Субҳ аз хоб бедор шудам. Нури офтоб аз тиреза ба рӯям мезад. Гӯё мехост маро аз хоб бедор кунад. Аз ҷой бархостам ва оҳистаоҳиста ба сӯи тиреза қадам гузоштам. Тирезаро кушода, бо тамоми вуҷуд нафас кашидам. Ҳар дарду ранҷе, ки доштам, аз ботинам хориҷ мешуд. Боди форам ба димоғам бӯи хуши баҳорро меовард.

Шаббодаи дарёи «Душанбинка» он қадар форам буд, ки ба эҷодкор илҳоми беандоза мебахшид. Кабӯтарон дар осмони мусаффо парвоз доштанд. Ба онҳо нигоҳ карда, маро ҳаваси парвоз меомад. Аҷаб манзараи зебо ва хотирмон буд.

Ногаҳон аз паси девор гурбаи сиёҳе башаст гузашт. Сарамро аз тиреза берун кардам ва ӯро ҷустам. Вале ӯ дур шуда буд. Аз тиреза дур рафта, дасту рӯямро шустам ва боз ба назди тиреза омадам. Манзараи зебо маро ба худ ҷалб мекард. Назар ба берун андохтам, ҳамон гурбаи сиёҳ берун буд. Бо диданаш шод шудам ва майдаи нон ба наздаш партофтам. Ӯ аз ман тарсиду фирор кард. Кабӯтарон майдаи нонро чида хӯрданд.

Ҳамон вақт ба ёдам гурбаи модаркалонам омад. Модаркалонам гурбаи сип-сиёҳе дошт. Худ бисёр хӯрок намехӯрд, чун дандонҳояш пӯсида рехта буданд. Вале бо сахтӣ ба гурбааш нон хоида медод. Барои ҳамин ҳам, гурба бисёр фарбеҳ буд. Рӯзи дароз дар берун мегашту аммо шаб ҳатман дар назди модаркалонам хоб мекард. Ӯ шояд медонист, ки модарам хонаро рӯбучин мекунад ва ӯ халал мерасонад. Агар бегоҳ дер меомад, модаркалонам хавотир мешуд. Ҳамчу фарзандаш дӯст медошт. Чун ҳама фарзандон бо ташвиши рӯзгори худ. Вале гурба ҳамроҳу ҳамнафасу ҳамрози модаркалонам буд.

Ҳар сол гурбаи модаркалонам панҷ-шаш гурбача таваллуд мекард. Онҳоро модаркалонам ба ёру дӯстон медод. Хурдсол будам, вале дар ёдам ҳаст. Вақте ки гурба таваллуд мекард, модаркалонам гурбаро болои тахти хоби худ мехобонид, гурбачаҳоро бошад, дар назди худ нигоҳ медошт. Вале онҳо мехостанд назди модарашон раванду ӯ намемонд ва ман ҳайрон мешудам. Мегуфт: «Ӯ низ модар аст, камтар истироҳат кунад».

Вақте ки модаркалонам ба меҳмонӣ мерафт, гурбааш хона намеомад, шояд аз мо метарсид. Садои пойи модаркалонам ба гӯш нарасида, ӯ пайдо мешуд. Чун кӯдаке, ки домани модарашро гирифта гиря мекунад. Ӯ низ ба пойи модаркалонам печзанон нола мекард. Шояд ин ба касе хандаовар буд, вале барои ман як дунёи дигар.

Рӯзе ба хонаамон дугонаи модаркалонам омад. Модаркалонам аз шодӣ аз ин сӯй ба он сӯй давон буд. Ҳар чизе, ки дошт, бо модарам пеши меҳмон бароварданд. Зани тоҷик меҳмондӯст, модарам се — чор хел хӯрок пухт. Онҳо ба ҳам аз худ мегуфтанду лаҳзаҳои ҷавонии худро ба ёд меоварданд. Ногаҳон аз дар гурба башаст даромад. Дар даҳонаш чизе овезон буд. Онҳо дод заданд: «Муш ­- муш!». Гурба аз тарс онро пеши модаркалонам партофт рафт. Вале он муш набуд, ӯ гурбача буд. Дере нагузашта ӯ сето гурбачаи дигар овад. Шодии модаркалонамро ҳадду канор набуд. Ӯ ҳамаи онҳоро ба сабадча андохт ва саргарми онҳо шуд. Дугонааш рафту ӯ бехабар монд. Ҳар чизе, ки ба гурба азиз буд, ба модаркалонам ҳам. Ба ӯ хеле меҳрубон буд.

Соли 2007, ки модаркалонам дар беморхона буд, гурбааш ба хона намеомад. Мо низ аҳамият намедодем. Вақте ки ба беморхона мерафтам, модаркалонам аз ман гурбаашро мепурсид. Ман бошам, «бале, дар хона аст» мегуфтам. Намехостам ӯро нороҳат кунам. Вале санаи 27-уми декабри соли 2007 модаркалонам нафасҳои охиринашро мекашид ва ӯро ба хона оварданд. Ҳама атрофи ӯ ҷамъ омада, гиря мекарданд. Ҳамон лаҳза гурбааш пайдо шуда омад. Ба ӯ нигоҳ кард. Модаркалонам ҳатто мадори сар ҷунбондан надошт. Ҳоли гурба шояд бад шуд, ки аз дард нола мекард. Аз ин парда ба он парда часпида, фарёд мекашид. Ҳамон лаҳза модаркалонам аз олам чашм пӯшид. Гурба бошад, бо сад ҷаҳон дард оҳиста-оҳиста қадам гузошта, баромада рафт. Ман дигар ӯро надидам. Вале модарам мегӯяд, ки «ӯ як-ду бор омад. Ба хона даромад, ҷои холии модаркалонатро дида рафт».

Баъди марги модаркалонам ҳар гурбаи сиёҳ еро, ки медидам, гумон мекардам шояд ин ҳамон гурба бошад. Вали вай набуд.

Аз ин воқеа чанд сол гузашт, вале дар ёди ман чун дирӯз аст. Ин воқеа ба ман чун дарси рӯзгор шуд. Бо ҳар ҳайвони хонагӣ меҳрубонона рафтор мекунам. Онҳо чун инсон қобиляти фикр кардан надошта бошанд ҳам, вале ҳис доранд. Худованди бахшанда меҳри инсонро аввал ба ҳайвон, баъд ба инсон месанҷад. Одамизод рӯзгорро бояд аз гузашта омӯзад. Чун устод Рӯдакӣ бе далел нагуфтааст:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Муҳаммадисо ЗАРХОРОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here