Иди қурбон иди хурсандии мардуми мусалмон аст. Пас месазад, ки дар ин рӯзи муборак нисбати ҳам меҳрубон бошем ва ҳамчунин аз ободиву оромии кишварамон андеша намоем.

 На танҳо рӯзи ид, балки ҳама вақт бояд чашмони худро аз бадиҳо ва забони худро аз қабеҳгуфторӣ нигоҳ дорем. Вақте инсон касби худро, мақсади худро дӯст медорад, ҳаман ба ҳадафи наздаш гузошта шуда мерасад. Вақте, ки инсон нафси худашро дошта метавонад, аз ҳавову ҳаваси нафсонӣ рӯ мегардонад ва муртакаби дигар гуноҳ намегардад, ҳатман назди Худо аз беҳтарин неъматҳои ҷаннат чашонида мешавад.

Паёмбар (с) дар ҳадиси муборак мефармояд, ки шаш амалеро, ки  шуморо ба ҷаннат мерасонад, доим пойдор нигоҳ доред: дуруғ нагӯед, ба ваъдаатон вафо кунед, ба амонат хиёнат накунед, аз зино ва фоҳишагӣ дурӣ  ҷӯед,  чашмонатонро аз номаҳрамон ҳифз кунед, ба нафаре зарар нарасонед.

Имрӯзҳо, бисёре аз ҷавонони мо бо воситаи компютеру телефонҳо ва дигар шабакаҳои интернетӣ бо шахсони тасодуфию фиребгар ошноӣ пайдо мекунад. Ин “ошноёни” интернетӣ гоҳо ҷавононро ё ба содир кардани ҷиноят ва ё ба дуздӣ водор мекунанд. Аксарияти онҳо оқибат душмани ватану маллати худ мегарданд. 

Ба зану духтарони худ пайваста панду насиҳатҳои Худову Расулро (с) расонед. Онҳо бояд пайравӣ аз либоси бегона накарда, либоси тоҷиконаю сатри тоҷикона дар бар дошта бошанд. 

Дар ҷомеаи имрӯзаи мо бузургтарин фоҷеа ин пайравии занон аз фарҳанги Ғарб мебошад. Онҳо либосҳои миллиро фаромӯш карда, нимлучу нимбараҳна дар кӯчаҳои шаҳр дар байни мардум бе ягон шарм гашту гузор мекунанд. Паёмбари Худо (с) мефармояд, ки “аз фитнаи дунё битарсед ва аз фитнаи занон  битарсед, чун аввалин фитнаи бани Исроил аз занҳо буд”.

Зани тоҷик бояд аз ҳар гуна кору одатҳои хато дур бошад, то дар дину имонаш халал ворид нагардад. Пеш аз ҳама бояд аз шабакаҳои интернетӣ дурӣ ҷуст, чун интернет “уқёнус” ва ё “анбӯҳест”, ки дар он “ҷонварони обӣ” ва ё “ҳайвонҳои ваҳшӣ”-и гуногун ба шикор машғуланд. Бояд ҳушёр буд, то тӯъмаи ингуна “ҷонварони обӣ” ва ё “ҳайвонҳои ваҳшӣ”-и нагардем.

Аз тарафи дигар, дар замони муосир истифода шабакаҳои интернетие, ки хусусияти иттилоотӣ доранд, ба муфиди кор аст. Аз сӯи дигар,  дар замони муосир аз интернет истифода набурдан, маънои қафо мондан аз ҷомеъаи ҷаҳонро дорад.

Ҳаминро ба инобат гирифтан даркор аст, ки аз интернет бояд оқилона истифода бурд. Аз ҳар гуна хатарҳо, ки ба ахлоқи шумо таъсири бад мерасонад, худро дур нигоҳ доред. Ба сомонаҳое, ки хусуияти  шаҳвонӣ доранд, ҳеҷ гоҳ дил мабандед, зеро ба саломатӣ ва рӯҳи шумо таъсири манфӣ мерасонад.

Дар охир бо ҳусни хотима ба кулли мардуми тоҷик ва Тоҷикистониён фарорасии Иди қурбонро муборакбод мегӯям. 

Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here