Нақлиёти мусофирбар. Пайваста перомуни ин мавзуъ ва мушкилиҳои мавҷудаи он мегӯянду менависанд, вале ҳеҷ не ки вазъ ислоҳ гардад. Нақлиёт бояд мушкилии мардумро осонтар намуда, ба тезтар рафта расидани онҳо ба манзилу маконашон кумак расонад, аммо, мутаассифона, имрӯз нақлиёт мушкилоти зиёде доранду дарди сар гардидаанд.

Пештар аз ҳама, он хатсайрҳое, ки дар дохили пойтахт ба кашонидани мусофирон машғуланд, бояд ба талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯ бошанд, бахусус дар мавриди мувофиқи меъёр гирифтани мусофирон. Автобусу микроавтобусҳои мо худсарона амал намуда, шумораи аз ҳад зиёди мусофиронро ба нақлиёт савор мекунанд. Мардум дигар аз шунидани ибораву ҷумлаҳои «ака, боло гузар», «апа, мобайн холияй, мобайн гузар», «як қадами дигар болотар гузарен», «ақиб гузаштан гирен», «пеши дар-да наистен», «қафо холияй, қафо рафтан гирен», «дар пеши дар тӯб нашен», «бародар, боло гузар» ва даҳҳо ибораву ҷумлаҳои монанди инҳо дилгир гаштаанд.

Ҳамарӯза мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ гуна ронандаҳо нақлиёти худро пур аз одам мекунанд. Чунон одамонро дар нақлиёт пур мекунанд, ки гӯё одамонро неву ҷуволҳои коҳро бор карда истодаанд. Дар ин гуна корҳо нақлиёти хатсайри 1 воқеан ҳам рақами 1 аст. Чанд вақт аст, ки бо ин нақлиёт ба кор рафта меоям, чунон одамонро бор мекунанд, ки сӯзан занӣ, аз байнашон намегузарад. Як рӯзи дигар дар як нақлиёти мутааллиқ ба ҳамин хатсайр равон будем, одамонро ба қавли худашон чунон «чинда» буданд, ки ҷунбидан он тараф истад, базӯр нафас гирифта мешуд. Ба ин вазъият «кондуктор»-и нақлиёт аҳамият надода, ба як маршрути хатсайри 8, ки он ҳам пур аз мусофирон буд, нигоҳ карда, хандида гуфт: «Дар пушти дараш калон-калон навишта шуда, ки «Фосилаи иҷтимоиро риоя кунед», некӣ ранги линчаи орд талш чиндаст». Баъд, як марди пиронсол, ки зоҳиран аз зиёд будани одамон нафастанг шуда буд, ба «кондуктор» гуфт: «Аввал тирезата кушо, ки дами мо броя, ба дигарора хандидан гир».

Баъди чанд бор бо ин нақлиёт сафар кардан ва дидани ин манзараҳои даҳшатовар дар дилам ба ҳамаи он донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ки бо ин нақлиёт ба дарс рафта меоянд, аҳсант мегӯям, ки то ин дам сабр мекунанд.

Ин гуна ҳолатҳо на танҳо дар хатсайри 1, балки дар тамоми хатсайрҳои шаҳр дида мешаванд, вале «устоҳо»-и асосии ин кор хатсайрҳои 1, 2, 54, 41, 46, 42, 25, 52, 8, 11, 14, … мебошанд. Автобусҳо низ аз ин ноқисиҳо холӣ нестанд ва аз маршрутҳо қафо намеистанд. Мо худ гувоҳӣ онем, ки автобусҳо то ба дараҷае мусофир мегиранд, ки яке дар болои дигаре, марде болои зане ва ё баръакс қарор мегиранд ва ҳарчанд шикоят кунанд ҳам, чӣ бо девор ҳарф занӣ ва чӣ бо ронандаҳои автобусҳо. Доимо мардум аз ин гуна авзоъ шикоят намуда, норозигии худро баён мекунанд. Хархашаву ҷанҷолҳои доимӣ дар дохили маршруту автобусҳо дилгирамон кардааст.

Вақте ки аз дохили чунин нақлиёт берун мешавӣ, на мӯйи шоназада меёбиву на либоси дарзмолкарда ва на пойафзоли пок. Агар дар чунин ҳолатҳо яке аз мусофирон шикоят кунад, дарҳол ронандагон ва пулчинакҳои ҳозирҷавоб бо дӯғу пӯписа ҷавобаш медиҳанд, ки «мо туро маҷбур накардем, ки омада шинӣ, модом, ки намехоҳӣ, рав дар таксӣ шин! Мо ҳам зиндагӣ дорем. Агар чунин накунем, фоидаамон ба зарарамон намерасад». Аммо, ҳолати мусофирон барои онҳо ҳеҷ аҳамияте надорад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки вируси оламгири «куруно» дар саросари олам доман паҳн кардаву мавҷҳои пайдарҳами он ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Мо хуб медонем, ки қадами шуми ин вабо ба кишвари мо низ моҳҳост, ки расидаву то ин рӯз беш аз 13 ҳазор нафарро мубталои худ намудааст. Куҷост ҳамон фосилаи иҷтимоӣ, ки ҳар рӯз мо аз тариқи оинаҳои нилгун онро мебинему мешунавем ва дар ҳама дару девор овезон мебинем? Ҳузновараш он аст, ки дар аксари ҳамин нақлиёт дар пуштҳои дару тирезаҳояшон «Бе ниқоб даромадан манъ аст» ва ё «Фосилаи иҷтимоиро риоя кунед» навишта шуда, аммо на фосилае мавҷуд асту на ҳама ниқоб доранд.

То кай мо ба ин ҳолатҳо тоқат мекунем? Кай ҳамон рӯзи деринтизор мерасад, ки ин мушкилиҳо роҳи ҳалли худро пайдо кунанд? Кай ба ҳамаи ин навиштаҳо ва гуфтаҳо аҳамияте дода мешаваду дигаргуниҳо ба амал меоянд?

Хуллас, баҳри ҳалли ин мушкилот бояд роҳи ҳал пайдо кард. Умед ба он мебандем, ки дар зудтарин фурсат ин камбудиҳо бартараф мегарданд.

Муҳаммадназар НАҶБУДИНОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here