Дар дини мубини Ислом рӯзҳои хурсандиовару мадад ба якдигар ва зиёрати якдигар хеле зиёд аст, аммо рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзи иди Қурбон барои мусалмонон хеле машҳуру маъруф аст ва дар ин рӯзи ид чандин корҳое аст, ки ба сабаби анҷом додан дар ин рӯзи муборак, мо метавонем розигии Парвардигору бандагонашро ба даст биёрем. 

Ҳамчуноне, ки Пайғамбари гиромии ислом Муҳаммад (с) фармудаанд: «Парвардигори шумо барои шумо ду рӯзеро ихтиёр кардааст, ки он аз ҳама рӯзҳо беҳтар аст».

Мақсад аз ин ду рӯз иди саиди Фитр ва иди Қурбон, рӯзҳои хурсандӣ ва дӯстиву бародарӣ, шукронаи тинҷиву оромӣ ва амнияту ваҳдат, бахшидан аз якдигару дур кардани кинаву адоват аз дилҳо ва хусусан мадад кардан ба оилаҳои камбизоат ва ятимон аз назари ислом мебошад.  

Ҳамчуноне, ки дар Қуръони карим омадааст: «Агар шумо шукргузор бошед неъматҳоямро меафзоям» (сураи Иброҳим, ояи 7).  

Мо бояд шукронаи тамоми неъматҳоро ба ҷой биёрем то ин, ки баракати он неъматҳо зиёд шавад. Таълимоти ислом моро пайваста ба он даъват мекунад, ки дар ин рӯз кинаву кудурату душманиро аз дил дур сохта, бародаронамонро дар оғӯш гирем. Имрӯз метавонад ҳамчун рӯзи садоқат ва ваҳдату якпорчагии мо, — мусулмонон ҷашн гирифта шавад.

Шариат зидди истифода аз неъматҳо нест, вале исрофро манъ мекунад. Агар бихоҳем бифаҳмем истифодаи дуруст бо исроф чӣ фарқ дорад, кори осон аст. Масалан, дар барпо кардани маъракаҳо, оростани дастурхони идона ва ҳатто либоспӯшӣ низ баъзе одамон ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. 

Паёмбар (с) фармуданд: «Ин ки ҳар чи дилат бихоҳад бихӯрӣ, исроф аст». 

Ин ҳадис бар он далолат мекунад, ки вақти оростани дастурхони идона, маъракаҳои хурсандиву азодорӣ, ба меҳмонӣ рафтан, ки ҳамаи онҳо ба тановули хӯрок иртибот доранд, исроф намудан манъ мебошад. 

Нисбати истифодаи обу таом, дарахтону меваҳо ва дигар неъматҳое, ки Худованд дар ихтиёри мо гузоштааст, бо эҳтиёт бошем ва аз андозаи лозим бештар сарф накунем, зеро шояд ҳаққи дигаронро талаф намоем.

Соҳибсухане мефармояд:

Сад масҷиду сад работ обод кунӣ,

Сад бандӣ ба зар харида озод кунӣ.

Сад сол ба рӯза бошиву шаб ба намоз,

Беҳ з-он набувад як диле шод кунӣ.

Паёмбар (с) фармуданд: «Исрофкор чор нишона дорад: 1- ба корҳои ботил фахр мекунад, 2 — он чиро ки бо ҳоли ӯ муносиб нест мехӯрад, 3 — дар корҳои хайр рағбат надорад, 4 — ҳар касеро, ки ба ӯ фоида нарасонад, инкор мекунад».

Агар ҳар касе ба хотири ризоияти Худованд ҳар амалеро анҷом диҳад, Худованд аз он кирдори банда розӣ ва хушнуд мегардад. Бояд тазаккур дод, ки яке аз нишонаҳои мусалмони асил он аст, ки дар ин рӯзҳо ба дари хонаи ятимону камбизоатон рафта, қалби эшонро ба даст оварад. Зеро дар розигии ятимон раҳмати Худованд аст.

Шайх Саъди мефармоянд:

Падармурдаро соя бар сар фикан,

Ғубораш биафшону хораш бикан.

Чу бинӣ ятиме саравканда пеш,

Мадеҳ бӯса бар рӯи фарзанди хеш.

Дигар масоили воҷиботи иди саиди Қурбон қурбонӣ намудан мебошад. Пас бояд ҳар як фарди мусалмон, ки ба души ӯ анҷом додани қурбонӣ воҷиб гардидааст, шартҳои онро донад.

Ҳукми қурбонӣ

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) мегӯяд: «Пайғамбар (с) баъд аз ҳиҷрати худ аз Маккаи Мукаррама то муддати даҳ сол дар Мадинаи Мунаввара зиндагӣ ба сар бурданд ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекарданд. Донишмандони ислом мегӯянд, ки ин мудовамати Паёмбар (с) далели равшани воҷиб будани қурбонӣ ба ҳар соҳибқудрат дар кадом шаҳре, ки бошад мебошад.

