Бо қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 23.07.1964, №586 Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор» ҳамчун «Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисор» таъсис дода шуда буд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №630 Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисор ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор» табдил дода шуд.

Муассисаи «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор» давлатӣ буда, дар асоси амру фармон ва қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро пеш мебарад. Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор» бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.12.2018, таҳти №7752 тасдиқ карда шудааст. Суроғаи ҳуқуқӣ ва воқеии коллеҷ: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Камоли Хуҷандӣ 2а. Суроғаи электронӣ (Е-mail): Kgiss12@mail.ru. Сохтори муассиса дар асоси сохтори намунавие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ва ба муассисаҳои миёнаи касбӣ пешниҳод шуда буд, тартиб дода шуда, моҳи январи соли 2019 бо имзову муҳри вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор» дорои Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ   (силсилаи АУ №0002560) аз 01.06.2018, №3177 ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ (ИА №0000895) аз 12.03.2019, №428 мебошад.

Дар суҳбат бо мо директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор» Ҷ. Давлатзода изҳор дошт, ки дар баробари аз омӯзишгоҳ ба коллеҷ табдил ёфтан дар муассиса якчанд тахассусҳои нав кушода шуда, ихтисосҳо аз 1 (таҳсилоти ибтидоӣ) ба 12 адад расонида шуд. Айни замон дар коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ тайёр карда мешаванд: Таҳсилоти ибтидоӣ — 2-010201, Таҳсилоти томактабӣ — 2-010101, Забон ва адабиёти рус — 2-020134, Забони хориҷӣ (англисӣ) — 2-020135, Забон ва адабиёти тоҷик — 2-020301, Таърих — 2-020201, Технология (м-хизматрасонӣ) — 2-020601, Математика — 2-020501, Информатика — 2-020505, Биология — 2-020401, География — 2-310201, Тарбияи ҷисмонӣ — 2-010201.

Ҳамчунин, мавсуф дар идома баён дошт, ки дар КОШҲ барои таълим ва тарбияи омӯзгорони ба талаботи имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ ҳамаи шароитҳо омода карда шуда ва ҷиҳати ба замони муосир мутобиқгардонии ин боргоҳи маърифат тадбирҳои судманд андешида мешавад. Бинои муассиса аз нигоҳи замон таъмир карда шудааст ва он бо таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз буда, ҳамқадами ҷомеаи навин мебошад. Муассиса дорои кабинетҳои таълимии муҷаҳҳаз, синфхонаҳои компютерии ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст, тахтаҳои электронӣ, китобхона, толори варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ мебошад.

Нерӯи кадрӣ

Дар коллеҷ 96 нафар омӯзгорон бо назардошти кадрҳои роҳбарикунанда ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд, ки аз онҳо 4 нафар дорандагони унвони илмӣ, 5 нафар унвонҷӯён ва аспирантон, 1 нафар “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 нафар дорандаи “Медали шоиста”, 33 нафар дорандаи нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” мебошанд. Ҳамчунин, 27 нафар омӯзгорони ин даргоҳи маърифат бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз, муассиса пурра бо мутахассисон таъмин мебошад.

Роҳандозии фаъолият дар коллеҷ

Муассиса дорои як факултети умумитаълимӣ, кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ ва дақиқ, шуъбаҳои таълим, таҷрибаомӯзӣ, рӯзона, ғоибона, бахши назорати сифати таҳсилот, маркази тестӣ, маркази касбомӯзӣ ва китобхонаи электронӣ мебошад.

Омӯзгорон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор” фаъолияти худро мутобиқ ба талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, амру фармон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарору амрҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Низомномаи намунавии муасисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассиса ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ба нақша даровада, ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Шумораи донишҷуён дар коллеҷ 1626 нафар буда, аз ин шумора 1366 нафар духтарон ва 260 нафар писарон мебошанд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор» оид ба иҷроиши «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» бо фармоиши директори муассиса аз 31.08.2013, №35/1 гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳамзамон нақшаи дурнамои чорабиниҳо иборат аз 41 банд таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Дар муассиса ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои умумиколлеҷӣ, ки ду марҳиларо дар бар мегирад (марҳилаи 1, солҳои 2012-2016 ва марҳилаи 2, солҳои 2017-2020) корҳои зиёди назаррасе ба анҷом расонида шудааст. Ҷиҳати амалишавии ин барномаи давлатӣ барои соли таҳсили 2019-2020 бо фармоиши директор аз 02.01.2020, 3/2 нақша чорабиниҳо иборат аз 15 банд таҳия ва тасдиқ карда шудааст.

Муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо

Кабинетҳо ва синфхонаҳо пурра ба талаботи замон мувофиқ буда, 82 адад компютер, 12 адад ноутбук, 14 адад принтер, 9 адад тахтаи электронӣ ва 9 адад проектор мавҷуд аст, ки дар кор ва фаъолияти ҳамарӯза кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ дар ҷараёни таълим истифода мебаранд.

Инчунин, китобхонаи муассиса ба таври замонавӣ ташкил карда шуда, донишҷӯён ба тамоми китобҳои методӣ, тахассусӣ, дарсӣ ва бадеӣ дастрасӣ доранд ва аз китобҳои электронӣ, ки 3200 нусхаро ташкил мекунад, истифода мебаранд. Фонди китобхона ғанӣ гардонида шуда, теъдоди китобҳо 18 608 нусха мебошад.

Дар асоси Амри Пешвои миллат дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни китобхони беҳтарин зери унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” эълон карда шуда, донишҷӯён ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ҷалб карда шуданд. Инчунин, ҷамъоварии китобҳо низ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, дар доираи солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, дар кафедраи фанҳои дақиқ ташкил ва гузаронидани мизҳои мудаввар ва конференсияҳо роҳандозӣ карда шудааст.

Дастовардҳои коллеҷ

Нашрияи коллеҷ таҳти унвони “Сафои дониш” таъсис ёфта, мақолаҳои илмӣ-методии омӯзгорон Давлатзода Ҷ., Раънои К., Одинаев С. П., Ваҳобов М., Ҷомиева М., Раҳмонов С., Ҳазратқулова Н., Акрамова Н., Юсуфов Ҷ., Шарифова Ш., Сатторов С., Сатторова Қ., Юсупов Ҳ., Ҷумъаев М. ва Холова С. мунтазам дар маҷаллаҳо ва дигар матбуоти даврӣ нашр мешаванд.

Дастаи шоҳмотбозони коллеҷ дар мусобиқаи шаҳрӣ аз рӯи “Шоҳмот” ва “Шашка” иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гаштаанд.

Донишҷӯёни коллеҷ дар мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ (Дави наврӯзӣ) бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юмро сазовор гаштаанд.

Донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси “Забони англисӣ” Юсупова Саида дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиби ҷои якум гаштааст.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here