ё чӣ тавр як шаҳрванд ба 09 занг заду касеро наёфт ва ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ телефон карду ҷавоб нагирифт

Ман дар нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Ҷомӣ 5, ҳуҷраи 26 зиндагӣ мекунам.

28.01.2021 соати 00:28 калиди хона дар сурохи қулф шикаст. Модарам Усманова Оксана дар даруни хона ва ман дар беруни хона мондем. Мо барои ёрӣ аввал ба рақами хизматрасонии 09, ки рақами телефонҳои ниҳодҳоро доранд, занг задем, то телефони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро дошта бошем. Чанд маротиба  ба рақамҳои хизматрасонии 09 занг задем, аммо касе ҷавоб надод. Баъдан тариқи интернет ба вебгоҳи расмии Кумита ворид шудам, ба рақамҳои 372279509  занг задам.

Чанд маротиба занг задам, ягон нафар ба зангам ҷавоб надод. Ман дар ҳавои хунуки зимистон тӯли чанд соат дар берун мондам. Модарам чанд маротиба дарро кӯфт, то ҳамсояҳо шунида ба ёрӣ оянд, аммо онҳо хоб буданд. Ӯ зан аст ва наметавонад, ки аз айвони ошёнаи дуюм барояд.

Пас аз интизориҳои тӯлонӣ худам ҷони худро ба кафи даст гирифта, ба айвончаи ошёнаи дуюм баромадам ва мушкиламон ҳал шуд.

Ба фикри ман бояд дар хизматрасонии 09 ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 24 соат навбатдор бошад. Ҳар лаҳза бо шаҳрвандон ягон ҳодисае рух доданаш мумкин аст. Агар навбатдор дар хизматрасонии 09 ва Кумита набошад, чӣ тавр шаҳрвандон метавонанд, муроҷиат карда мушкили худро бартараф кунанд?

Натан Мамедов, сокини шаҳри Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here