Баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ дар баробари бунёди иншооти бузурги тавлиди нерӯи барқ ба таҷдиди иншооти энергетикии мавҷудаи кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Аз ин лиҳоз, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад.

Мутобиқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби муҳандисону нозирони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он дар ҳамбастагӣ бо кормандони РВКД, ШВКД ва шабакаҳои барқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гуруҳҳои муштарак оид ба ташкил ва гузаронидани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ бобати истифодаи оқилонаву самараноки қувваи барқ, пардохти маблағи саривақтии истифодаи он ва қарзҳои дебиторӣ, инчунин пешгирӣ намудани сарфаи зиёди беҳудаву бемавқеъ, истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи ғайристандартӣ таъсис дода шуда, дар манзилҳои истиқомативу маҳаллаҳои аҳолинишин, муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳо ва ҷойҳои оммавӣ фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷумҳурӣ 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебарад. Гармшавии иқлим ва қариб 50 фоиз кам будани ҳаҷми боришоти барф, ки дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад, боиси он гардид, ки имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта бамаротиб кам гаштааст. Новобаста аз шартномаҳои байнидавлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли барқро ба Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон қатъ намуд, то мушкилоти фасли зимистони дарпешистода пешгирӣ карда шавад. Бо назардошти вазъияти баамаломада, ҳар як шаҳрванд, ҳар оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корҳонахо сарфи назар аз шакли моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи барқро таъмин намоянд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки муддати чанд соли охир тавассути ба истифода додани иншооти нави соҳаи энергетика мушкилиҳои мардум оид ба таъмин бо қувваи барқ осон гардида истодааст. Аз 14-уми январи соли 2017 маҳдудияти таъмини нерӯи барқ пурра бардошта шуд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ҳамчун роҳи паст кардани талафоти нерӯи барқ, ки пайваста сурат мегирад, дар асоси ҳадафҳои раҳоӣ аз буҳрони энергетикӣ натиҷаи пурсамар ба бор овард. Бино ба гуфти мутахассисони соҳа, истифодаи таҷҳизоти каммасраф сарфаи нерӯи барқро то панҷ маротиба кам мекунад. Бояд гуфт, ки ҷиҳати сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ҳанӯз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба имзо расида буд. Дар он аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади таъмини ҳарчи бештари аҳолӣ бо нерӯи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”. Ин иқдом дар доираи татбиқи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия амалӣ шуда, боиси коҳиш ёфтани ҳолатҳои садаманокӣ дар истгоҳҳои барқӣ ва кам гардидани серборӣ дар трансформатору дигар инфрасохтори интиқолдиҳандаи нерӯи барқ гардидааст. Гузаштан ба истифодаи ин таҷҳизот ҳам ба буҷети оила ва ҳам ба корхонаву ташкилот манфиатовар аст.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам шахсоне ёфт мешаванд, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ аз хатҳои барқӣ нерӯи барқ гирифта, сабаби сербории хату таҷҳизоти барқӣ ва талафоти нерӯи барқ мегарданд. Дар ҳоле, ки ҳам аҳолӣ ва ҳам корхонаю муассисаҳо барои гармидиҳӣ, кору хизматрасонӣ, рӯзгордорӣ асосан аз нерӯи барқ истифода мебаранд, ин амал беинсофист. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди кишварро мебояд дар истифодаи қувваи барқ саҳлангорӣ накарда, дар пардохти саривақтии маблағи истифодаи қувваи барқ масъулиятпазир бошад. Бо ин васила ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти нерӯи барқ масъулияти баланди шаҳрвандӣ зоҳир намуда, саҳми хешро мегузорем.

С. А. ТАИБОВ, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи А. Сино,

М. МУҲИДИНОВА, мутахассиси шуъба иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи А. Сино

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here