Дар ҷануби Тоҷикистон даҳҳо хонаводае, ки фарзандони дорои имконияти маҳдуд доранд, дар фикри ояндаи фарзандонашон будаанд, ки ба дастнигар ниёз доранд ва аз таҳсил дур мондаанд.

Алишери 9-сола бо имконияти маҳдуд ба дунё омадааст. Фаҳмиши зеҳнӣ дорад, вале пояш фалаҷ буда, имкони ҳаракат кардан надорад. Бо истифодаи аробачаи маъюбӣ ба кӯча мебарояд.

Гулрухсор, модари ӯ гуфт, ҳарчанд мехоҳад, ки писарашон хонаду хату дониш омӯзад, вале имкони ба мактаб бурдани фарзандашонро надоранд: “Писарамро бо аробачааш имкони ба мактаб бурдан надорам. Шароит нест, дар деҳот мушкил аст, мактабҳо барои кӯдакони маъб шароит надоранд”.

Ҷумагул модари ду фарзанде аст, ки имконияти маҳдуд доранд. Онҳо 10-13-сола буда, ба онҳо модарашон дарс медиҳад: ”Мехоҳам бачаҳоям хонанд, вале шароит надорем, худам онҳоро меомӯзонам”.

Мисли Алишер кӯдакони аз мактаб дурмонда кам нестанд. Онҳо дар орзуи таҳсил ҳастанд, вале ба нақли волидайнашон, имкони таҳсил нест, хусусан дар деҳот.

Мушкӣ Шарипова, роҳбари ташкилоти ҷаъмиятии “Парвози парасту” мегӯяд, ки бо кӯдаконе, ки имконияти маҳдуд доранд, мушкили асосӣ дур мондан аз таҳсил аст: “Хонаводаҳое, ки кӯдаки бо имконияти маҳдуд доранд, мехоҳанд фарзандонашон таҳсил кунанд, вале дар деҳот имкон нест, бачаҳо аз таълим дур мемонанд. Ин мушкил дар шаҳр низ ҳаст, роҳравҳои дуруст барои онҳо нест, автобусҳо ҷойҳои махсус барои маъюбон надоранд”.

Сайфуллозода Лутфулло, як масъули идораи маорифи вилояти Хатлон аз мактаб дур мондани кӯдакони бо имконияти маҳдудро тасдиқ кард, вале гуфт, ки онҳо ба омӯзиши хонагӣ ҷалб мешаванд: “Мо мактаби махсус надорем, онҳо дар мактаб таҳсил намекунанд, вале омӯзиши хона ба хона ҳаст, ки ба онҳо дарс медиҳанд”.

Аз идораи маориф гуфтанд, ки дар мактаби рақами панҷ як гуруҳи шашнафараи кӯдакони бо имконияти маҳдуд ба омӯзиш ҷалб шудаанд, барои кӯдакони дигар омӯзиш дар хона роҳандозӣ шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки омӯзиш дар хона барои кӯдакони бо имконияти маҳдуд дар шаҳри Бохтар амалӣ мешавад, вале дар шаҳру навоҳӣ кӯдакон аз ин имконият низ маҳрум ҳастанд.

Мушкӣ Шарипова, коршинос мегӯяд, ки дастури таълим дар хона иҷро намешавад, кӯдакон аз таълим дур мемонанд, чанд хонавода, ки кӯдакони бо имконияти маҳдуд доранд, инро тасдиқ мекунанд.

Шуъбаи Хадамоти давлатии ташхисию тиббии иҷтимоӣ мегӯяд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 11 ҳазору 280 кӯдаки бо имконияти маҳдуд сабт шудаанд, ки барои гирифтани табобат имтиёз доранд.

Аз Агентии нафақа ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯянд, ки кӯдакони бо имконияти маҳдуд дар баробари имтиёз нафақа мегиранд, ки аз 108 то 280 сомонӣ будааст. Расонаҳои хабарӣ мегӯянд, ки дар Тоҷикистон бештар аз 170 ҳазор шахсони дорои имконияти маҳдуд ҳаст, ки 25 ҳазори онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Мақомот ҳамвора мегӯянд, ки таваҷҷуҳ ба кӯдакони дорои имконияти маҳдуд бештар аст, онҳо ба таҳсил дар мактабу омӯзишҳои хонагӣ ҷалб мешаванд, вале таҳлилгарон мегӯянд, ки аксар хонаводаҳо имкон надоранд ва шаклҳои алтернативии таълимӣ вуҷуд надорад.

Ирами ХАТЛОН, Бохтар

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here