерафтам, аҷаб ҳаловату фароғате дошт, шаббодаи деҳа. Болои сарам осмон ситоразор буд. Ман ҳар шаб ситора мешумурдам ва кай хобам мебурд, намефаҳмидам. Ҳоло ҳам, ҳар вақте ки аз шаҳр ба деҳа меравам, чун кӯдак болои боми кулбаи кӯдакиям мебарояму лолахасакҳои лаби бом чун байрақчаҳо ҷавлонзанандаро бӯй мекунам, аз онҳо ҳам бӯйи кудакиҳои ман меояд. Беихтиёр дар чашмонам ашк ҳалқа мезанад, дилам ба ҳоли кулбаам месӯзад. Кулбае, ки дар оғӯши гармаш аҳли ин хонавода, ман ва бародарону хоҳаронам ба воя расидем, имрӯз аз мадди назарҳо дур мондааст, танҳо мондааст, касе дари куҳнаву фарсудаашро намекушояд, фаромӯшаш кардаанд. Фақат ман ин кулбаро фаромӯш накардаам ва фаромӯш карда ҳам наметавонам. Чунки, гумон мекунам кӯдакии ман дар кадом кунҷаки он аз ман пинҳон шуда, маро менигарад, бо ман рустшаваконбозӣ дорад, «кобу ёб» мегӯяд ва ман ҳарчанд мекобам, намеёбамаш. Дӯст медорам ин кулбаро бо ҳама куҳнагиву валангориаш, барои он ки дар он ёдҳои кӯдакии ман нақш бастааст ва ман ин кулбаро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Ҳар куҷое ки набошам, ҳамеша пеши назарам аст…

Соли гузашта бародарамро хонадор карданд. Бо ин мақсад ҳавлӣ ва гирду атрофи хонаро тоза карда, тайёрии тӯйро диданд. Дар қафои ҳамон кулбаи лоинамон як чуқурие буд, он чуқуриро пур кардану болояшро ҳамвор намудан лозим омад. Падар ва бародаронам ба хулосае омаданд, ки ҳамин кулбаи вайрона дар пеши ин хонаҳои зебову замонавӣ бисёр безеб метобад, умуман, ҳусни ҳавлиро мекоҳонад ва бо маслиҳати падарам кулбаи куҳнаро канда, ба даруни чуқурӣ рехтанд, то чуқурӣ пур шавад.

Як рӯзи истироҳатӣ ман ба деҳа омадам, ба ҳавлӣ даромадаму карахт шудам, кулбаи куҳнаи ман дар ҷояш набуд. Дилам сиёҳ шуд, ҳайрону гаранг ба ҳар тараф менигаристам. Чун аз асли воқеа воқиф шудам, болои чуқурӣ аз кулбаи ман як тӯда хок боқӣ монда буду халос. Осмон ба сарам фурӯ рафт. Ба назарам чунин намуд, ки кулбаи маро дар ин чуқурӣ гӯронидаанд, на фақат кулбаро, балки кӯдакии маро, орзуҳои ширини маро ин ҷо гӯронидаанд. Болои чуқурӣ, болои гӯри орзуву ҳавасҳоям, болои гӯри кӯдакиям нишастаму ҳой-ҳой гиристам…

Парвиз АСАДУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here