Ҳаёти инсон мисли як достон аст. Аз муқаддима, бобҳо ва хотима иборат  буда, беҳтарин боби ин достон албатта кӯдакист. Айёме, ки нишастану ба по хестан ва хандиданро меомӯзем. Дар достони ҳар як шахс мутмаинан қаҳрамоне ҳаст, ки аз саҳифаҳои аввалин сар карда, то ба охир ҳамроҳи қаҳрамони асосист. Ҳам дар ҷанг, ҳам дар сулҳу оштӣ.

Вақте ки саҳифаҳои аввали китоби хешро варақ мезадам, хотираи кӯчаке диққати маро ҷалб кард. Ҳамавақт бо ёди ин хотира дар кадом ҳолате, ки набошад, хоҳу нохоҳ табассум мекунам. Дар хурдиам аробачаи кӯдаконаи сабз доштам, ки онро хеле дӯст медоштам. Ману додарам мудом ба он савор мешудем. Он қаҳрамон бошад, ҳама вақт маро савор карда, ба сайругашт мебурд. Намегузошт лаҳзае мо ғамгин шавем. Бисёр дӯст дорам он лаҳзаҳоро. Мехоҳам бори дигар кӯдак шаваму он лаҳзаҳо аз сари нав такрор ёбанд. Қаҳрамони зиндагиамро пайваста дар назди худ бинам. Ҳама хулқу атворамро шабеҳи ӯ намоям, зеро дар зиндагии ман саҳми беандоза дорад.

Ёд дорам, ки гоҳо аз ман хоҳише менамуд, вале ман чун ғарқи хаёлу руъёҳои дунёи кӯдакии хеш будам, ба он хоҳишҳо эътибор намедодам. Аммо ӯ чун бузургон рафтор менамуд, яъне нисбатам ягон зарра эҳсоси ранҷиш ва ё шикваву сарзаниш намекард. Ӯ боз ҳам ҳар лаҳза дар канорам буд.

Вақте ба камол расидаму ба гирифтани унвони донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шарафёб гаштам, зиёд хушҳолу болидаруҳ гардида буд. Ҳатто бештар аз ман, чун замони супоридани маблағи шартномаи донишгоҳ фаро расид, қудрате пайдо накардам, ки ҷумла мушкилоти оилаамро сарфи назар намояму аз онҳо талаби пул кунам. Дар ин лаҳзаҳои ҳаётам интизори наҷотбахшандае будам. Бале, боз ҳам ӯро ёфтам. Дар ин лаҳза низ ӯ буд фариштаи наҷоти ман. Ӯ буд, ки боз ҳам сарбаландам кард ва аз дастам дошту ҷониби амалӣ намудани орзуҳоям равонам кард.

… Ӯ бароям дӯстеро мемонад, ки беҳтарину қиматтарин ва наздиктарину қаринтарин аст ба ҷон. Ӯ ҳаст, ки устуворона гом мегузорам сӯйи хушбахтиҳо ва сарбаландона назар медӯзам сӯйи бадбахтиҳо, зеро итминон дорам, ки дар пушт фариштае ҳамеша маро муҳофизат мекунад.

Ин фариштаи муҳофизу мубориз, ин дӯсти қарибу қарин бародари ягонаам мебошад, ки имрӯз ҷашни мубораки мавлуд дорад. Наметавонам бигӯям, ки беҳтарин суханҳоро тақдимаш месозам, зеро ҷуръати тасвиру тавсифи ҷумла меҳрубониҳояшро надорам ва назди илтифоташ оҷизам. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки бародарам, ман зиёд ифтихормандам, ки мо бо ҳам ҳамхуну ҳамҷону ҳамдилем. Пас, эй пораи ҷони ман, рӯзи таваллуд, рӯзи аз ҷониби Худованд бар мо эҳдо гардиданат муборак бошад! Бигзор ҳамеша саломату саодатманд бимонӣ дар барам, эй бародараму тоҷи сарам! Ҳастӣ, ки сарбаландам, ҳастӣ, ки фараҳманду хушҳолам!

Ҷашни 26-солагиат хуҷаста бод, бародарам!

Парвиз АСАДУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here