Туризм дар нимаи дуюми асри ХХ ва нимаи аввали асри ХХI ба яке аз самтҳои афзалиятноки иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии аксарияти кишварҳо ва минтақаҳои олам табдил ёфт. Саноати туристӣ бошад, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи таркиби иқтисодиёт ва фаъолияти иҷтимоии бештари аҳолии олам гардид.
Гарчанде захираҳои туристӣ дар ҳудудҳое ҷойгиранд, ки аз лиҳози саноатӣ ва кишоварзӣ ғайри қобили истифодаанд, вале маҳз ҳамин ҳол туристонро ба худ ҷалб менамуд. Туризм ба зерсохтори асосии таркиби хоҷагии миллии мамлакатҳо табдил ёфт. Афзуншавии талаботи аҳолии олам ба туризм боис гашт, ки ин соҳа ба яке аз соҳаҳои сердаромад ва рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёбад. Гузашта аз ин, рушди туризм боис мегардад, ки мавзеъҳои ташкилкунандаи фаъолияти туристӣ вобаста ба афзоиши муштариён бештар инкишоф ёфта, ҳолати табиӣ хубтар нигоҳ дошта шуда, ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё карда шаванд. Агар дар соҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ сарватҳои табиӣ ба нобудшавӣ оварда шаванд, дар туризм ин ҳолат баръакс аст. Дар натиҷа самаранокии иқтисоди миллии мамлакатҳо афзун мегардад.
Фарҳанг асоси бавуҷудоии раванди инкишоф, нигоҳдорӣ, устувории истиқлолият ва худшиносию худогоҳии аксари халқияту миллатҳои дунё ба ҳисоб меравад. Мутобиқати комили роҳҳои таърихии таҳаввулоти фарҳанг ва туризм умумияти усулҳои нигариши рушди минбаъдаи онҳоро муайян намудааст. Дар аксар кишварҳои ҷаҳон раванди демократизатсияи фарҳанг ва туризм инкишоф меёбад, ки он давра ба давра ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърих, фарҳанг, урфу одат ва анъаноти хоса дар ин миён дар канор буда наметавонад. Ҳунарҳои анъанавии мардумӣ ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги анъанавӣ дар тамаддуни башарият мавқеи хоса касб кардаанд. Ҳунарҳои анъанавии мардумӣ ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги асили миллӣ буда, ҳамчун объекти таваҷҷуҳи сайёҳон маълуму машҳур гардидаанд.
Бешубҳа, ҳунарҳои анъанавии мардумӣ ҳамчун таркиботи асосии фарҳанги тоҷикон яке аз муҳимтарин усулҳои омӯзишу таҳқиқ ва беҳдошти анъанаҳои мардумӣ мебошад. Бисёре аз намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ муаррифигари асосии минтақаҳои гуногуни мамлакат, рамзи миллии инъикоскунандаи фарҳанги хос ва фардият дар эҷоди маҳсули ҳунар мебошанд.
Миёни сайёҳон маҳсули ҳунарҳои анъанавии мардумӣ, аз қабили ҷӯробҳо, кӯзачаҳо ва бозичаҳои аз гил тайёркардашуда, маҳсулоти адрасу атлас, армуғонҳои аз чӯб кандакоришуда, маҳсулоти заргарӣ, тоқиҳо, кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, табақу қошуқи чӯбӣ, сабадбофӣ ва амсоли онҳо маъруфияти бештар пайдо кардаанд.
Бо дарки ин маънӣ ва аҳамияти аз ҳарвақта бештари маҳсули ҳунарҳои анъанавии мардумӣ барои пешрафти зиндагонӣ ва ҷалби меҳмонони хориҷӣ ба кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.