Қурбонӣ ба кӣ воҷиб мешавад?

Қурбонӣ ба ҳар шахси мусулмони оқил, болиғ, муқим воҷиб мешавад. Ҳар вақт он қадар сарват дошта бошад, ки закот бар ӯ воҷиб мешавад, фарқе надорад, ки он сарват пули нақд бошад, ё зару зевар, ки дар он зиндагӣ намекунад. Он моле, ки қурбонӣ бар он воҷиб мешавад, шарт нест, ки дар он мол сол гузарад, ҳамчуноне, ки дар моли закот шарт аст.

Рӯзҳои қурбонӣ

Қурбонӣ аз ҷумлаи он ибодатҳоест, ки дар рӯзҳои муайян адо карда мешавад. Яъне 10,11,12-уми моҳи Зулҳиҷҷа, ба ғайр аз ин рӯзҳо ин ибодати бузург адо намешавад.

Албатта, дар рӯзҳои муайяншуда дар кадом рӯзе, ки қурбонӣ кард, адо меёбад, дар рӯзҳои 10,11-уми рӯзҳо бо сабабе ҷонварро рӯзона забҳ карда натавонист, онро шабона забҳ кардан ҷоиз аст. Агар чӣ беҳтар аст забҳи мол рӯзона дар забҳгоҳҳо адо карда шавад.

Шахсе, ки ба ӯ қурбонӣ воҷиб буд ва ба сабаби ғафлат дар ин рӯзҳо қурбонӣ накард, ба ӯ лозим аст, ки қимати моли қурбониро ба муҳтоҷону тангдастон садақа диҳад. Бояд донист, ки агар шахсе дар рӯзҳои қурбонӣ ба ҷойи куштани ҷонвар қимати онро садақа кунад, қурбонӣаш адо намешавад. Ҳамчуноне, ки ба рӯза гирифтан намоз адо намеёбад ва ба ҳаҷ кардан закот сокит намешавад.

Агар ба зиммаи шахсе аз соли гузашта қурбонӣ мондааст ва ҳоло мехоҳад онро адо кунад, ӯро мебояд ивази ҳар ҷонвар қимати онро ба ятимону дармондагон садақа кунад.

Шахсе, ки бо нияти қурбонӣ ҷонварро харид, вале ба тақдири илоҳӣ дар айёми қурбонӣ аз олам даргузашт. Дар ин сурат ба назар гирифта мешавад, ки шахси фавтида нодор аст ва ё молдор. Агар шахси фавтида нодор бошад, пас ба гардани ворисонаш лозим (воҷиб) аст, ки молро аз номи ӯ забҳ кунад. Ва агар молдор бошад, беҳтар аст, ки ворисонаш аз номи ӯ молро забҳ кунанд, вале воҷиб нест.

Агар бо сабабе рӯзи якуми ид, намози идро барпо накарданд дар ин сурат қурбониро бояд баъд аз заволи офтоб ба ҷо биёранд, аммо рӯзи дуввум ва сеюм пеш аз завол низ дуруст аст. 

Вақти қурбонӣ

Дар он шаҳр ва деҳаҳое, ки намози ҷумъа ва намози ид мехонанд, пеш аз намози ид қурбонӣ дуруст нест. Агар шахсе пеш аз намоз молро забҳ кард, дубора қурбонӣ кардан бар ӯ лозим аст. Албатта, дар деҳаҳои хурд, ки намози ҷумъа ва ид барпо намешавад, баъди субҳи содиқ қурбонӣ кардан дуруст аст, яъне пеш аз намози ид.

Агар шахсе дар шаҳр зиндагӣ карда, молро ба нияти қурбонӣ харида, аз барои қурбонӣ ба деҳае, ки дар он ҷо намози ид барпо намешавад, фиристад, дар ин сурат метавонад, ки ҷонварашро пеш аз намоз, баъди субҳи содиқ забҳ кунад. Агар соҳиби мол дар шаҳр монад, метавонад вакилаш пеш аз намози ид забҳи моли қурбонӣро ба ҷо орад.

Агар шахси қурбоникунанда берун аз мулки худ бошад ва хоҳад молро дар мулки аҷдодиаш забҳ кунад, дар ин сурат қурбоникунанда ва ҷонвар ҳар ду ба назар гирифта мешаванд. Яъне мол дар ҳамон рӯзе қурбонӣ карда мешавад, ки ид байини қурбонкунанда ва макони қурбонӣ муштарак бошад. Ба монанди шахсе, ки дар дигар давлат кору фаъолият карда, мехохад, ки қурбониаш дар зодгоҳаш ба ҷо оварда шавад. Дар ин сурат дар зодгоҳаш рӯзи муштарак 1-2 рӯзи ид аст. Бояд дар ин рӯзҳо молро забҳ кунад, вагарна дар рӯзи 3-юм қурбониаш дуруст намешавад, зеро дар давлате, кору фаъолият менамояд ид анҷом ёфтааст.

