Дар автовокзали куҳнаи шаҳри Хуҷанд мудом сигналҳои гӯшхароши хатгардҳоро шунидан мумкин аст. Истгоҳи серодамро ягон бор холӣ намебинед. Мошинҳо қатор меистанд, то эҳтиёҷи мусофиронро бароварда кунанд. Қариб ҳар рӯз дар ин ҷойи пурғалоғула кормандони БДА истода, барои яктарафа кардани бетартибӣ ҷон мекоҳонанд, аммо баъди чанде мебинед, ки боз ҳамон вазъият, ягон дигаргунӣ нест

Хатгардҳо дар истгоҳи сермағал то 5 дақиқа меистанду ҷойҳои холиашонро пур мекунанд. Ин муддати андак барои фурӯшандаҳои сарироҳӣ — қурутфурӯшу себқандфурӯш шонси зӯри пулкоркунист. Ба толори гардуна сар халонидани харидафурӯшонро як навъи “бизнес” гӯед, мешавад, аммо аз ҷониби талбандаҳо “монополия” карда гирифтани нуқтаҳои серодам манзараи кароҳатангезро мемонад.

Чанд дафъа гӯяндаи ин сатрҳо низ ҳини дар гардуна савор будан талбандаҳои лавҳадорро, ки гӯё бо он эҳсоси раҳму хайрхоҳии атрофиёнро бедор мекарда бошанд, дида будам. Ҳайҳот, дилам ба онҳо намесӯхт, чунки маълум буд, корношоям набуданд ва ба қавле қуввати куҳро зада талқон кардан доштанд.

Хирадманде перомуни зиндагӣ гуфтааст, ки “зиндагӣ фили фаҳулро ҳам мисли кайк чусту чолок мекунад”. Яъне, одам маҷбур шавад, ба ҳама кор даст мезадааст, то ба ҳаёташ хазон нарасад… Ин нуктаро замоне ба хубӣ дарк кардам, ки дар ҳамон автовокзали серодам кампири нуронӣ ва зоҳиран “назарногир”-ро бо чашми сар дидам. Ончунон қиёфааш маҳзун метофт, чину оҷинг рӯйяшро пажмурда месохт, аз дидаҳояш ғам мерехт, нигоҳаш аз ҳама мадад меҷуст, мӯйҳои сап-сафед, ки аз таги рӯймолаш дида мешуд, ӯро боз ҳам пиртар нишон медод. Лабони ӯ хандаро фаромӯш кардаанд ва эҳтимол гӯшҳояш низ вазнин шуда буданд, ки ба сигналҳои ронандагон эътибор намедод ва ба ҳар ҷониб назар медӯхт. Ӯ бо асои чӯбин якта-якта пеши дари мошинҳо рафта, дасташро бардошта, гӯиё андаруни дил дуо мехонд ва омин мекарду дасти имдодашро ҷониби мусофирин дароз менамуд. Ҳамон лаҳза дар ботини ман эҳсосе аланга зад, дарҳол чеҳраи модарам пеши назар омад, хоса аллагӯияшро ба ёд овардам, ки мазмунаш ба қавле “ту дар оянда асои ман мешавӣ” буд. Аммо ин пиразан ҳам асо дар даст дошт, вале шояд “асои пирӣ”, ки модарон бамурод ҷигарбандҳояшонро чунин унвон медиҳанд, надошт?!

Нигоҳи оҷизона ва мададхоҳонаи кампир “зоишгоҳ”-и меҳру шафқати одамонро, ки дар ин замона гӯё ях кардааст, обу адо карду монд. Се — чор зан аз ҷояшон хеста, ба дасти ӯ пул доданд, аз нишастгоҳи пеш ҳам эҳсонкорон хайроташонро расониданд. Хайркунандагонро аз андомашон маълум буд, ки сахт андуҳгин буданд. Шояд ба он зотҳое, ки барои фариштаи ҳаёташон заррае меҳр дода наметавонанд, нафрин мехонданд!?

Кампир гӯё аз мо — мусофирони хатгард ризо шуд, ки боз назди мошини қафо рафт.

Файзуллохон ОБИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here