(Суҳбат бо бобои Мазорӣ)

— Салом!

— А?

— Мегӯям, чӣ аҳвол доред?

— Магар намебинӣ?! Ё гӯям, даво карда метавонӣ?!

— Охир, нолишкунон меравед…

— Чунон гап мезанӣ, ки гӯё аз дунё хабар надорӣ?! Бозорҳоро дидӣ? Нав аз бозор баромадам, то хона саломат расиданам ба гумон. Як кило картошка 15 сомонӣ. Боз ор накарда, ҳой мегӯянд, ки «картошкада биё, бача, картошкада. Арзон. Килош 15 сомонӣ. Биё, ки тамом шуд…». Наздик рафта пурсидам, ки «бачам, бисёр арзон кардӣ-ку…». Мегӯяд, ки «бобӣ, арзонӣ аз пеш, рамазон, насиб, 20 сомонӣ мешавад». Ҳаминро шунидаму дилам аз кор монд. «15 сомонӣ арзон буд, 20 беқурб мешавад»,- аз дил гузашту чашмонам сиёҳӣ зад. Қариб воқеан мазорӣ шавам.

Бозорро чарх задам, яке назарам ба гӯшт афтод. Гуфтам, картошка, ки 15 сомонӣ бошад, гӯшт 100 сомонӣ шудагист. Нопурсида, пуштамро гардонида, гурехтам то назди пиёз. Ҳарчи ҳамин пиёз дар як ҳафта тағйир наёфтааст. Воқеан арзон, 5 сомонӣ…

— Хайр, аз бозорҳо боз чӣ хабар? Ман аз тарс ба бозор наздик намешавам.

— Э, аз бозор напурс, онҳо бисёр мехӯранд.

— Чӣ мехӯранд?

— Хуни халқро! Як бар даҳ! Аммо то ба кай?! Дар вуҷуди инҳо инсоф, виҷдон, номус, шафақат гуфтанӣ чизҳо нест! Аз кӯчаи инсонӣ нагузаштаанд. Онҳоро мусалмон гуфтан нашояд. Чун каму беш одат карда будем дар рамазон бардоштани нархҳоро, аммо имсол ду «далел» доранд: Рамазон ва вируси корона. Аз заъфи мардум истифода мебаранд. То ба кай? Имрӯз аз хабарнигорон мешунавем, ки бутпарастон на танҳо ба ҳаммиллати худ, балки ба халқи ранҷдидаи олам дасти ёрӣ дароз мекунанд. Мо чӣ? Ба ҳамватани худ раҳм намекунем. Нархҳоро бо баҳонаи бастани марзҳо боло мебардорем…

— Аз назари Шумо, ҳамватанони мо дар ин замон бояд чӣ корҳо кунанд?

— Бояд дар канори халқ бошанд, нархҳо бояд аз пештара арзонтар шавад, махсусан дар ҳамин вақту замону шароит, Ҳукумат бозорҳоро ба танзим дарорад. Ба ятимону камбағалон ёрии моддӣ расонанд, беш аз корона аз пиронсолон дидорбинӣ кардаву дуои нек гиранд, то Ватани азизи мо аз ҳар балову қазо дар амон монад.

— Тансиҳат бошед!

Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here