Моли қурбонӣ

Буз, гӯсфанд аз тарафи як нафар қурбонӣ карда мешавад, гов ва шутур аз тарафи 7-нафар, ба шарте, ки ҳама ба нияти қурбонӣ ва ризои Худо бошанд. Зарур нест, ки дар як моли калон ҳафт нафар шарик шаванд. Бархе аз мардум гумон доранд, ки агар дар як моли калон аз ҳафт нафар кам шарик шаванд, қурбониашон дуруст намешавад, ин фикри хато аст.

Ду ё се нафар якҷо шуда дар як моли калон ҳиссагузорӣ кунанд, дуруст аст. Як нафар низ метавонад аз тарафи худ як моли калонро қурбонӣ кунад. Дар ин сурат, савоби бештар мегирад.

Агар шахси қурбоникунанда дар ҷое истиқомат мекунад, ки дар он ҷо фақирону бенавоён бисёранд, дар ин сурат, метавонад ба қадри тавоноияш моли калонтар ва фарбеҳро қурбонӣ кунад.

Агар чунин набошад, пас беҳтар аст, ки молеро интихоб кунад, ки гӯшти лазиз дошта бошад. Ба ҳар ҳол, моли калон ва фарбеҳро қурбонӣ кардан мустаҳаб аст.

Синну соли моли қурбонӣ

Синну соли моли қурбониро низ дар шариат ба назар гирифтаанд. Масалан, буз, гӯсфанд ҳар навъе, ки бошад, яксола будани он лозим аст ва агар гусфанде, ки аз шашмоҳа боло бошад, валекин аз фарбеҳӣ яксола намояд, қурбонӣ кардани он дуруст аст. Гов бояд дусола ва шутур панҷсола бошад.

Ҳамчуноне, ки аз гуфтаҳои боло маълум шуд, қурбонӣ ибодате аст, ки бояд холисона аз барои ризои Худованд аҷом дода шавад. Аз ҳамин хотир, шариат солим будани молро аз ҳар айб эътибор кардааст.

Пас агар моли қурбонӣ якчашма ё тамоман кур бошад, қурбониаш дуруст нест, инчунин қурбонии моли кар, шал ва беморе, ки то ҷои қурбонӣ намерасад, дуруст нест.

Агар шохи моли қурбонӣ аз бехаш шикаста бошад, қурбониаш дуруст нест. Аммо агар аз пайдоиш шох надошта бошад ва ё шохаш на аз бех шикаста бошад, қурбонӣ кардани ин гуна мол дуруст аст.

Агар моли қурбонӣ аз пайдоиш гуш надошта бошад ва ё бештари он бурида бошад, қурбониаш дуруст нест.

Агар моли қурбонӣ касалии хориш дошта бошад, қурбонии ин гуна мол ҷоиз аст, вале агар бо сабаби ин бемориаш беҳад беҳол шуда бошад ва ё ин ки зарари хориш аз пуст ва гӯшт расида бошад, ин гуна молро қурбонӣ кардан дуруст нест.

Агар моли қурбонӣ аз таваллуд дум надошта бошад қурбониаш дуруст нест. Моле, ки дум дорад, аммо аз нисф зиёдаш бурида шудааст, низ чунин ҳукмро дорад. Дар ин масъала гӯсфанд ҳеҷ эътиборе надорад.

Молҳои ахташударо қурбонӣ кардан дуруст аст. Аз Паёмбар (с) собит аст, ки моли ахташударо забҳ кардааст. Аз ин хотир, ба забҳи моли ахташуда айбе нест, ки монеи қурбонӣ шавад.

Агар молеро ба нияти фарбеҳшавӣ ва ё ягон манфиати дигар ахта кунанд, ҷоиз аст, аммо бе ягон мақсад ва манфиат ин корро кардан ҳаром аст.

Агар шахсе аз барои қурбонӣ моле харид ва баъд маълум шуд, ки он мол дуздӣ аст, дар ин сурат қурбонии ин гуна мол дуруст нест. Агар баъд аз забҳ кардан маълум шавад, то вақте, ки соҳибаш иҷозат надод, хӯрданаш дуруст нест.

Моли девонаро қурбонӣ кардан дуруст аст, магар ин ки девонагиаш то ҳадде бошад, ки алаф чарида натавонад, дар ин сурат дуруст нест.

Агар шахсе моли солим ва беайбро ба нияти қурбонӣ харид, вале пеш аз қурбонӣ ё вақти забҳ кардан кӯр ё шал шуд, пас агар қурбоникунанда молдор (сарватманд) бошад, аз сари нав моли солим харида қурбонӣ кунад. Агар фақир бошад, ҳамон молро қурбонӣ мекунад.

Искандаршоҳ Умарзода, устоди ДИТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here