Офарин, ана ҳамин хел бо калаат задани тӯбро аз аввал истифода мекардӣ, ҳоло ҳисоб се бар сифр нею даҳ бар нол мешуд! Офарин!!

Боракалло!! Муҳсинҷон!! Қанд зан, аввал раҳмат ба падарат,

ки туро сиёсатмадор, иқтисодчӣ ё ҳуқуқшинос накарду сари вақт ба ҳамин тренер супурд. Агар ба он ихтисосҳо мерафтӣ, чун дигар «мутахассисон»-амон на иқтисоди моро дуруст мекардию на нафақаи маро зиёдтар. Ҳоло дар ин майдондорӣ майдон аз туст, зеро далерӣ! Баъдан, сад раҳмат ба тренерат, ки пойи туро рост карду… аз баракати кори ту мо ҳам дар байни дӯсту душман қомата мисли қаҳрамон рост карда мегардем.

Ана, нагуфта будам, Муҳсинҷон, ина боз ту ҳамаро аз ҳолати ногувор баровардӣ. Ба пеш, бачам, ба пеш, ҳамаи умедам аз ту. Ҳе номарде… тӯб гуфта, ба миёни ин йигит куҷо шатта мезанӣ!? Эъ, лингат дар… Хез бачам, хез, ҷамъият ҳозир аз ноҷавонмард пур, лекин мард одам аз байни ҳамаи онҳо мардак барин баромада, сараша умуман назди касе хам накарда, кори мардонаи худро пурра иҷро мекунад. Офарин, туппа туғрӣ, ба тарафи чап, ба Карими Роҳатӣ ҳаво додӣ. Натарс, аз дасти рақибат коре намеояд. Имрӯз ситораи бахт дар боли сари туст! Зан, тӯба сахтакак зан. Уҳ! О ин хели бад ҳам не, ки тӯб рост аз майдон ним фарсах берун шуда, шоколоди дасти духтараки мухлиса ба рӯяш андова кунад! Бачам, қувваи худро ҳозир эҳтиёт намо, кори пуршараф ҳоло дар пеш, хусусан дар охири бозӣ. Вақте ки дар пойи ягон бозингар қудрату фара намонда, касеро ҳангаш намемонаду ҳама шалпару лакот мешаванд, ана дар ҳамун лаҳзаи даркорӣ ту аспи маст барин ҳай ҷавлон зан, ҳай ҷавлон зан, ки рақиб ҳам қоил шаваду мардум ҳам боз ба ту офарин гӯянд!!! Умеди ҳама, бори дигар такрор мекунам, ки танҳо ба ту. 

Ин кист? Ин кист? Уҳ, қада бине, худи Ҳингилдев барин. Ин ҳам бозингар ё касе, ки абрҳои майдона яктарафа карда, ҳаворо барои бозӣ мувофиқ мекунад? Ё тавба!! Аниқ бозингар будаст-е! Чи ин кас боз пеши роҳи туро мегирад? Астағфуруллоҳ!! Охир, ин хел гӯштингирӣ дар футбол аз доираи одоб берун-ку!…

Ана, хайрият, ҳақ ба ҳақдор расид. Сазои лӯки дароз ҳам шуд, ки аввал сараша ба чӯби дарвоза заду сипас афтида берун аз майдон гашт…

Ба пеш, Диловар, Сунатулло, Саъдулло, Рашид…, бачаҳо, ба пеш! Дастаҷамъона ҳолата ба даст гирифта, ба сари душман сахт кӯбед, ки маҷоли сара боло кардан наёбад. Тӯба тез-тез мисли «Катюша» равон кардан гиред. Афсӯс, камтарак пир шудам. Эъ, агар ҳозир ҷавон мебудам… Мухлисон медонистанд, ки Абдуҷаббори бузкаш чи хел дар майдон баъзе бозингарои нодаркора пешфука мекунад. Афсӯс, ҷавонӣ рафт. Лекин, Муҳсинҷон, бачам, ғам нахӯр, агарчи камакак пир шуда бошем ҳам, ба ун дараҷае нарасидем, ки умуман аз дастамон коре наояд. Ақаллан дуо барои шумо арзонӣ. Аз ин хотир, дила бақувват гиру миёна сахтакак банд. Ин тарафаша Худо шоҳид, ки кор ба фоидаи мо мешавад.

Ина бин, ина бине, боз душмано атака карда истодаанд. Аҷабе, мегум ино чува ин қадар кори беҳуда мекунанд, дигар коре надошта бошанд, ё ба тақдир тан доданӣ нестанд? Сад зӯр занен ҳам, зӯри беҳуда миёна мешиканаду халос. Ба ростӣ? Оббо. Наход? Боварии кас намеояд, ки ҳамин хел тӯб гол шавад. Ба худо ин айб, айбе, ки садфоиза. Бачам, Муҳсиҷон, тезтар «пазитсияра» мисли маршал Жуков аниқу дақиқ чен карда «контратакаро» дучанд соз!

Ба ҳамаи «ҷанговарон» барори кор, Омин! Ба пеш!! Лочинҳо, ба пеш!!

Урра! Урра! Офарин! Ғалаба!! Маладес!! Байрақа болои Рейхстаг занен ҳам, мешавад! Ғалаба!!

— Ҳой, мӯйсафед! Ҳой, пиракӣ! Чӣ гап? Чаро беҳуда фарёд мезанед? Телевизиона кушед! Мемонед, ки дар нисфи шаб мардум бароҳат хоб кунад ё не??!! Барои чӣ тамоми футболбозони хориҷӣ, Неймару Месси, Роналдою Суварисро бо номҳои бозингарони худамон нидо мекунед? Хубаш тезтар хоб кунед, ки тамоми маҳаллая бедор кардед!

— Эъ, кампири гаранг, тамоми кайфа паррондӣ, намондӣ ақаллан хумори дилама шиканам. Ба ростӣ мара хумори дар чемпионатҳо ана ҳамин хел баромад кардану бозӣ кардани бачаҳои худамон гирифта буд. Афсӯс, сад афсӯс, кайфа куштӣ, сахт куштӣ. Э рав носкадура биёр-е!!

 

Сабзаалӣ АСОЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here