Имрӯз ҳунармандони мардумӣ аҳамияти эҳё ва рушди намунаҳои ҳунари дастии худро ба хубӣ эҳсос намуда, ҷиҳати такмил ва тақвияти он кӯшиш намуда истодаанд. Ин раванд дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо эҳё ва такмили ҳунари чакандӯзӣ ва тоқибофӣ, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо ҷуроббофӣ, созтарошӣ, намадрезӣ, дар вилояти Суғд бо заргарию кулолгарӣ ва чӯбкорӣ, дар водии Рашт бо табақтарошӣ ва гулдӯзӣ, дар минтақаҳои марказии ҷумҳурӣ бо кулолгарӣ, зардӯзӣ, заргарӣ ба хубӣ эҳсос мегардад. Дар ин баробар, дар тамоми гӯшаву канори мамлакат марказҳои намоиш ва коркарди маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ бунёд ёфта, ба фаъолият шуруъ карда истодаанд.
Муҳимтар аз ҳама, раванди эҳёи анъанаҳои ҳунармандӣ омили таъмини сокинони мамлакат бо ҷойҳои нави корӣ мебошад. Зеро, дар ҳоли афзоиши бемайлони ташрифоварии саёҳон ба Тоҷикистон эҳтиёҷ ба маҳсули ҳунарҳои анъанавии мардумӣ зиёд гардида, зарурати ривоҷ додани истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба миён меояд. Дар ин ҳол, ҳунармандони мамлакатро зарурати ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши нозукиҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва ба равандҳои истеҳсолот ворид намудани онҳо пеш меояд.
Яке аз заминаҳои раванди эҳё ва рушди бомароми ҳунарҳои анъанавии мардумӣ — ин коркарди маҷмӯи тадбирҳо оид ба рушди санъати косибии анъанавӣ мебошад. Ин имконият медиҳад, ки ҳунарҳои анъанавии мардумӣ ва мавзеъҳои зисти ҳунармандон ва коргоҳҳои ҳунарии онҳо ҳангоми ташкили хатсайрҳои саёҳӣ ҳамчун ҷойҳои барои сайёҳон ҷолиб васеъ истифода карда шаванд. Ҷолибияти ҳунарҳои анъанавии мардумӣ барои сайёҳон дар он зоҳир мегардад, ки он ифодагари анъанаҳои фарҳанги асили мардумӣ мебошад. Ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ба коргоҳҳои ҳунармандон ва бо технологияи коркарди маҳсулоти ҳунарӣ ошно намудани онҳо имрӯз маъруфияти бештар касб кардааст. Дар ҳоли коркарди ин гуна хатсайрҳо кӯшиш бар он бояд кард, ки сайёҳон дар як вақт аз шумори зиёди ҳунарҳои анъанавии мардумӣ дидан кунанд ва бо равандҳои истеҳсолотии ҳунарҳо, рӯзгору зиндагии ҳунармандон, урфу одат ва анъаноти онҳо аз наздик ошноӣ пайдо кунанд.
Яке аз шаклҳои маъмули ташкили фароғату истироҳати сайёҳон — ин таъмини иштироки онҳо дар равандҳои эҷодию истеҳсолотии маҳсули ҳунарҳои анъанавии мардумӣ мебошад. Таваҷҷуҳи сайёҳонро на танҳо маҳсули ҳунарҳои то имрӯз ҳифзгардида, балки намунаи ҳунарҳое, ки то ҳол мавриди истифодаи мардум қарор доранд, аз ҷумла либосҳои атласу адрасу чакан, тоқиҳо, кӯзаҳо, табақу қошуқи чӯбин, сутунҳои кандакорӣ ва гаҷкоришуда, гӯшвору дастпонаҳои нуқрагин, зарфҳои мисин, ки то ба имрӯз мавриди истифодаи умум қарор доранд, ба худ ҷалб месозанд. Сайёҳон на танҳо аз дидани раванди эҷод ва истеҳсоли маҳсули ин ҳунарҳо, балки аз раванди истифодаи онҳо дар зиндагию рӯзгори ҳамешагии сокинон лаззат бурда, ҳатто майли харидорӣ кардан аз онҳоро пайдо мекунанд.
Мирзошо ДАВЛАТОВ,
директори МТМУ №47, деҳаи Марғак, ҷамоати Сағирдашт, ноҳияи Дарвоз